ЗАН – ФАРИШТАИ ХОНА

Дар вазъе, ки як шоҳбайти Ҳофизи малакутӣ:

Насиҳат гӯш кун ҷоно, ки аз ҷон дӯсттар доранд,
Ҷавонони саодатманд панди пири доноро...

паси гӯшамон садо медиҳад, ба Назирахонум Маҳматова, аввалин муаллимаи маълумоти олинок аз ноҳияи Сӯх, ки ҳоло давлати пирӣ меронад, рӯй меорем:
– Маслиҳати Шумо ба духтароне, ки дар остонаи ҳаёти мустақилонаанд?
– Баногоҳ ҳис мекунед, ки дар ҳаётатон давраи нав оғоз меёбад. Давраи гуворо, беғубор, афсонамонанд. Дилҳо лабрези умед ва орзуҳои наҷиб. Чунин мерасад ба назар, ки мӯъҷизае рӯй дода, ҳамин ҳоло аз кишваре ба кишвари дигар, аз сайёрае ба сайёраи дигар сафар мекунед.
Ҳаёте, ки дар ҷои нав мунтазири шумост, бо асрорангезиаш дилатонро ба ҳаяҷон меоварад.
Вале дар пеши назаратон як пардаи мавҳумӣ.
Чӣ пешомаде марост, аз дил мегузаронед шумо...
Зан сарчашмаи ҳаёт, асоси зиндагист, давомдиҳандаи насл аст. Барои ҳамин бояд аз давраи духтарӣ тайёрӣ дид, масъулият ҳис кард. Барои дар ҳамин бобат амиқ ба фикр рафтан ва хулосаҳои даркорӣ баровардан даврае, ки духтар қадрас мегардад, аҳамияти махсус касб менамояд.
Мақоли «дар тани солим – ақли солим» бароятон ошност. Беҳуда ин тавр нагуфтаанд.
Танҳо духтаре, ки солим аст, зане, ки солим аст, ба миллат фарзанди солим ҳадя карда метавонад. Барои ҳамин ҳам чӣ дар оила ва чӣ дар муассисаҳои таълимӣ-тарбиявӣ ба ривоҷи ҷисмонию маънавии фарзандон аҳамияти муҳим медиҳанд.
Дигар, ин давр давраи интихобҳост. Кас соҳиби кадом касб шуданро фикр мекунад. Интихоби дуюм низ басо муҳим – он интихоби ҳамсар, ки ба маъние ҳаётатон дар дасти ӯст. Ин ду интихоб аз бисёр ҷиҳат оянда  чӣ хел инсон, чӣ хел зан, чӣ гуна ёр ва соҳибхона шудани шуморо муайян менамояд. Саодати шуморо ҳам...
Бахт, воқеан, инъоми илоҳист. Тақдир, пешонӣ... Вале бахти ҳар кас дар дасти худи ӯст, ҳам гӯянд, ки беҳикмат нест. Барои бахтнок шудан, аз ин маънӣ, дар ҷавонӣ, дар арафаи ҳаёти мустақилона бояд замина гузошт. Мақоли мардумии шарафро аз ҷавонӣ бояд нигоҳ дошт, аз ҳамин маънист.
– Писар ва духтар, ки ба балоғат расид, дар бораи ҳаёти оянда, бахти оилавии худ бисёр фикр мекунад. Дар кадом давраи умр ба ҳам муҳаббат бастани ҷинсҳои муқобил муҳим ва маъқултар?
– Муҳаббат ногаҳон меояд, ба давр ва фаслҳои умр нигоҳ намекунад. Дар наврасӣ ҳам дӯст доштан мумкин. Вале муҳаббате, ки баъди  ба балоғат расидани писар ва духтар тавлид ёфт, устувортар аст.
Воқеан, барои тавлиди муҳаббати ҳақиқӣ ҷисмонан болиғии писар ё духтар кифоя намекунад. Камолоти маънавӣ низ зарур.
– Барои зан, барои модар чӣ аз ҳама муқаддамтар аст? Ё худ беҳтарин сифати бонувон? 
– Барои зан, барои модар аз ҳама муқаддам ва муқаддастар – оила, хидмати шавҳар, якҷоя бо ӯ фарзанд тарбия намудан. Беҳтарин сифати зан бошад, тавре соҳибхирадон таъкид сохтаанд, малоҳат ва меҳнатдӯстист. Зан оташ асту оташдор. Нур аст. Чароғи хонадон аст. Албатта, шавҳари хуб низ бояд бикӯшад, ки чароғи хонадонро эҳтиёт кунад – бо сабаб ё бесабаб дили нозуки ӯ хира насозад, табъаш наозорад, то хонааш ҳамешагӣ равшан, бахосияту бошарофат бошад. Хушлафзӣ, муомила ва муносибати самимӣ, «шумову лаббай»-и дуҷонибаро танҳо зани ҳушманд ва хуштадбир дар оила таъмин карда метавонад.
– Ҳусни ботинии бонувон?
– Албатта, сирати зебои онҳо бо перояи шарму ҳаё ороста шуда. Ба ақидаи Фаридуни Санҷарӣ, он хислати гаронбаҳое, ки занонро дар баробари мардон зебо ва пуршукӯҳ ҷилва медиҳад, покдоманӣ ва иффат аст.
– Гуфтаниед, тавъамии сурат ва сирати хуб бисёр зарур?
– Албатта. Хуб мешуд ҷавононамон, хоссатан духтарон, ҳам ба сурат, ҳам ба сират ва дар ҳама ҳолат зебо бошанд.
Духтари зебо, вале беҳаёро, охир, чӣ арзише?
Шоир фармудааст:
Сурататро чӣ кунам, гар ту надорӣ сират,
Ки ба як ҷав нахарам сурати бемаъниро.

Умуман, мафҳуми сират ҳамоҳанг бо мафҳумҳои шараф ва номус пурасрору мураккаб мебошад.
– Мегӯянд, ҳаёт мубориза аст. Инро чӣ хел бояд фаҳмид?
– Мубориза дар ин ҷо ба маънии ҳаракат, ҷидду ҷаҳд, саъю кӯшиши ҳамешагӣ барои расидан ба мақсад, ба даст овардани дурри матлаб, муваффақ шудан ба рӯз ва рӯзгори боз ҳам беҳтару накӯтар мебошад.
Боз як маънои мубориза – асло ноумед нашудан, рӯҳафтода нагаштан. Аз ноумедиҳо басо умед аст, поёни шаби сиёҳ сафед аст, гуфтаанд бузургворон. Бардошт бояд. Набояд дилшикаста ва пажмурда буд. Баъзе беиродаҳо баъди нобарорӣ чун нишонаи эътироз ба ҷони худ қасд менамоянд. Худсӯзӣ ё худкушӣ магар мубориза аст? 
– Муборизаи донишандӯзону ҳунарҷӯён дар чӣ зуҳур меёбад?
– Албатта, дар зӯр зада хондан, ба ҷону ҳоли дафтару китоб, устодон, устоҳои таълимию мураббиён нагузошта, ҳамарӯза ва ҳамасоата аз онҳо чизе рӯёндан. Биҷӯеду бихонеду бифаҳмеду бидонед!
– Зан – модар, зан – маҳбуба, зан – фариштаи хона. Мард-чӣ?
– Мард – сутуни хонадон. Мард – рӯи сурхи фарзандон. Мард – мадори дил, шуҷоати рӯҳ, сари баланд ва обрӯю эътибори зан.
– Дар бораи ҳаё ва ибо бисёр гуфтаву навиштаанд. Бо вуҷуди ҳамин шарҳ медодед – ҳаё чӣ аст?
– Ҳаё синоними калимаи шарм. Номус низ ба ҳамин маънӣ. Гурехтан аз коре, ки ноҷоиз аст, ҳаёст.
– Муҳимтарин нишони инсонгарӣ ё худ беҳтарин фазилати одамӣ?
– Ахлоқ. Бузургмардони олами илм ва адаб ахлоқро ба дараҷаи аввал гузоштаанд. Насаб, илм, донишмандӣ дар назди ахлоқ чизи дуюмдараҷаанд, ки дар ин бобат бисёр гуфтаву навиштаанд.
– Гоҳо зан ва шавҳар дар гумони онанд, ки бахт надоранд. Ба таври худ онро ҷӯё шуда, худро ба кӯча мезананд.
– Хуб мешуд, ки зан ва шавҳар бахтро аз ҷои дигар не, аз хонадони худ меҷустанд. Бузургворон ба ин маънӣ фармудаанд, ки бахтро аз остонаи касҳои дигар ҷустан аввалин нишонаи бадбахтист.

Ҳамсуҳбат Ш. МУҲАММАД.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: