РАВҒАНҲОИ ФОИДАБАХШ БАРОИ ПАРВАРИШИ МӮЙ, АБРӮ ВА МИҶГОН

Асрҳо инҷониб табибон равғани гиёҳҳои шифобахшро дар табобат истифода бурдаанд.

Яке барои мустаҳкамсозӣ ва нарезондани мӯй, дигаре барои ҷилобахшии он ва барои абрӯву миҷгон муфид. Имрӯз аз даҳҳо намуди моддаҳои шустушӯйӣ истифода мебарем. Баъзеи онҳо ба мӯй, абрӯ ва миҷгони мо осеб мерасонанд, онҳоро мерезонанд, мешикананд, қазғоқдор мекунанд.
Аз ҳама беҳтараш истифода аз равғани растаниҳои табиӣ  аст.
Растании канакунҷитро ҳама медонад, равғани ин растаниро ба мӯй, миҷгон ва абрӯ молед, рехтани онҳо қатъ мегардад.
***
Равғани шафтолу низ мӯйро мустаҳкам мекунад, аз рехтан бозмедорад. Равғанро ба сар молида бо шонаи чӯбин ҳамвор кунед. Беҳуда момоҳои мо аз шонаи чӯбин истифода набурдаанд, чунки он  баробари ҳамвор кардани мӯй, ба сар оромӣ мебахшад, аз дарди сар халос мекунад.
***
200 мл. равғани бодом бо як дона ампулаи витамини В-12 омехта ба абрӯву миҷгон молида шавад, онҳоро дароз ва аз рехтан нигоҳ медорад. Онро ҳафтае ду маротиба такрор бояд кард.
***
Равғани пудина (ҳулбӯй) бо асал омехта ба бехи мӯй молида шавад, онҳоро серҷило ва мустаҳкам мекунад. Аз бедорхобӣ ва асабӣ шудан раҳо мекунад, чунки ҳулбӯй хусусияти оромкунанда дорад.
***
250 мл. равғани зайтун, 2-3 чакра оби лимӯ, ним пиёла ҷурғот, 2 дона зардии тухмро омехта, дар ҳолати хушк будани мӯй молида шавад, нахи мӯй мустаҳкам мегардад.
***
Як пиёла ӯсмаи хушкро бо равғани ягон намуди растанӣ омехта, 10 рӯз дар зарфи даҳонпӯшида гузошта, баъд аз дока гузаронда, ба сар молида шавад, мӯйҳои сафедшударо то дер сиёҳ нигоҳ медорад. Ӯсмаро момоёни мо барои мустаҳкам кардани мӯй, абрӯ ва миҷгон ба таври васеъ истифода бурдаанд.

Тавсияи косметолог Нигина АҲМЕДОВА.   
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: