ЗОДАИ НАСАФ, ПАРВАРДАИ БУХОРО

Шоири классики садаи XVII форс-тоҷик Миробид Сайидои Насафӣ дар шаҳри бостонии Насаф (Қаршии имрӯза) дида ба дунё кушода, дар Бухоро ба камол расидааст.

Тазкиранависон ва адибони замонаш ӯро аз дурахшонтарин ситораҳои осмони назми қарни XVII Мовароуннаҳр қаламдод кардаанд.
Дар адабиёти классикии форс-тоҷик се сабк: хуросонӣ, ироқӣ ва ҳиндӣ мавҷуд аст. Сайидои Насафӣ, мисли Соиби Табрезӣ ва Калими Кошонӣ аз намояндагони сабки ҳиндии миёна аст. Яъне, чун дигар намояндаи сабки ҳиндӣ – Бедил печидагӯ нест, кӯҳу кӯтали роҳи хаёлу андешаҳояш камтаранд. Агар Бедил дар осмони ҳафтуми сабки ҳиндӣ қарор дошта бошад, Соибу Калим ва Сайидо дар қабатҳои поёнтари он хома рондаанд. Сайидо низ мисли Бедил аз муътақидони Соибу Калим будааст. Мухаммасҳои зиёди ӯ бар ғазалҳои Соиби Табрезӣ далели ин гуфтаанд.
Сайидоро нахустин бор устод Садриддин Айнӣ (бо се ғазал ва се маснавиаш) тавассути «Намунаи адабиёти тоҷик» бо хонандагон ошно намудааст. Дертар адабиётшиносон Холиқ Мирзозода, Г. Птитсин, академик А. Мирзоев доир ба ҳаёт ва эҷодиёти  ӯ тадқиқот анҷом додаанд.
Бино ба маълумоти пажӯҳишгарон дар китобхонаҳои шаҳрҳои Тошканд, Бухоро, Душанбе ва Санкт-Петербург 11 нусхаи девони Сайидо мавҷуд аст.
Бузургии Сайидо дар чист? Аксарияти шоирони классик дар ғазалиёти хеш байтҳои фахрия доранд, ки то ҷое аз иқтидори  онҳо дарак медиҳанд. Мисолан, Хоҷа Ҳофиз фармудааст:
Ғазал гуфтию дур суфтӣ, биёву хуш бихон, Ҳофиз,
Ки бар назми ту афшонад фалак иқди Сурайёро.
Байти фахрияи зерини Сайидои Насафӣ низ дар маҷоли сухангустарӣ то ҷое бозгӯйи тавону истеъдоди ӯянд: 
Ба мулки Исфаҳону Ҳинд мехонанд ашъорам,
Зи Туркистонаму ҳаргиз надорам эътибор ин ҷо.  
Корбурди хеле дақиқу бамавриди санъатҳои бадеӣ: таҷнису ташхис, киноя, талмеҳ ва ташбеҳу истиора ба таъсири сухани ин шоири рангинхаёл афзудаанд. Имтиёзи Сайидо аз  баъзе салафони хеш дар он аст, ки ғазалро заминитар кард, дар ин жанри шеърӣ зиндагии воқеӣ, дард ва ҳолатҳои равонии  инсонро  ворид карда тавонистааст. Як мисол:
Дар ин гулшан димоғам хушк шуд аз бӯйи навмедӣ,
Кашидам ғунчаосо дар гиребон шомаи худро.
Дар ин байт  як ҳодисаи табиат (ташхис): ғунчаосо шомаи худро (бинӣ) мисли ғунча ба гиребон кашидан ба ҳолати равонии қаҳрамони лирикӣ: дар ин гулшан (киноя аз дунё) хушк шудани димоғ аз буйи навмедӣ, рӯшанӣ андохтааст. Ин гуна мисолҳоро метавон бисёр овард. Вале бими он дорем, ки сухан ба дарозо мекашад. Бигузор, хонандагони нуктасанҷ аз ду ғазали пурбадеъ ва дилраси ӯ, ки барояшон пешниҳод мегарданд, худ ба қудрату салиқаи сухангустарии ҳамватани мо баҳо диҳанд.

 Бахши адабиёт ва ҳунар  

Нафси саркашро мусаххар ақли пуртадбир кард,
Саг чу шуд девона, ӯро метавон занҷир кард.
Бе мураббӣ зери гардун муътабар натвон шудан,
Моҳи навро рафта–рафта чарх оламгир кард.
Бо бузургони ҷаҳон густох будан хуб нест,
Охир ин беиззатӣ бар Кӯҳкан таъсир кард.
Бе ибо натвон ба базми тундхӯён по ниҳод,
Бе муҳобо такя натвон бар дами шамшер кард.
То ба пойи хум нарафтам, соғарам ёрӣ надод,
Дастгирӣ бо мани афтода рӯҳи пир кард.
Мераванд аҳли тамаъ дар базмҳо девонавор,
Метавон дарҳои меҳмонхонаро занҷир кард.
Қомати хилватнишинон мекунад кори камон,
Метавон мисвоки зоҳидро нишони тир кард.
Водии девонагӣ ҷойи фароғат будааст,
Хоби роҳат  пой то дар хонаи занҷир кард.
Сайидо, ризқи ҳунарвар мерасад дархӯрди кор,
Рузии Фарҳодро гардун зи ҷӯйи шир кард.

***
Гар ба тавфи хокам он ошиқнавоз ояд бурун,
Аз сари  хокам ба ҷойи сабза ноз ояд бурун.
Рафт сӯйи хонаи худ ёру ман то рӯзи ҳашр,
Менишинам бо умеди он, ки боз ояд бурун.
Кори хурдон аз бузургон зуд мегирад ривоҷ,
Шиша аз пеши хуми май сарфароз ояд бурун.
Гар ғамаш аз ноз бигзорад қадам дар синаам,
Ҷон ба истиқболи ӯ бо сад ниёз ояд бурун.
Бастаам дар хидмати зулфаш камар чун Сайидо,
Хизр кай аз фикри ин умри дароз ояд бурун.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: