Ҳикматҳо

Ростгӯӣ амонат аст, дурӯғгӯӣ хиёнат.

***
Дар рӯзҳои гарон сабр кун, дар рӯзҳои хуш шукр.
***
Хатти тақдир аст берун аз ғалат,
Аз ғалат холӣ набошад ҳеҷ хат.
***
Шиква кушандаи шукрона аст.
***
Шиквагарро қашшоқӣ пешвоз мегирад.
***
Хубон ҳам, ростгӯён ҳам ҷаннатӣ ҳастанд.
***
Нони шиквагар ҳамеша нима аст.
***
Тозиёнае, ки ба аспи хуб мерасад, нола мекашад.
***
Оташ ҳезумро мехӯрад, ҳасад соҳибашро.
***
Ҳайвони хонадон – балогардон.
***
Мол дорӣ – ҷон дорӣ.
***
Мор барин оқил, мусича барин беозор бояд буд.
***
Духтарро занӣ,  модаратро задагӣ барин мешавӣ.
***
Ният аз амал беҳтар аст.
***
Арча мисли зани бепушт аст: ҳусн дораду мева не.
***
Сӯзан зинати дасти зан аст.
***
Хоҳӣ, ки аз назари мардум монӣ, мутакаббир бош.

Ҳамидҷон ҲОМИДӢ.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: