ДАР РАСТАИ ҲУНАРМАНДОН

Халқи мо аз замонҳои хеле қадим бо ҳунарҳои гуногуни дастӣ, мисли наққошӣ, кандакорӣ, зардӯзӣ, хонасозӣ, заргарӣ, ҳаккокӣ (дар филизу санг),сухангустарӣ ва дигар анвои ҳунар иртиботи ногусастанӣ дошт.

Бозёфтҳои бостоншиносон ва номи гузарҳои шаҳрҳои бостонӣ – Самарқанду Бухоро, Хеваю Хуқанд, Тошканду Хуҷанд, Тирмизу Истаравшан, Риштону Кӯлоб... мисли Сӯзангарон, Баққолон, Заргарон, Телпакдӯзон, Кордсозон, Бофандагон, Гаҳворасозон... далели ин гуфтаанд. Шоирони қадими мо бо абёти мондагори хеш, мисли «Дар ҳунар кӯш, к-аз ҳунармандӣ, даркушоӣ кунӣ, на дарбандӣ» насли ҷавонро ба омӯхтани касбу ҳунар даъват намудаанд.Воқеан, ҳунари асил ба қадру қимати инсон меафзояд.
Баъди ба истиқлолият расидани кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Ӯзбекистони офтобрӯя, ба эҳёи арзишҳои миллӣ ва ҳунармандию соҳибкорӣ рӯйи эътибор гардонда шуд.
Агар гузоратон ба бозори «Чорсӯ»-и пойтахт афтад, канортар аз он ба дӯконҳои қуббадори навсохт рӯ ба рӯ меоед, ки онро метавон «Гузари ҳунармандон» номид. Чанде қабл дар ин гузар будам. Маҳсули тахайюли ҳунармандони  моҳир маро хаёлан ба гузаштаҳои дуру наздики халқи донишу ҳунарписандамон пайваст. Тамошои ашёи ба маъраз гузошта бори дигар собит намуданд, ки тоҷикону ӯзбекон дар бахши ҳунар низ муштаракоти зиёде доранд. Растаи мазкур намоишгоҳи ҳунарҳои дастиро мемонд. Дар ин «намоишгоҳ» ҳамаи ашёи муҳими рӯзгор, аз досу каланд шурӯъ карда, то гаҳвораю алвончак ва сутуну дарҳои манқуш (нақшин) ба назар мерасид. Занони ҳунарманд низ сӯзаниву гулдӯзӣ ва кӯрпаю болинҳои худро ба маъраз гузошта буданд.
Дар байни ашёҳо диққати инҷонибро гаҳвораҳои  миллӣ, ки орои наву замонавӣ доштанд, ҷалб намуд. Тамошои онҳо олами кӯдакию наврасиро ба ёд овард. Дар як гаҳвора мо ҳафт нафар бузург шуда будем. Вақте модарам тифлонашро дар гаҳвора мебаст, бо завқе саршор даставвал ин байтро ба забон меовард:
Ақлу ҳушаш гаҳвора,
Хоби хушаш гаҳвора...
Сипас суруди «Алла»-ашро мегуфт, ки ин сатрҳояш дар ёд мондааст:
Калон шавӣ, аллаё,
Пурдон шавӣ, аллаё.
Пулёб шавӣ, аллаё,
Дилёб шавӣ, аллаё.
Ба фикрам, имрӯз аксарияти модарони ҷавон суруди ҷонбахши «Алла»-ро аз ёд бурдаанд.
Нимаҳои шаб, вақте бедор мешудам, медидам, ки модарам сар ба тири гаҳвора ниҳода хобаш бурдааст. Дилам ба бедорхобиҳояш месӯхт.
Тобистоне як зани рус бо хоҳиши падарам ба таъмири хонаамон пардохт. Садои додари яксолаам, ки хоҳарам ба ӯ нигоҳубин мекард, яке баланд шуд. Навозишу дӯстдориҳо асар намекард. Модарам пистон ба даҳонаш ниҳоду баъди фурсате ба тахт кардани гаҳвора сар кард. Сипас тифлро дар гаҳвора хобонду бо парпеч дасту пояшро маҳкам баст. Табиист, ки дар ин ҳангом садои гиряи кӯдак баландтар мешавад. Зани рус бо таҳайюр даст ба гиребон бурда, гуфт: «Ин зан чӣ кор мекунад? Чаро дасту пойи кӯдакро маҳкам баст? Ба ҳоли худ гузоред, ки озод дасту по занад!...»
Модарам ба суханони ӯ аҳамият надод. Зеро нек медонист, ки ҳафт пушташ дар гаҳвора беосеб бузург шудааст.
Маданиятҳо, дар баробари ба ғановати якдигар афзудан, таъсири манфӣ низ доштаанд. Камина он рӯзгор ба гаҳвораи тоҷикӣ аз  дидгоҳи зани рус нигариста, натиҷа гирифта будам, ки мо воқеан ҷоҳилем. Аз хурдсолӣ ба ғуломвор зистани фарзандон замина фароҳам меоварем, хилофи қоидаҳои тиб дасту пояшонро дар гаҳвора маҳкам мебандем, иҷборӣ суннатӣ мекунем...
Вале  дар муқоиса имрӯз амиқ дарк менамоям, ки гаҳвораи тоҷикию ӯзбекӣ нисбат ба гаҳвораҳои русию аврупоӣ бартариҳои зиёде дорад. Бастани дасту пойи тифл дар гаҳвора имкон медиҳад, ки устухонҳои ӯ дуруст инкишоф ёбанд. Пешобу ахлоти кӯдак тавассути сумак ба тубак, ки дар васати гаҳвора қарор дорад, мерезад. Таҷриба нишон медиҳад, ки  ҷойгоҳи кӯдак бар асари шошидан тар шавад,  ноором мегардад, новақт аз хоб бедор мешавад. Агар дасту пояш озод бошад, шояд либосу рахти хобашро бештар олуда созад... 
Бехабар аз он ки тамоми шоҳону сарлашкарон ва шоирону олимони бузурги мо: Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ибни Сино, Умари Хайём, Абӯрайҳони Берунӣ, Мирзо Улуғбек, Носири Хусрав, Ҷалолуддини Балхии Румӣ, Сайидо, Соиб, Бедил, Абдураҳмони Ҷомӣ, Навоӣ, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ ва садҳо тани дигар дар гаҳвораи миллӣ бузург шудаанд, инҷониб замоне ба он аз дидгоҳи зани рус нигариста хато карда будаам.
Маданияти бегона тӯли чанд даҳсола таъсири худро гузошт. Ҳоло дар шаҳрҳои бузурги Осиёи Марказӣ ва қисман дар деҳот, ба хотири «хоби озоду бароҳат доштан» аксарияти оилаҳои ҷавону ноҷавон тифлони худро дар гаҳвораи бобоӣ намебанданд. Оё ин маънии аз анъанаву арзишҳои миллӣ дур шуданро надорад? Чунин ба назар мерасад, ки мо тавассути РАО, хоссатан телевизион, ки имкониятҳои васеъ дорад, ба тарғибу ташвиқи беҳтарин анъанаву арзишҳои миллиамон ба таври бояду шояд эътибор  намедиҳем. Аммо дар тарғиби «памперс»  ва «фатта» (либоси арӯсии аврупоӣ) барин навгониҳо пештозем...
– Барои набераҳо харидорӣ мекунед? – гуфтани ҷавонзане маро аз олами андешаҳо берун овард.
– Ин гаҳвораҳои зебою сернақш чӣ қимат доранд? – пурсидам аз ӯ.
– 450 ҳазор сӯм. Вале ба шумо, ки ба онҳо ҳусни таваҷҷӯҳи зиёд доштаед, ба ивази 400 ҳазор сӯм медиҳам.
– Маъзарат мехоҳам, вақту соаташ, ки омад мехарем, ин гаҳвораҳоро кӣ месозад?
– Ҳамсарам ва писарам...
Ин ҳангом устои гаҳвораҳо – писари зан пайдо шуд. Суҳбати мо бо ӯ дар дӯкон идома пайдо кард.
– Ман насли ҳафтуми устозодаҳоям, – ба гуфтан шурӯъ кард ҷавон. – Падарам – Алишер Комилов, сокини маҳаллаи Янги ТошМИ-и ноҳияи Олмазор насли шашум мебошад. Худ дар коллеҷи хидмати автомобил мехонам. Инак, 11 сол аст, ки бо падарам касби бобоиро идома медиҳем. Баъди соҳибистиқлол гардидани кишварамон ба эҳёи ҳӯнарҳои халқӣ ва рушди соҳибкорӣ эътибор пурзӯр гардид. Падарам ғолиби якчанд озмун-азназаргузарониҳои шаҳрӣ ва ҷумҳуриявист.
– Шумо чӣ ном доред?
– Абдуллоҳ.
– Ҳамном будаем. Барои сохтани гаҳвора чӯби кадом дарахтҳо мавриди истифода қарор мегиранд?
– Аз он ки мустаҳкамтаранд, чуби дарахтҳои туту чормағз мувофиқтаранд. Зеро гаҳвораҳое, ки мо месозем бояд барои чанд насл хидмат кунанд.Дар гузаштаҳои дуру наздик аҳли ҳунар асбобҳоро бо зӯри дасту бозу кор фармудаанд. Ҳоло рандаю арраҳои барқӣ мушкилро осон кардаанд. Гаҳвора аз қисмҳои тир, тирак, меҳроб, камонак, хобҷой, пойбанду дастбанд, сумак, тубак, рахти хоб ва болопӯш иборат аст. Рахти хоб ва болопӯши гаҳвораро занон бино ба завқу диди худ омода месозанд.
– Оё харидорони  гаҳвора зиёданд?
– Зиёданд, – ба суҳбат ҳамроҳ шуд модари Абдуллоҳ – Наргиса Комилова. – Ба ҳисоби миёна рӯзе як-ду гаҳвора ба фурӯш меравад. Аз ҷумҳуриҳои ҳамсоя – Қазоқистону Қирғизистон низ омада мебаранд.
– Бино ба қарору фармонҳои сарвари мамлакат ба рушди ҳунармандию соҳибкорӣ имкониятҳои васеъ фароҳам оварда мешаванд. Шумо ба сифати як ҳунарманду соҳибкор инро ҳис мекунед?
– Чаро не? Ҳоло ба кору фаъолияти мо ҳеч кас дахолат намекунад. Як мисоли дигар. Шавҳарам ба сабаби беморӣ чанд сол фаъолияташро қатъ карда буд. Қарзамон аз мақомоти андоз ба маротиб афзуд. Бино ба шароите, ки ба соҳибкорон фароҳам оварда шуд, бо назардошти бемории шавҳарам, қарз бекор карда шуд. Оё чунин имкониятҳо ба ҳунарманду соҳибкорон болу пар намебахшанд? Бо кӯмаки писарам ва имкониятҳои фароҳамшуда зиндагиамон рӯз аз рӯз рӯ ба беҳбудӣ мениҳад.
Вақте кас ба растаҳои ҳунармандон ворид мешавад, дар байни гузаштаҳои дуру наздик ва имрӯзу фардои халқ ҳалқаи пайвандеро мебинад, ки он ҳалқа  ҳунармандону соҳибкоронанд.

А. СУБҲОНОВ. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: