ДАР БОРАИ СУҲБАТИ ТЕЛЕФОНИИ ПРЕЗИДЕНТИ ӮЗБЕКИСТОН БО ПРЕЗИДЕНТИ ҚИРҒИЗИСТОН

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 16 ноябр бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбай Жээнбеков суҳбати телефонӣ дошт.

Дар оғози мулоқот роҳбари давлати мо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистонро бо 60-солагиаш аз таҳти дил муборакбод намуда, ба ӯ саломатии мустаҳкам, фаровонҳолӣ ва комёбиҳои нав орзу кард.
Ҷонибҳо бо қаноатмандии амиқ анъанаи устувори мусбатро дар таҳкими робитаҳои самимии бародарона, муносибатҳои бисёрасринаи дӯстӣ ва ҳамсоягии неки байни кишварҳоямон таъкид карданд.
Дар рушди ҳамкориҳои бисёрҷанбаи ӯзбекистониву қирғизистонӣ сафари расмии Президент Сооронбай Жээнбеков ба Ӯзбекистон, ки моҳи декабри соли гузашта баргузор шуд, ҳодисаи муҳим гардид, бино бар он бобати вусъат додани ҳамкориҳои амалии тарафайн муоҳида ва қарордодҳои пураҳамият ба имзо расиданд.
Дар ҷараёни суҳбат пешомадҳои амиқсозии шарикӣ, афзудани ҳаҷми савдои тарафайн, мустаҳкам кардани кооператсия дар саноат, энергетика, соҳаҳои нақлиёт ва хоҷагии қишлоқ баррасӣ шуданд.
Президентҳо пурра ба роҳ мондани имкониятҳои азими ҳамкориҳои байниминтақавиро ҷонибдорӣ карданд.
Натиҷаҳои пурмаҳсули чорабиниҳои мунтазаму муштараки байни минтақаҳои наздисарҳадии ду мамлакат бо қаноатмандии амиқ таъкид гардид. Моҳи марти соли равон дар Фарғона ҷамъомади аввалини Шӯрои сарони вилоятҳои сарҳадии Ӯзбекистон ва Қирғизистон баргузор шуд.
Мубодилаҳои маданиву инсонпарварӣ бештар шуданд. Моҳи гузашта дар мамлакати мо Рӯзҳои маданият ва санъати Ҷумҳурии Қирғизистон бомуваффақият гузашт. Дар Ӯзбекистон 90-умин солгарди нависандаи шинохтаву инсонпарвар Чингиз Айтматов васеъ қайд карда мешавад.
Бино бар масъалаҳои рӯзмарраи минтақавӣ ва байналхалқӣ низ табодули афкор ба амал омад.
Президенти Қирғизистон ба роҳбари давлати мо барои табрикоти гарм ва орзуҳои нек миннатдории самимӣ изҳор намуд.
Дар хотимаи мулоқоти телефонӣ сарони давлатҳо бори дигар ба манфиати ду халқи бародар ҳамаҷониба инкишоф додани ҳамкориҳои муфиди тарафайн, мустаҳкам намудани муносибатҳои дӯстӣ, некҳамсоягӣ ва шарикии стратегии байни Ӯзбекистон ва Қирғизистонро қатъиян таъкид карданд.
ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: