ИСЛОҲОТ БА ХОТИРИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ НЕКӮАҲВОЛИИ ХАЛҚ ИДОМА МЕЁБАД

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев барои шиносоӣ бо ҷараёни ислоҳоти иҷтимоиву иқтисодӣ, корҳои ҷории бунёдкорӣ ва ободонӣ дар маҳалҳо ва ҳамчунин мулоқот бо халқ 15-16 ноябр аз Ҷумҳурии Қароқалпоқистон боздид ба амал овард.

Дар ҷараёни сафарҳои гузаштааш ба Қароқалпоқистон роҳбари давлат корҳои мунтазамро, ки бинобар рушди иқтисодиёти минтақа, беҳтар кардани шароитҳои иҷтимоӣ заруранд, муайян карда буд. Дар давраи сипаришуда дар минтақа корҳои васеъмиқёс оид ба ободонӣ дар доираи барномаҳои «Обод қишлоқ» ва «Обод маҳалла» бомуваффақият татбиқ гардиданд.
Президент баъди ба шаҳри Нуқус омадан бо корҳои оид ба бозсозии фурудгоҳи байналхалқии «Нуқус» шинос шуд. 
Бинобар супоришҳое, ки роҳбари давлат дар ҷараёни сафараш ба Қароқалпоқистон моҳи январи соли 2017-ум дода буд, дар  ин ҷо тақрибан ба маблағи 80 миллиард сӯм корҳо иҷро шудаанд. Бинои фурудгоҳ бозсозӣ, терминали он васеъ ва мувофиқи талаботи замон муҷаҳҳаз карда шудааст.
Шавкат Мирзиёев таъкид намуд, ки фурудгоҳи байналхалқии «Нуқус» ба рушди иқтисодии Қароқалпоқистон хидмат мекунад, ба вусъатёбии алоқаҳои корчаллонӣ, афзудани миқдори сайёҳон мусоидат менамояд.
Сипас Президент аз ноҳияи Мӯйноқ боздид ба амал овард.
Солҳои охир бинобар чораҳои мушаххаси қабулшуда бобати беҳтар кардани вазъи экологӣ бо оби ошомиданӣ таъмин кардани аҳолӣ, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ сатҳи ҳаёт дар ноҳия хеле беҳтар гардид. 
Мувофиқи қарори роҳбари давлат «Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба таъмин кардани шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Мӯйноқи Ҷумҳурии Қароқалпоқистон барои солҳои 2017-2018» аз 28 феврали соли 2017 дар ин ҷо истеҳсолоти бофандагӣ, дорусозӣ ва маҳсулоти электротехникӣ, таҷҳизот барои обёрии қатравӣ, ғулбаҳои пластикӣ ташкил карда, имкониятҳо барои рушди соҳаҳои моҳипарварӣ ва сайёҳӣ ба роҳ монда шуданд. 
Соли 2019 дар ноҳия татбиқ намудани 12 лоиҳаи соҳаи саноат, 5 лоиҳаи ҷанбаи хоҷагии қишлоқ, 14 лоиҳаи вобаста ба соҳаи хидматрасонӣ ба нақша гирифта шудаанд. 
Лоиҳаҳо бинобар сохтмон ва таъмири  иншооти соҳаи иҷтимоӣ, инкишоф додани шабакаҳои муҳандисиву коммуникатсионӣ коркард гардиданд.
Дар муаррифии Маркази байналхалқии инноватсионии Наздиарали Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳимияти он барои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии минтақа махсус таъкид гардид. Марказ бо ташаббуси Шавкат Мирзиёев, ки дар ҷамъомади Шӯрои сарони давлатҳо – аъзои Бунёди байналхалқии наҷоти Арал, ки 24 августи соли равон баргузор шуда буд, пешниҳод гардид, созмон ёфт. Он гоҳ Президенти мамлакати мо бобати ҷорӣ намудани қарорҳои инноватсионӣ ва ҷалби сармояҳои хориҷӣ ба минтақаи Наздиарал, рушди «иқтисодиёти сабз», ба роҳ мондани корҳои илмиву тадқиқотӣ як қатор таклифҳои муҳимро пеш гузошта буд.
Ба зудӣ, 16 октябри соли 2018 бо кӯмаки илмиву техникии Бонки исломии рушд ва Маркази байналхалқии парвариши биологӣ дар шароити шӯрхокӣ Маркази байналхалқии инноватсионии Наздиарали назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон таъсис ёфт. Вусъат додани корҳои илмиву тадқиқотӣ ва амалӣ дар қисмати хушкшудаи баҳри Арал, ҷорӣ кардани таҷрибаи пешқадаму инноватсионӣ барои беҳтар намудани низоми экологӣ, сарсабз намудани дашт, пешгирии хушкшавӣ, инкишоф додани чорводорӣ ва ғайра вазифаҳои асосии он муайян гардиданд. 
Ҳоли ҳозир барои ин мақсадҳо маблағҳои Вазорати рушди инноватсионии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, созмонҳои байналхалқӣ, аз ҷумла Оҷонсии рушди Фаронса сафарбар карда мешаванд. 
Лоиҳаи Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба хоҷагии ҷангал ва Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба экология ва ҳифзи муҳити атроф бинобар ниҳолшинонӣ дар 500 ҳазор гектар қаъри хушкшудаи Арал низ барои минтақа муҳим ба шумор мераванд.
Таҷрибаи ғуншуда собит менамояд, ки ин кор куллан имконпазир аст. Ҷангалҳое, ки дар 500 ҳазор гектар замин барпо карда мешаванд, дар тӯли се соли наздиктарин вазъияти экологӣ ва иқтисодии Наздиаралро хеле беҳтар мекунанд. Давомнокии тӯфонҳои намакин коҳиш меёбад, шӯрхокшавӣ кам гардида, барои чорво пойгоҳи азими озуқаворӣ фароҳам меояд.
Роҳбари давлати мо ин нақшаҳоро маъқул ёфт ва таъкид намуд, ки барои татбиқи ҳарчи зудтари онҳо кӯмакҳои зарурӣ расонида мешаванд.
Президент бобати ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти дар бозори дохилӣ харидоргир, бо истифода аз иқтидор ва захираҳои табиии Мӯйноқ супоришҳо дод. Чунончи, дар ноҳия найзор (қамишзор) зиёд аст. Барои коркарди он метавон корхонае ташкил кард ва истеҳсоли маводи сохтмонро ба роҳ монд, ҷавононро бо кор таъмин кард. Ҳавзҳо низ аз бартариҳои ноҳия ба шумор мераванд, дар ин ҷо моҳидориро инкишоф дода, фаровониро дар бисёр оилаҳо таъмин намудан мумкин аст.
Дар Мӯйноқ ҳамчунин метавон бо чорводорӣ, ба хусус парвариши буз машғул шуд, ин ҷонвар ба муҳити мазкур ва озуқаи ин ҷо мувофиқ аст. Ба роҳ мондани истеҳсоли мол аз мӯйи буз метавонад занонро бо кор таъмин кунад.
Сокинони Мӯйноқ аз фоҷиаи Арал беш аз ҳама азият кашидаанд, гуфт Шавкат Мирзиёев. Мо аз онҳо барои бурдборӣ, ватанпарварӣ ва меҳнатдӯстиашон миннатдорем.
Президенти мамлакат супориш дод, ки дар ду соли оянда дар Мӯйноқ 20 иморати бисёрҳуҷра сохта шавад, ҳамин тариқ мавзеи нав ташкил ёбад. Зарурияти дар ин маврид истифода бурдани дастовардҳои замонавии шаҳрсозӣ, ташаккул додани инфрасохтори намунавӣ қайд гардид.
Дар толори Осорхонаи экологӣ бо намояндагони аҳолии маҳаллӣ мулоқот ба амал омад, ки дар ҷараёни он аз хусуси пешомадҳои зиёде, ки барои ноҳия фароҳам оварда мешаванд, сухан рафт. Шавкат Мирзиёев таъкид намуд, ки дар ҳаёти Мӯйноқ давраи нав оғоз меёбад, ба ҷавонони ноҳия ҳангоми дохил шудан ба мактабҳои олӣ имтиёзҳо пешниҳод карда мешаванд. Сафари Президенти кишвар, эътибори ӯ ба рушди ҳамаҷонибаи ноҳия аҳолии Мӯйноқро хурсанд ва рӯҳбаланд карданд.
Роҳбари давлат бо корхонаи бофандагии «Кантекс инвест»-и ноҳия Қонликӯл шинос шуд.
Дар ҷараёни сафарҳои пешинаи роҳбари давлат ба Қароқалпоқистон лоиҳаи дар ноҳияи Қонликӯл созмон додани корхонаи бузурги бофандагӣ муаррифӣ шуда буд. Тӯли даврони гузашта барои корхона дар 10 гектар қитъаи замин ҷудо карда шуда, корҳои бинокорӣ оғоз ёфтанд. Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Контекс инвест», ки дар истеҳсоли маҳсулоти саноати сабук таҷрибаи хуб дорад, ба сохтмони корхона машғул шуд. Дар натиҷа дар саҳро фабрикаи замонавии бофандагӣ бунёд гардид. 
Ҳоли ҳозир дар корхона таҷҳизоти замонавии бофандагии кишварҳои Олмон, Шветсария, Туркия ва Ҳиндустон насб мешаванд. 
Ин корхонаи арзиши лоиҳавиаш 38,7 миллион доллари ИМА дар семоҳаи аввали соли оянда бояд ба истифода супурда шавад. Дар давраи аввал дар ин ҷо дар ҳаҷми соле 11 ҳазор тонна калобаи босифат истеҳсол карда хоҳад шуд. Дар давраи баъдии соли 2020-ум истеҳсоли матоъ, минбаъд бошад, яъне барои соли 2021-ум рангдиҳии матоъ ва дӯхтани сару либосҳои тайёр ба роҳ монда мешаванд. 
Баъди бо нерӯи пурра ба кор гузоштани корхона истеҳсоли маҳсулот ба маблағи соле зиёда аз 25 миллион доллари ИМА пешбинӣ мегардад.
Роҳбари давлат бо иқтидорҳои истеҳсолӣ ва таҷҳизоти корхона шинос шуд, бо муассисони он суҳбат кард.
Пешбинӣ мегардад,  ки дар фабрика тақрибан 650 нафар бо кор таъмин мешаванд, интихоби кормандон анҷом ёфтааст, ҳоло онҳо дар маркази таълимие, ки дар ин ҷо ташкил карда шудааст, сабақ мегиранд, дар корхонаҳои дигари мамлакат таҷриба меомӯзанд.
Дар худи ҳамин ҷо муаррифии лоиҳаҳои иқтисодие, ки ба пешрафти Қароқалпоқистон нигаронида шудаанд, баргузор гардид. 
Дар бораи зарурияти коҳиш додани содироти калоба аз Қароқалпоқистон, вусъат додани истеҳсоли матои ҷинс, дастпоккунҳои навъи олӣ ва дигар маҳсулоти тайёр, пешниҳод намудани майдонҳои кишт ба кластерҳо, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва афзудани дараҷаи ҳосилнокӣ аз парвариши ин зироат сухан рафт.
Лоиҳаҳои сармоявие, ки аз ҷониби иттиҳодияи ташкилоти оид ба истеҳсол ва коркарди рустаниҳои доруворӣ, аз ҷумла, оид ба истеҳсоли маҳсулоте, ки дар корхонаи муштараки «Lanko Miya» , ки моҳи октябр ба кор гузошта шуд, истеҳсол мешаванд, ҷузвҳои ширинбия барои маҳсулоти қаннодӣ ва шоколад, ки барои бозорҳои Аврупо пешбинӣ шудаанд, боиси рағбати зиёди роҳбари давлат гардиданд. Барои вусъат додани киштзори ширинбия дар Қароқалпоқистон, якҷо бо шарикони хориҷӣ ташкил кардани корхонаи туршии обзо (водород), ба сармоягузорон пешниҳод намудани сабукиҳои вобаста ба пардохтҳои гумрукӣ, стандарткунонии маҳсулот, татбиқ кардани лоиҳаҳои сармоявӣ дар минтақаи озоди иқтисодии «Нуқус-фарм» тавсияҳо дода шуданд.
Лоиҳаҳое, ки якҷо бо сафоратхонаҳои кишвари мо дар Чин, Куриёи Ҷанубӣ, Ҷопон ва Кувайт татбиқ мегарданд, муаррифӣ шуданд. Бо супориши Президент сафирони мо дар ин кишварҳо бобати ҷалби сармояҳои хориҷӣ барои татбиқ намудани лоиҳаҳои бузург дар Қароқалпоқистон, аз ҷумла, оид ба ташкил кардани корхонаҳои замонавии симон ва рангу молиданиҳо чораҳо меандешанд. 
Дар 2-3 соли оянда Қароқалпоқистон бояд куллан тағйир ёбад. Сафирон бояд ба минтақа раванд ва бинобар сохтмони манзил, инфрасохтори роҳ, муассисаҳои таълимӣ, соҳаҳои иҷтимоӣ, таъминоти об ва самтҳои дигар лоиҳаҳои сармоявиро пешниҳод кунанд. Аз ҳама муҳимаш, бояд қароқалпоқистониён самараи ин корро дар ҳаёти худ эҳсос намоянд, гуфт роҳбари давлат.
Шавкат Мирзиёев бобати рушди истеҳсоли маводи сохтмон, ба роҳ мондани кластерҳои моҳипарварӣ, паррандапарварӣ, чорводорӣ ва ангурпарварӣ, вусъат додани ҷалби сармояҳои бевоситаи хориҷӣ, татбиқ намудани лоиҳаҳои пешомаднок, баланд бардоштани иқтидори содиротии Қароқалпоқистон супоришҳо дод. 
Дар минтақа ба ҳифзи саломатии аҳолӣ эътибори махсус дода мешавад, муассисаҳои нави тиббӣ сохта, табобатгоҳҳои мавҷуда бозсозӣ мешаванд. 
Барномаи сармоявие, ки барои солҳои 2017-2018 пешбинӣ гардида, ба минбаъд беҳсозии сифати хидмати тиббӣ ба аҳолии Наздиарал нигаронида шудааст, дар ин бобат нақши муҳим мебозад. Аз ҷумла дар пояи барномаи мазкур дар 36 иншоот ба маблағи зиёда аз 84 миллиард сӯм корҳои сохтмону тармим иҷро шуданд, онҳо бо таҷҳизоти замонавии арзиши умумиашон 2,8 миллион доллари ИМА муҷаҳҳаз гардиданд. Ихтисоси 2365 шифокор дар Донишкадаи такмили ихтисоси шифокорони Тошканд ва 53 нафар дар хориҷа баланд бардошта шуд. 72 адад воситаи замонавии нақлиёти автомобилӣ расонда дода шуданд.
Соли равон поликлиникаи оилавии рақами 23-юми ҷамоати шаҳрвандони «Қӯнғирот» бозсозӣ шуд, дастгоҳҳои замонавии тиббӣ, аз ҷумла УЗИ, ЭКГ, санҷиши биокимиёӣ устувор гардиданд.
Шавкат Мирзиёев бо шароитҳое, ки дар ин поликлиникаи оилавӣ фароҳам оварда шудаанд, шинос гардид. 
Муассиса ба сокинони ҷамоатҳои шаҳрвандони овулҳои «Қӯнғирот», «Шуманай», «Канглӣ» хидмат мерасонад. 
Дар таркиби поликлиника статсионари дорои панҷ ҷой ва бунгоҳи кӯмаки таъҷилии тиббӣ, хонаи машварати занона, дорухонаи ҷамъиятӣ, фитобар амал мекунанд. 
Ба Президент клиникаи хидмати таъҷилии офталмологӣ дар пойгоҳи автобуси «Isuzu» намоиш дода шуд. Дар ин ҷо имкониятҳои баргузор кардани тафтиши амиқ ва табобат аз бемориҳои чашм мавҷуданд. 
Шавкат Мирзиёев таъкид намуд, ки кор бинобар мустаҳкам кардани низоми ҳифзи саломатии аҳолӣ мунтазам идома меёбад, аз ҷумла барои кӯмаки тиббӣ ба занону бачагон тамоми шароитҳо фароҳам оварда мешаванд.
Президент аз муассисаи таълими томактабии «Wunderkinds in Kungirad» дар ноҳияи Қӯнғирот боздид ба амал овард.
Роҳбари давлат ба такмил додани фаъолияти муассисаҳои таълими томактабӣ – ҳалқаи аввалин ва аз ҳама муҳими тарбияи шахсиятҳои мукаммал эътибори доимӣ медиҳад.
Дар кӯдакистони «Wunderkinds in Kungirad», ки дар назди ҷамоати шаҳрвандони овули «Қӯнғирот» дар пояи шарикии давлативу хусусӣ ташкил шудааст, беш аз 90 кӯдак тарбия мегирад. 
Кӯдакистон фаъолияти худро 7 ноябри соли равон оғоз кард. Соҳибкор Дилноза Абдуллоева моҳи март бинои холиро бо арзиши «сифрӣ» ба даст оварда, онро ба муассисаи замонавии томактабӣ табдил дод. Барои ин воме, ки аз «Узпромстройбанк» ба маблағи 1,5 миллиард сӯм гирифт ва маблағи худӣ дар ҳаҷми 500 миллион сӯм истифода гардиданд. Дар ин ҷо бо истифода аз усулҳои интерактив омӯзонидани забонҳои русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст, машғулиятҳои варзишӣ амал мекунанд.
Роҳбари давлат бо шароитҳое, ки дар кӯдакистон фароҳам оварда шудаанд, шинос гардид, бо ходимони он ҳамсуҳбат шуд.
Агар мо фарзандонамонро аз хурдӣ солиму доно тарбия кунем, дар оянда хонандагони ҳамаҷониба тайёр ба мактаб мераванд. Дар мактаб низ таълими босифат зарур аст, то ки пасон ба донишкадаҳо ҷавонони дорои маънавияти баланд ва хушзеҳн дохил шаванд. Ҳамин тариқ кишвар соҳиби кадрҳои хуб мегардад. Бинобар ҳамин ҳам таълими томактабӣ бояд дар маркази эътибори доимии мо қарор дошта бошад, гуфт Шавкат Мирзиёев.
Ба Президент дар бораи корҳое, ки татбиқ мешаванд ва лоиҳаҳои оид ба рушди низоми таълими томактабӣ дар Қароқалпоқистон маълумот дода шуд.
***
Дар рӯзи дуюми сафар роҳбари давлат, Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев аз горнизони Нуқуси округи ҳарбии Шимолӣ Ғарбӣ боздид намуд, ки дар он ҷо бо иҷрои вазифаҳое, ки дар ҷамъомади васеи Шӯрои бехатарӣ муайян гардида буданд, шинос гардид ва бо ҳарбиён суҳбат намуд.
Ба баланд бардоштани иқтидори ҳарбии армияи миллӣ, ба вуҷуд овардани шароити мусоид барои ҳарбиён эътибори доимӣ дода мешавад. Дар солҳои охир ислоҳот дар ин самт дар марҳалаи нав идома дорад.
Аз ҷумла, бо техника ва яроқи замонавии ҳарбӣ таъмин намудани қӯшунҳо ба дараҷаи нав бардошта шудааст. Ба азхуд намудани дониши назариявӣ дар амал эътибор  пурзӯр гаштааст. Соли ҷорӣ дар полигонҳои таълимӣ ташкил намудани машқҳои амалӣ дар шароите, ки ба ҳадди шароити воқеӣ наздик гаштааст, фаъол гардонда шудааст. Ин дар мустаҳкам намудани омодагии психологӣ ва руҳии хидматчиёни ҳарбӣ, баланд бардоштани иқтидори армияи миллӣ нақши муҳим дорад.
Дар ҳудуди горнизони Нуқус таъмири казарма, биноҳои таълимии қисми ҳарбӣ, маҷмӯи савдо, ошхона ва ҳамчунин кӯдакистон, мактаб ва биноҳои шаҳраки ҳарбӣ ба амал оварда шудааст. Полигони хурди машқ аз нав таъмир гардида, майдони асптозӣ низ таъмир гашта, майдонҳои теннис, футбол ва волейбол бунёд гаштааст.
Дар яке аз биноҳои таълимии таҷдидёфта омӯзиши саводи компутер, асосҳои соҳибкорӣ, забонҳои хориҷӣ, математика ва физика барои хизматчиёни даъвати таъҷилӣ роҳандозӣ гаштааст.
Дар бинои таълимии дуввум тайёрии назариявӣ аз рӯйи оташфишонии артиллерия, мудофиаи зиддиҳавоӣ, топографияи ҳарбӣ, алоқа, тактикаи ҳарбӣ ба амал татбиқ мегарданд. Ғайр аз ин дар ихтиёри хизматчиёни ҳарбӣ китобхонае гузошта шудааст, ки бо василаҳои иттилоотии замонавӣ муҷаҳҳаз буда, соҳиби теъдоди зиёди китоб аст. Дар ин ҷо ҳарбиён бо нависанда ва шоирони маъруф аз тариқи алоқаи видеоконференсия вохӯриҳо ба амал меоранд.
Президент бо ҷараёни машғулот дар биноҳои таълимӣ шинос гардид.
Мо тамоми шароитро ба вуҷуд меорем, то ки хизматчиёни ҳарбӣ аз лиҳози ҷисмонӣ ва ақлӣ мутаносиб рушд намуда бошанд. Аз ин рӯ шумо набояд вақтро беҳуда гузаронед, бояд китоб хонд, дониши амиқ гирифт, технологияи иттилоотӣ ва забонҳои хориҷиро азхуд намуда, ба ҷавонон намунаи ибрат гардед. Чунки ҷавонон – такягоҳ ва умеди мо мебошанд, гуфт Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳ.
Дар вохӯрӣ ногузирии минбаъд беҳтар намудани шароити зиндагии ҳарбиён, такомули фаъолияти секторҳои ҳарбиву маъмурӣ, ки дар маҳалҳо ташкил гаштаанд, таъкид гардид.
Роҳбари давлат бо биноҳои бисёрҳуҷра шинос гардид, ки дар маҳаллаи Кумбузовули шаҳри Нуқус бунёд гаштааст ва инчунин бо поликлиникаи оилавӣ ва кӯдакистони ғайридавлатие, ки дар ошёнаи якуми он ташкил гаштаанд, низ ошно гардид.
Зимни сафари қаблӣ ба Ҷумҳурии Қароқалпоқистон Президент бо лоиҳаҳои сохтмони объектҳои иҷтимоӣ ва истиқоматии шаҳри Нуқус шинос гардида, дар бобати ҷойгир намудани кӯдакистон ва поликлиникаҳои оилавӣ дар ошёнаи якуми иморатҳои бисёрҳуҷра тавсия дода буд. Дар кӯчаи Абдамбетов 10 иморати панҷошёнаи арзон сохта шудааст. Дар ошёнаи якуми ин ду бино муассисаи ғайридавлатии таълими томактабии «Навше» ва поликлиникаи оилавӣ ташкил гаштааст.
МТТ «Навше» дар асоси шарикии давлативу хусусӣ ташкил гардида, барои 50 кӯдак муқаррар гаштааст. Муассиса бо бозичаҳои такмилёбанда, аёниятҳои методӣ таъмин гаштааст. Маҳфилҳои забонҳои англисиву русӣ, шоҳмот ва шашка ташкил гаштааст.
Президент бо шароитҳое, ки дар ин ҷо ба вуҷуд оварда шудааст, шинос гардид ва махсус таъкид кард, ки ҷойгир намудани кӯдакистон дар ошёнаи якуми бинои бисёрҳуҷра, ки дар наздикии иқоматкунандагон бунёд гаштааст, барои падару модарон хеле қулай мебошад ва онҳо албатта, аз бачаҳояшон хотирашон ҷамъ мегардад.
Поликлиникаи оилавии №8 пеш дар бинои номуносиб дар микрорайони №26 ҷойгир буд, барои хидмати ёрии тиббӣ имконоти кофӣ надошт. Барои гирифтани хидмати махсус аҳолӣ маҷбур буд ба поликлиникаҳои бисёрфунксионалӣ равад.
Поликлиникае, ки ба ошёнаи якуми бинои №10-и бисёрҳуҷра кӯчонда шудааст, барои беш аз  46 ҳазор иқоматкунандагони 8 маҳаллаи шаҳр хидмат мерасонад. Дар муассисае, ки рӯзе барои қабули 250 нафар муқаррар гаштааст, тамоми шароит вуҷуд дошта, рентгенографи рақамӣ, дастгоҳҳои УЗИ, ЭКГ, анализатори биокимёӣ ва дигар таҷҳизоти ногузир насб гаштааст.
Дар дорухонаи иҷтимоие, ки дар назди поликлиника фаъолият дорад, беш аз 500 намуди доруворӣ вуҷуд дорад, аз он ҷумла 55 номгӯйи онҳо аз лиҳози иҷтимоӣ аҳамиятноканд. Дору аз рӯи нархи муқарраргардидаи арзон фурӯхта мешавад. Низоми номнависии электронӣ ба қабули духтур роҳандозӣ гаштааст.
Президент дар суҳбат бо духтурон таъкид кард, ки муносибат ба тиббиёт тағйир ёфтааст, намояндагони соҳа бояд хидмати адресноки патронажиро ба роҳ андозанд.
Дар ҳавзаи Арал вазъияти мураккаби экологӣ ба вуҷуд омадааст, аз ин рӯ мо мехоҳем дар мисоли Қароқалпоқистон модели  намунавии тиббиро ба вуҷуд оварем. Кай одамон розӣ мешаванд? Вақте ки онҳо сиҳҳат бошанд. Одамони солим умри дароз мебинанд, ҳамеша кайфияташон хуш мебошад. Мо ҳоло набояд дар бораи ҳисобот ва омор, балки дар бораи кайфияти одамон фикр кунем, гуфт Шавкат Мирзиёев.
Дар ин ҷо Президент бо корҳои бунёдкорӣ дар кӯчаи Абдамбетов, лоиҳаи маркази соҳибкории «Nukus city» шинос гардид.
Зери раёсати Президент дар шаҳри Нуқус ҷамъомад бахшида ба рушди иқтисодии Қароқалпоқистн ба вуқӯъ пайваст.
Дар он аъзои Жокарги Кенес ва Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимони шаҳр ва ноҳияҳо, роҳбарони секторҳо иштирок намуданд. Аз тариқи алоқаи видеоконференсия ҷамъомадро намояндагони ҷомеаи васеи шаҳру ноҳияҳо муоина намуданд.
Дар натиҷаи беҳ сохтани фазои сармоягузорӣ, ба вуҷуд овардани шароити ногузир саҳми саноат дар маҷмӯи маҳсулоти минтақавии Қароқалпоқистон аз 36 то 41 фоиз афзуд.
Роҳбари давлат дар бобати ба вуҷуд овардани ҳарчи бештар миқдори ҷойи кор, ташкили корхонаҳои нав ва васеъ намудани корхонаҳои фаъол супоришҳо дод.
Мо дар назди худ вазифаи муҳими ба дараҷаи нави тараққиёт бардоштани мамлакатро гузоштаем, ки барои ин ба мо кадрҳои насли нав зарур аст. Бо мақсади тарбияи чунин кадрҳо мо дар ҳар як минтақаи мамлакат яктоӣ мактаби типи нав – мактабҳои президентӣ ташкил намуданро ба нақша гирифтаем, гуфт Шавкат Мирзиёев.
Роҳбари давлат аз Қароқалпоқистон, шаҳри Нуқус шурӯъ намудани ин корро пешниҳод намуд. Ҳозирон ин пешниҳодро бо мамнуният дастгирӣ намуданд. Президент ба шахсони масъул супориши дахлдорро дод.
Таъкид гардид, ки соли оянда дар Қароқалпоқистон 7 мактаб барои 2,4 ҳазор ҷой сохта шуда, кор дар низоми таълими томактабӣ ва тандурустӣ муттасил идома хоҳад ёфт.
Дар фурудгоҳи байналхалқии «Нуқус» Президент бо  оқсақолон, намояндагони зиёиён, ҷамъияти васеъ суҳбат орост. Дар ҷараёни суҳбати ошкоро ва самимӣ дар бораи ислоҳот дар сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат, бозсозиҳо дар соҳаи иҷтимоиву иқтисодӣ сухан ба миён омад. Ҳозирон таъкид карданд, ки тағйирот дар ҳама ҷо ба вуҷуд меоянд, онҳо инро дар ҳаёти худ эҳсос мекунанд ва дар ҳама маҳаллаву ноҳияҳо мебинанд.
Бо ҳамин сафари роҳбари давлат ба Қароқалпоқистон ба поён расид.

Матназар ЭЛМУРОДОВ, 
Зиёдулло ҶОНИБЕКОВ, 
Есимхон ҚАНОАТОВ, 
Умар АСРОРОВ,
хабарнигорони 
махсуси ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: