ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ҲАЙАТИ КОНГРЕССИ ИМА-РО ПАЗИРУФТ

19 ноябр Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ҳайати Конгресси ИМА-ро бо сарварии конгрессмен Трент Келли қабул кард.

Роҳбари давлати мо меҳмононро, ки дар байни онҳо аъзои Палатаи намояндагон Висенте Гонсалес, Роналд Эстес, Рожер Маршалл ва Ҷеннифер Гонсалес Колон низ буданд, самимона хайра мақдам гуфта, конгрессменҳоро бо интихоботи бомуваффақияти байни парлумонӣ дар ИМА аз таҳти дил муборакбод намуд.
Рушди муттасили ҳамкориҳои бисёрҷанбаи ӯзбекистониву амрикоӣ, ки вақтҳои охир мушоҳида мешаванд, бо қаноатмандии амиқ зикр шуд. Таъкид гардид, ки дар Вашингтон моҳи майи соли равон баргузор шудани вохӯриҳо дар сатҳи олӣ давраи нави ҳамкориҳои стратегии кишварҳои моро муайян карданд. 
Робитаҳо бинобар самтҳои мухталифи шарикӣ фаъол шуданд, мулоқоти пурмуҳтавои сиёсӣ ба роҳ монда шуд, мубодилаи байнипарлумонӣ, ҳамчунин ҳамкориҳо дар соҳаҳои маданиву инсонпарварӣ ва таълимӣ вусъат меёбанд.
Дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ бо саъю кӯшишҳои муштарак бобати зиёд кардани ҳаҷми савдои тарафайн, ҷалби сармояҳои бевосита ва технологияи ширкатҳои пешқадами ИМА барои рушд ва бозсозии соҳаҳои иқтисодиёти Ӯзбекистон корҳои ҳадафрас татбиқ мегарданд.
Танҳо аз ибтидои соли равон ҳаҷми мубодилаи тарафайни мол ду баробар афзуд, дар ҷумҳурӣ зиёда аз 25 корхонаи нав бо иштироки сармояҳои амрикоӣ ташкил гардиданд. 
Моҳи гузашта дар мамлакати мо бори аввал чорабинии соҳибкорон – Ҳафтаи тиҷорати Амрико бо иштироки намояндагони ҳайат таҳти сарварии вазири савдои ИМА Уилбур Росс баргузор шуд.
Роҳбари давлати мо дар Палатаи намояндагони ИМА ташкил ёфтани «Кокус бинобар Ӯзбекистон»-ро таҳти роҳбарии конгрессменҳо Т. Келли ва В. Гонсалес бо қаноатмандӣ таъкид намуд. Бо эътимод зикр шуд, ки механизми мазкур омили самарабахши амиқсозии ҳамаҷонибаи муносибатҳо ва пешбурди лоиҳаҳои мушаххаси иқтисодӣ хоҳад шуд.
Дар мулоқот масъалаҳои рӯзмарраи муносибатҳои дуҷониба, ҳамчунин масоили рӯзмарраи минтақавӣ ва байналхалқӣ баррасӣ шуданд. 
Ба ташаккул додани шароитҳои мусоид ва дастгирӣ намудани барнома ва лоиҳаҳои муштараки тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкориҳои сармоявӣ, пеш аз ҳама, дар сатҳи байниминтақавӣ эътибори махсус дода шуд. 
Конгрессменҳо ба роҳбари давлати мо барои пазироии гарм миннатдории самимӣ баён карда, ба ислоҳот ва дигаргуниҳое, ки тамоми самт ва соҳаҳои Ӯзбекистонро дарбар мегиранд, баҳои баланд доданд. 
Омодагӣ ба кӯмаки ҳамаҷониба барои рушди минбаъда ва таҳкими муносибатҳои шарикии стратегӣ, вусъат додани ҳамкориҳои амалии муфиди тарафайни байни ду мамлакат таъкид гардид. 

ӮзА

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: