ДАР БОРАИ СУҲБАТИ ТЕЛЕФОНИИ ПРЕЗИДЕНТИ ӮЗБЕКИСТОН БО ПРЕЗИДЕНТИ ҚАЗОҚИСТОН

19 ноябр мулоқоти телефонии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба амал омад.

Дар оғози суҳбат роҳбари давлатҳо рушди муттасил ва таҳкими мустақими муносибатҳои дӯстона, некҳамсоягӣ ва шарикии стратегии байни ду кишвари бародарро бо қаноатмандии амиқ қайд намуданд.
Таъкид гардид, ки фаъол шудани робитаҳо дар тамоми сатҳҳо ва бинобар ҳамаи самтҳо ба амиқсозии минбаъдаи ҳамкориҳои бисёрҷанбаи ӯзбекистониву қазоқистонӣ мусоидат менамоянд. 
Ҳаҷми савдои тарафайн зиёд мегардад, кооператсия дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт, аз ҷумла дар байни минтақаҳо ва доираҳои корчаллон беҳтар мешавад. 15 ноябри соли равон дар шаҳри Чимкент Анҷумани аввалини ҳамкории байниминтақавӣ бо иштироки роҳбарони маъмурияти вилоятҳои сарҳадӣ ва ширкатҳои бузурги ду мамлакат бомуваффақият баргузор шуд.
Пурмуҳтаво гардидани барномаи соҳибкорӣ ва мубодилаи маданиву инсонпарварӣ дар доираи Соли Ӯзбекитон дар Қазоқистон таъкид гардид, аз ибтидои сол беш аз 50 чорабинии муштарак баргузор шудаанд.
Дар ҷараёни мулоқоти телефонӣ сарони давлатҳо пешомади ҳамкориҳои амалии тарафайнро бобати татбиқ сохтани муоҳидаҳои сатҳи олӣ баррасӣ карданд, ҳамчунин ҷадвали чорабиниҳои минбаъдаро муҳокима намуданд.
Бинобар масъалаҳои рӯзмарраи минтақавӣ ва байналхалқӣ, аз ҷумла тайёрӣ ба гузаронидани Мулоқоти дуввуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ соли 2019 дар мамлакати мо мубодилаи афкор ба амал омад. 
Дар хотима сарварони ду кишвар саъю кӯшишҳои қатъӣ ва тарафайни худро бобати минбаъд фаъолона инкишоф додани ҳамкориҳои васеъмиқёс, мустаҳкам намудани риштаҳои дӯстӣ ва некҳамсоягии бисёрасрина, муносибатҳои дуҷонибаи шарикии стратегӣ ба манфиати халқҳои Ӯзбекистон ва Қазоқистон, ҳамчунин барои таъмин сохтани эътидол ва рушди устувори тамоми минтақа изҳор доштанд.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: