ТАЪМИНОТИ ИҶРОИ БУҶАИ ДАВЛАТӢ БАРОИ НӮҲ МОҲИ СОЛИ 2018 ЧӢ ГУНА АСТ?

Дар нимаи дуввуми рӯзи 17 ноябри соли 2018 депутатҳо кори худро идома доданд.

 Дар ҷамъомад ҷараёни иҷрои Буҷаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар нӯҳ моҳи соли равон баррасӣ шуд.
Тавре ки қайд гардид, татбиқи мунтазами вазифаҳои афзалиятноке, ки дар Барномаи давлатӣ бино бар татбиқсозии Стратегияи амалиёт доир ба панҷ самти бартариноки рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои солҳои 2017-2021 дар Соли дастгирии соҳибкории фаъол, ғояҳои инноватсионӣ ва технологияҳо нишон дода шудаанд, ҳамчунин ислоҳот бино бар рушди куллии соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии ҷамъият, тағйироти сохтории фаъолияти идораҳои масъул бобати таъмин кардани рушди устувор ва муътадили иқтисодиёт дар нӯҳ моҳи соли 2018-ум ва суръатҳои баланди афзоиши иқтисодиётро таъмин карданд.
Минбаъд такмил додани сиёсати пуливу вомӣ бо назардошти таҷрибаи пешқадами байналхалқӣ, ҷорӣ намудани механизмҳои замонавии бозаргонии ба тартиб андохтани муомилоти асъор, қабул кардани чораҳо бино бар диверсификатсияи инфрасохтори саноатӣ барои ҷалби васеи сармояҳои хориҷӣ ба иқтисодиёти мамлакат дастгирӣ намудани содирот, минбаъд боло бардоштани истеҳсолоти мол ва маҳсулоти замонавии воридотӣ, ҳамчунин фароҳам овардани шароитҳои баробар ба субъектҳои соҳибкорӣ дар ҷараёни татбиқ кардани фаъолияти тиҷорати хориҷӣ имконият фароҳам оварданд.
Депутатҳо ҷорӣ намудани механизмҳои замонавии муносибатҳои байнибуҷавӣ ва маъмурияти андозро қайд намуда, таъкид карданд, ки дар нӯҳ моҳи соли 2018-ум ба буҷаҳои маҳаллии Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳо ва шаҳри Тошканд барилова дар ҳаҷми 220,2 миллиард сӯм даромад ворид шудааст. Қайд гардид, ки ин маблағҳо барои зиёд шудани даромадҳои воқеӣ, боло рафтани сатҳ ва сифати ҳаёти аҳолӣ, коҳиш ёфтани вобастагӣ аз маблағгузорӣ аз буҷаи ҷумҳурӣ, пурзӯр кардани озодии мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо имконият фароҳам оварданд.
Дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати иҷтимоии хароҷоти Буҷаи давлатӣ нигоҳ дошта шуд. Барои бо маблағ таъмин кардани соҳаи иҷтимоӣ аз ҳаҷми умумии хароҷот дар ҳаҷми 53,4 фоиз маблағ ҷудо гардид.
Тақрибан 65,6 фоизи маблағҳое, ки барои соҳаҳои иҷтимоӣ ва дастгирии иҷтимоии аҳолӣ ҷудо карда шудаанд, барои бо маблағ таъминкунии маош ва даромадҳо, аксаран музди меҳнат равона гардиданд.
Депутатҳо дар давраи ҳисоботӣ ба масъалаҳои минбаъд амиқсозии ислоҳот дар низоми таълим, такмил додани меъёр ва барномаҳои таълимӣ, ки ба баланд бардоштани сатҳ ва сифати ҷараёни таълим, музди меҳнати кормандон, мустаҳкам кардани пойгоҳи  моддиву техникии муассисаҳои таълими томактабӣ, коллеҷҳои касбӣ, литсейҳои академӣ ва муассисаҳои таълими олӣ нигаронида шудаанд, эътибори аввалиндараҷа доданд. Аз ҷумла он санад, ки барои бо маблағ таъмин кардани хароҷоти нигоҳ доштан ва инкишоф додани муассисаҳои таълими халқӣ аз буҷаи давлатӣ 13,6 триллион сӯм ҷудо карда шудааст,  махсус қайд гардид.
Баробари ин намояндагони парлумон ба камбудиҳое, ки дар ин самт роҳ дода шудаанд, эътибори махсус доданд. Он чиз танқид карда шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ 92 миллиард сӯм, ки барои хароҷоти нигоҳ доштан ва инкишоф додани муассисаҳои низоми таълим ҷудо карда шудаанд, азхуд нагардидаанд.
Дар тӯли нӯҳ моҳи соли 2018 аз 213,3 миллиард сӯм маблағи Буҷаи давлатӣ, ки барои рушди илм ҷудо карда шудааст, 123,2 милиард сӯм, ё худ 60 фоизи он дар доираи барномаҳои дахлдори давлатӣ барои бо маблағ таъмин кардани лоиҳаҳои илмиву техникӣ, аз ҷумла, 104,1 миллиард сӯм барои бо маблағ таъмин кардани лоиҳаҳои фундаменталӣ ва амалии илмиву техникӣ ва 19,1 миллиард сӯм барои лоиҳаҳои инноватсионӣ  равона шудаанд.
Барои хароҷот бобати дастгирии иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳи ҳаёти аҳолӣ аз Буҷаи давлатӣ 2136,5 миллион сӯм маблағ харҷ гардидааст. Ин маблағҳо ба кӯмакҳои моддӣ, ки ба оилаҳои соҳиби кӯдаки то 14-сола, модарони бекори дорои кӯдаки то 20-сола, оилаҳои камтаъмин, кӯмакпулиҳои якдафъаина ҳангоми таваллуди кӯдак, пардохтҳои иловагӣ, ки ба додани имтиёзҳо бобати пардохти хидматҳои манзиливу коммуналӣ ба шаҳрвандони табақаҳои алоҳида нигаронда шудаанд, кӯмакҳои якдафъаинаи моддӣ ба оилаҳои эҳтиёҷманд дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва вилояти Хоразм равона шудаанд.
Депутатҳо ҳамчунин масъалаҳои бо маблағ таъмин кардани муассисаҳои тиббиро ҳамаҷониба муҳокима карданд. Қайд гардид, ки бино бар чораҳо бобати иҷрои барномаҳои мухталифи давлатӣ дар соҳаи нигаҳдории тандурустӣ аз Буҷаи давлатӣ дар ҳаҷми 6,57 триллион сӯм, ё худ 22,7 фоизи хароҷоти умумӣ, ки ба соҳаи иҷтимоӣ нигаронида шудаанд, ҷудо карда шудааст.
Дар ҷараёни муҳокима он чиз танқид карда шуд, ки 129,9 миллиард сӯм маблағе, ки дар асоси қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва ҳукумат барои татбиқ намудани баъзе чораҳо дар соҳаи нигаҳдории тандурустӣ ҷудо карда шудаанд, аз худ нагардидаанд.
Дар ҷамъомад ҳамчунин иҷрои фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 29 марти соли 2018 «Дар бораи барномаи «Обод қишлоқ» ва аз 27 июни соли 2018 «Дар бораи барномаи «Обод маҳалла» таҳлил карда шуд. Сухан аз он хусус меравад, ки дар ин фармонҳои тасдиқшуда куллан навсозии симои меъмории маҳаллаҳо, рушди маҷмӯии минтақаҳо, сохтмони инфрасохтори роҳу нақлиёт, шабакаҳои муҳандисиву коммуникатсионӣ, иншооти соҳаҳои иҷтимоӣ, ҳамчунин дар ин поя баланд бардоштани сатҳ ва маданияти ҳаёти аҳолӣ пешбинӣ шудаанд.
Дар ҳолати то 1 октябри соли равон ба мақсади таъмин сохтани иҷрои барномаи «Обод қишлоқ» аз ҷониби Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимияти вилоятҳо ва шаҳри Тошканд аз ҳисоби маблағҳои иловагии буҷаҳои маҳаллӣ 474,5 миллиард сӯм ҷудо карда шудааст. Ғайр аз ин моҳҳои апрел-сентябри соли равон аз ҳисоб маблағҳои буҷаи ҷумҳуриявӣ ба буҷаҳои дахлдори маҳаллӣ 619,6 миллиард сӯм барои бунёди «Обод қишлоқ»-и назди Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалполқистон, ҳокимияти вилоятҳо ва шаҳри Тошканд ҷудо гардид.
Барои бо маблағ таъмин кардани чораҳое, ки дар барномаи «Обод маҳалла» пешбинӣ шудааст, аз Буҷаи давлатӣ 214,2 миллиард сӯм равона карда шуд.
Дар нӯҳ моҳи соли 2018 бобати баланд бардоштани мустақилияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо бино бар идораи маблағҳои буҷаи маҳаллӣ, амиқсозии ҷараёнҳои қатъан коҳиш додани вобастагии иҷрои буҷа аз марказ, ташаккул додани буҷаи ҳокимиятҳои маҳаллӣ, баланд бардоштани масъулият бино бар истифодаи самарабахши маблағҳо корҳои васеъмиқёс амалӣ гардиданд. Дар натиҷаи чораҳои андешидашуда дар давраи ҳисоботӣ ба буҷаҳои маҳаллӣ  дар ҳаҷми 2,9 триллион сӯм манбаъҳои иловагӣ ташаккул ёфтанд, ё худ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта тақрибан 5,8 баробар бештар маблағҳо дар ихтиёри онҳо монданд. Як қисми онҳо дар навбати худ барои бо маблағ таъмин кардани барномаҳои давлатие, ки ба ҳисобсурати қайдшудаи буҷаҳои маҳаллӣ пешбинӣ гардидаанд, равона карда мешаванд.
Депутатҳо ҳисоботро дар бораи иҷрои буҷаи давлатӣ ва буҷаи бунёдҳои мақсадноки давлатӣ барои нӯҳ моҳи соли 2018 ҳамаҷониба муҳокима ва барои тасдиқ намудани он қарор қабул карданд.

Хидмати матбуоти Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: