ҶОИЗАҲО СОҲИБОНАШОНРО ЁФТАНД

Дар шаҳри Тошканд озмун-азназаргузаронии ҷумҳуриявии «Ташаббус - 2018» баргузор гардид.

Дар он 69 нафар, ки аз байни 915 нафар соҳибкорон ғолибият ба даст оварда, ба давраи ҷумҳурӣ роҳхат гирифтаанд, иштирок намуданд.
Аз 7 номгӯ комёбӣ ба 35 нафар насиб кард ва ба онҳо диплом, медали тилло ва мукофоти асосии Президенти Ӯзбекистон автомобили «SPARK», ҳамчунин туҳфаҳои баарзиши дигар аз ҷониби ташкилотчиён ва муассисони тадбири бонуфуз супурда шуд.
– Азназаргузаронӣ-озмун бо шакл ва сифати тоза аз тадбирҳое, ки пештар доир шуданд, фарқ намуд, – гуфт муовини раиси Палатаи савдову саноати Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҷамшед Ӯроқов. – Ба номгӯйҳои анъанавии «Беҳтарин соҳибкори сол», «Беҳтарин фермери сол», «Беҳтарин ҳунарманди сол» номгӯйҳои нав «Беҳтарин соҳибкор дар соҳаи саноат» ва «Беҳтарин соҳибкор дар соҳаи хидматрасонӣ» ҳамроҳ шуданд ва имкониятҳои васеътар барои соҳибкорон фароҳам оварданд.
Ҳамчунин «Беҳтарин соҳибкорзан», «Соҳибкоре, ки барои ҷавонон ҷои аз ҳама зиёди корӣ офарид», «Беҳтарин соҳибкори тиҷорати оилавӣ», «Беҳтарин маҳсулоти сол», «Кишвари ман – ифтихори ман», «Барои беҳтарин стенди намоишӣ» барин номгӯйҳо илова гардиданд. Агар пештар дар азназаргузаронӣ-озмун танҳо соҳибкорон – саноатчиён, истеҳсолгарони хоҷагии кишоварзӣ ва ҳунармандон ширкат ҷӯянд, акнун соҳибкороне, ки маҳсулоти хушсифат бароварда, чӣ дар бозори дохилӣ ва чӣ берунӣ харидорони худ меёбанд, низ иштирок карда метавонанд, ки аз байни онҳо дорусозон, бофандагон ва намояндагони шохаҳои дигари саноати сабукро дидан мумкин.
Стенди намоишии устоди санъати амалӣ аз Самарқанд Мансур Асадов эътибори умумро ба худ кашид. Вай устозода аст – падараш усто Мирҷамол дар барқароркунии даҳҳо ёдгориҳои меъморию таърихии Самарқанд саҳм гирифта буд. М.Асадов гуфт, иштирок дар ин гуна озмуни бонуфуз бароям имтиҳони ҳақиқист. Тадбире, ки рӯи кор омад, ба ҳамаамон рӯҳи тоза бахшид. Миннатдории самимонаи худро ба ташаббускори он – Президенти мамлакатамон изҳор медорем. Бовар дорем «Ташаббус - 2018» ҳамаи иштирокдоронро ба ҳам наздик месозад, зери шиори он: «Аз ҳама муҳимаш ғалаба не, иштирок аст!» мебошад.
Дар байни соҳибкороне, ки ба ғолибӣ даст ёфтаанд, директори ҶММ «AZR-Textile» Азизҷон Зокиров низ ҳаст, ки вай яке аз ҷавонтарин иштирокдорони озмун мебошад. Корхонаи ӯ либоси махсуси корӣ мебарорад ва як қатор кишварҳои Аврупо ва ИДМ аз маҳсулоти он харидорӣ менамоянд.
– Баланд қадр карда шудани меҳнати соҳибкории хурд бахти ҳақиқӣ аст, – мегӯяд Азизҷон. – 28 нафар ҳамкорони ман бо қувваи нав ба кор часпида, саъй мекунанд маҳсулоте, ки дар Ӯзбекистон истеҳсол шудааст, ба бозори ҷаҳонӣ барояд.
Чун анъана Палатаи савдою саноати Ӯзбекистон таҳти ҳамкорӣ ва дастгирии молиявии Шӯрои фермерҳо, деҳқонон ва соҳибони қитъаи наздиҳавлӣ, Ассотсиатсияи «Ҳунарманд»-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон ва як қатор вазоратҳо ташкилотчии асосии азназаргузаронӣ-озмун мебошад.
– Чунин мукофоти хотирнишинро бори аввал қабул мекунам, – мегӯяд роҳбари ҶММ «Namangan momiq sochiqlari» Ғиёсиддин Бобохонов аз Намангон. – Корхонаи мо, ки дар он наздик 500 нафар меҳнат мекунанд, маҳсулоти аз нигоҳи экологӣ тоза аз нахи пахта омода месозад. Мо маҳсулоти худро ба Русия, Булғория, Молдова ва кишварҳои Осиё экспорт менамоем.
Директори ҶММ «Fargona Tibbiy Diagnostika» Абдумалик Эргашев, ки дар сафи ғолибон қарор дошт, изҳор намуд ин мукофоти олии 47 нафар дӯстон – ҳамкорони ман аст, ки ба тиббиёт сарукор дошта, дар роҳи ба сатҳи баланд бардоштани хидматрасонии тиббӣ ҷидду ҷаҳд менамоянд.
Барои баҳо додан ба маҳсулоти хоҷагии фермерии «Йӯлдош Маҷид», ки роҳбараш Юлдош Искандаров мебошад, бояд ба Хоразм рафт, ки дар зинаи вилоятии азназаргузаронӣ-озмуни 2018 ғолиб шудааст.
Дар толори Экспомарказ воқеъ дар Тошканд бошад, аз маҳсулоти ширии мавриди коркард қароргирифта, ҳамчунин меваҷот, сабзавот,маҳсулоти полизии хоҷагии фермерӣ намунаҳо гузошта шуданду халос. Бо вуҷуди ин ҳайати доварон бо баҳо додан ба сифати маҳсулот Ю.Искандаровро чун ғолиб пазируфт.
Боз як азназаргузаронии бонуфуз бо рӯҳбаландии бузург кори худро ба анҷом расонд, ғолибон ва ҷоизадоронро ба фатҳи қуллаҳои боз ҳам баланд илқо намуд. Кулли иштирокдоронро бори дигар ба ин рӯҳбаландӣ табрик сохта ва изҳори боварӣ менамоем онҳо чун соҳибкор дар роҳи дастёбӣ ба шукуфоии кишвар ва саодати халқи худ ташаббусҳои тоза нишон медиҳанд.

Ф. ФАХРУДДИНОВА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: