ҶОЗИБАИ ЗИЁРАТГОҲИ БАҲОУДДИНИ БАЛОГАРДОН

Пири ҳафтуми «Ҳафт пир»-и Бухоро, дар силсилаи шарифи Нақшбандия пири шонздаҳум Хоҷа Муҳаммад Баҳоуддини Нақшбанд қуддиса сирруҳу (1318-1389) дар таълимоти диниву фалсафии тасаввуф ҳамчун асосгузори тариқати Нақшбандия машҳур аст.

Вай  дар деҳаи Қасри Ҳиндувон, ки даҳ километр дуртар аз шаҳри Бухоро дар самти шимолу шарқии он воқеъ мебошад, ба дунё омада, ба воя расид. Аз шарофати ӯ Қасри Ҳиндувон ба Қасри Орифон табдил ёфт.
Хоҷа Баҳоуддин ба шаҳрҳои Насаф, Ғадиват, Кеш, Хоразм, Кармана, Марв, Сарахс, Майхона, Мозандарон, Тус, Ҳирот, Нишопури Мовароуннаҳру Хуросон сафар карда, бо мардум суҳбатҳои диниву ирфонӣ доштааст, вале умри ӯ асосан дар Бухоро ва атрофи он гузаштааст. «Баҳоуддин» яъне «Нури дин» унвони ифтихории ӯст. Баҳоуддин ҳаёти  ғарибона дошта, бо меҳнати ҳалол рӯз дидааст. Вай хидматкор ё ғуломе надоштааст. Ӯ ба назарияи Юсуфи Ҳамадонӣ ва Абдулхолиқи Ғиҷдувонӣ такя карда, таълимоти худро офаридааст. Моҳияти ин таълимот «Даст ба кору дил ба ёр» мебошад.
Не маро мафрашу не мафрашкаш,
Не ғуломону турки тиркашкаш
Ҳама шаб чун сагони каҳдонӣ,
Сар ба дум оварам, бихусбам хуш.

Таълимоти Нақшбандияи Баҳоуддин аз ёздаҳ қоида (рашъа) иборат аст. Асосгузори чор рашъа: «Ҳуш дар дам», «Назар бар қадам», «Сафар дар Ватан», «Хилват дар анҷуман» Юсуфи Ҳамадонӣ буда, чор рашъаи дигар: «Ёдкард», «Бозгашт», «Нигоҳдошт», «Ёддошт» ба Хоҷаи Ҷаҳон — Хоҷа Абдулхолиқи Ғиҷдувонӣ дахл доранд. Хоҷа Баҳоуддини Нақшбанд ба ин ҳашт рашъа се қоидаи нав: «Вуқуфи замонӣ», «Вуқуфи ададӣ» ва «Вуқуфи қалбӣ»-ро илова кардааст.
«Вуқуфи замонӣ» соликонро ба ғанимат донистани вақт ва пурсамар истифода бурдани он водор месозад. Ин рашъа моҳиятан ҳадиси зерини Расули Худо (с.а.в.)-ро тақвият медиҳад: «Панҷ чизро пеш аз зуҳурёбии панҷ чиз ғанимат дон:
– ҷавониро то омадани пирӣ,
– солимиро то  расидани беморӣ,
– сарватмандиро то падиди муҳтоҷӣ,
– умрро то таҳдиди аҷал,
– вақти холиро то бандшавӣ».
«Вуқуфи ададӣ» даъват менамояд, ки солик ҳангоми зикри «Тавҳид» дар як нафас ба тартиб (3 ё 7 ё 9 ё ки 21 маротиба) риоя кунад. «Вуқуфи қалбӣ» – яъне эътимод ба аз таҳи дил будани зикр.
Азбаски таълимоти Нақшбандия ҷонибдори баробар пеш бурдани корҳои дунёи воқеӣ ва охират мебошад, бинобар ин вай дар  олам густариш ёфтааст. Беҳуда нест, ки мутафаккирони  бузурги Шарқ худро пайраву муршиди ҳамин тариқат шуморидаанд. Байни онҳо Шайхулислом Мавлоно Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ низ ҳастанд. 
Ҷомӣ ба қоидаҳои (рашъаҳои) тариқати Нақшбандия таърифи манзум дода бошад, Навоӣ асосҳои нақшбандияро «тариқати қаноат» («қаноат тарийқи») номидааст.
Ривоят мекунанд, ки Хоҷаи Нақшбанд шабе дар хоб шайхҳои хоҷагонро дидааст ва аз ғайб садое ба гӯшаш расидааст:  «Ҳама гуна бало аз баракоти ту дафъ мегардад. Ин каромати Муҳаммад Бобои Самосӣ ба туст».
Аз ҳамон вақт ин ҷониб мардум ӯро «Хоҷаи Балогардон», «Баҳоваддини Балогардон» мегуфтаанд. Инчунин вай бо сифат ва унвонҳои «Баҳоваддинҷон», «Хоҷаи Бузург», «Шоҳи Нақшбанд», «Аш-Шайхуш-шуюх», («Шайхи шайхҳо»), «Ал-Аҷал ал-кабир» («Даҳои бузург»), «Муҳйиссунна» («Эҳёгари суннат»), «Моҳиюл- бидъа» («Дафъкунандаи бидъат»), «Кошиф-ул-ҳақоиқ» («Кашфкунандаи ҳақиқат»), «Музҳир-ул-дақоиқ» («Заҳиркунандаи маъноҳои дақиқ»), «Ҳуҷҷат ул-Ҳаққи вад-дин вал-халқ»(«Ҳуҷҷати Ҳақ таоло ва дин ба бандагон»), «Баҳо ул-Ҳаққи ваш-шаръи вад-дин» («Нури шариат ва дин») машҳур гаштааст.
Вале Хоҷаи Бузург беҳад хоксор буд ва ҳамин сифат ӯро соҳибэҳтиром намудааст. Ӯ мегӯяд:

Зи ҳар баде, ки ту донӣ ҳазор чандонам,
Маро надонад аз он гуна кас, ки ман донам.
Дар ошкор бадам, дар ниҳон аз он бадтар,
Худой донад аз ин ошкору пинҳонам.


Аз ҳеҷкасии хештан бохабарам,
В-аз ҳеҷ касе беҳ наям, илло батарам.
Ҳарчанд ба ҳоли хештан менигарам,
Як ҳабба наярзад зи қадам то ба сарам.


Ки то кай гӯри мардонро парастӣ,
Ба гирди кӯйи мардон гардӣ, растӣ.


Сад суфра ба душман бикашад толиби мақсуд,
Бошад, ки яке дӯст биёяд ба зиёфат.

Зиёратгоҳи Баҳоуддин Нақшбанд дар Қасри Орифон дар давоми панҷ аср ташаккул ёфтааст.
Баъди вафоти Хоҷаи Бузург дар самти ғарбии мақбараи ӯ мазор пайдо шуд. Дар он муридон-шогирдони ҳазрат дафн гардидаанд. Тадриҷан дар ин ҷо намояндагони сулолаҳои ҳукмдорони Бухоро низ дафн шуда, «Дахмаи шоҳон» ба вуҷуд омадааст.  Мақбараҳои ҳукмдорони шайбонию аштархонӣ низ  асосан дар ҳамин ҷо мебошанд.
Охири асри XV болои қабри Баҳоуддини Нақшбанд дахма бунёд ёфта, он бо рӯпӯши (болопӯши) мармар ва панҷараи нақшинкор иҳота гардид. Нимаи аввали асри XVI бо супориши Абдулазизхон (1540-1551) атрофи қабр пӯшонида шуд. Тақрибан соли 1544 дар самти шимолӣ ва ғарбии он хонақоҳ ба вуҷуд омад. Як аср сонӣ дар даврони ҳукмронии Нодирхон (1642-1645) дар атрофи хонақоҳ ҳуҷраҳои дуошёна сохта шуданд.
Дар асри XIX дар ин ҷо масҷидҳои Амир Музаффархон ва Абдулҳаким Қушбегӣ қад афрохтанд. Охири асри XIX ва ибтидои асри XX дар зиёратгоҳ сақохона (оби тозаи ошомиданӣ нигоҳ дошта мешавад) бунёд гардид. Дар ҳамин ҷо соли 1720 манора (баландиаш 12,2 метр) сохта шудааст.
Солҳои салтанати шӯроҳо ба дарвозаи зиёратгоҳ қулф зада буданд. Он тайи солҳо фарсуда гардид.
Зиёратгоҳ солҳои истиқлол умри дубора дид. Корҳои ободонӣ, азнавсозӣ, бинокорӣ, бунёди боғу гулзорҳо ҷозибаи зиёратгоҳро афзуданд. Соли 1993-юм 675 солагӣ ва соли 2003-юм 685-солагии Баҳоуддини Нақшбанд таҷлил гардид.
Дарвозаҳои қадимӣ – Диловар ва Боб-ус-Салом ҳолати аслиашонро гирифтаанд. Дар ҷануб дарвозаи нави гумбаздор сохта шуд. Дар тарафи шарқӣ ва ҷанубии қабр айвонҳои пуршукӯҳи зебо қад афрохтанд. Аз Бухоро то зиёратгоҳ роҳи замонавии мумфарш сохта ба истифода супурда шуд.
Солҳои охир дар ҳудуди зиёратгоҳ мадрасаи олии «Мири Араб» ба фаъолият оғоз намуд.
Мувофиқи супориши Президенти мамлакат Шавкат Мирзиёев дар ин ҳудуд ҷараёни корҳо бобати боз ҳам ободтар намудани зиёратгоҳ аз моҳи феврали соли ҷорӣ ин ҷониб идома доранд. Мо ба қарибӣ ба ин гувоҳ гардидем. Дар самти ҷанубии зиёратгоҳ корҳои бинокорӣ дар авҷ буд. Аввалин шахсе, ки мо бо вай рӯ ба рӯ омадем, корманди СМУ-2-и ҷамъияти саҳҳомии «Нефтегазстройремонт» Фурқат Зойиров буд. Вай моро бо масъули корҳои сохтмон дар зиёратгоҳ, намояндаи «Инжиниринг»-и вилоят Туроб Тиллоев рӯ ба рӯ кард. Суҳбати мо бо вай дар вагончаи хидматиаш баргузор шуд.
– Ҳоло дар вилоят мувофиқи лоиҳаҳои беҳтарин кори ободтар кардани зиёратгоҳҳои «Ҳафт пир» бо авҷ давом дорад. Аз ҷумла, дар зиёратгоҳи ҳазрат – Хоҷа Баҳоуддини Балогардон низ корҳои назаррас амалӣ мегардад, – гуфт вай.
– Барои татбиқ кардани лоиҳаи пешбинишуда алҳол зиёда аз ҳашт ташкилот ва корхонаҳои бинокорӣ ин ҷо кор мекунанд. Сарпудратчии корҳои бинокорӣ КМБУК №2-и ҷамъияти саҳҳомии НГКГ мебошад. Ташкилоту корхона ва ҷамъиятҳои масъулияташон маҳдуди «Бухоройӯл», «Когонободонлаштириш», «Бухорогаз», «Бухоросувоқава», «Когонқурилиш», «Ботирбек, Боймурод қурилиш» ва ғайра ба ҷараёни корҳои ободгардонӣ саҳм мегузоранд.
Барои пурра амалӣ шудани нақшаҳо аз ҳисоби буҷа ва ҳомиён тақрибан зиёда аз бист миллиард сӯм маблағ харҷ мегардад.
— Ҳар ҳафта дар зиёратгоҳ бо иштироки ҳокими вилоят ҷамъомади штаби корҳои ободгардонӣ баргузор мешавад, – таъкид намуд Т. Тиллоев. Суҳбати мо бо директори зиёратгоҳ Карим Ҳаитов дар дафтари кории вай сурат гирифт. 
– Боиси хурсандист, ки ба қарибӣ корҳои нотамоми зиёратгоҳ: таҳоратхона, дарвоза, девори нақшинкор, ҳоҷатхона пурра ба анҷом расиданд. Шубҳае нест, ки ҷозибаи зиёратгоҳ, ҳусну ҷамоли он беш аз пеш меафзояд, – изҳори қаноатмандӣ кард Карим Истамович.
Вақти бозгашт боз назди мақбараи Хоҷаи Бузург омадем. Дар гӯшае корманди зиёратгоҳ, номзади илмҳои санъатшиносӣ Бахтиёр Бӯронов ба пурсишҳои зиёраткунандагон ҷавоб медод. 

Амрулло АВЕЗОВ, 
хабарнигори «Овози тоҷик»

дар вилояти Бухоро.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: