Аз хазинаи бузургон

На ҳар он чиз, ки зард бувад, бошад зар.

Ба назди мардуми бемор нохуш аст шакар.
***
Макун коре, ки не кори ту бошад,
К-аз он бар ҳар дил озори ту бошад.
 (Носири Хусрав).
***
Хирадро май бубандад, чашмро хоб,
Гунаҳро узр шӯяд, ҷомаро об.
***
Набошад морро бача, ба ҷуз мор,
Наёрад шохи бад, ҷуз тухми бад, бор.
***
Гули наргис накӯ бошад ба дидан,
Валекин талх бошад дар чашидан.  
(Фахриддини Гургонӣ).
***
Бо он лаби ширин чӣ диҳӣ посухи талхам,
Некӯ набувад посухи талх аз лаби ширин.
***
Офтоб арчӣ равшан аст, ӯро,
Пораи абр нопадид кунад.
***
Оби ноёфта гарон бошад,
Чун биёбанд, ройгон бошад,
***
Баҳри кайке гилем натвон сӯхт. 
 (Абулмаҷди Саноӣ).
***
Говест некшир, валекин лагадзан аст.
***
Хуш набошад ҷома ниме атласу ниме палос.  
(Заҳири Форёбӣ).
***
Он бувад аблаҳтарини мардумон,
К-аз паи нафсу ҳаво бошад равон.  
(Фаридаддуни Аттор).
***
Он яке хар дошт полонаш набуд,
Ёфт полон, гург харро даррабуд.
***
Оби дарёро агар натвон кашид,
Ҳам ба қадри ташнагӣ бояд чашид.
***
То нагиряд абр кай хандад чаман,
То нагиряд тифл кай нӯшад лабан*.
***
Одамӣ фарбеҳ шавад аз роҳи гӯш.
***
Моҳӣ аз сар ганда гардад, на зи дум.
***
Аз паи ҳар гиря охир хандаест.
***
Ҳар чӣ осон ёфтӣ, осон диҳӣ.
***
Оқибат ҷӯянда ёбанда бувад. 
 (Ҷалолиддини Балхӣ).

Таҳияи Б. САОДАТ.

    Лабан — шир.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: