ӮЗБЕКИСТОН — БА УМЕДИ МИЗБОН

Тавре ки муовини аввали вазири Вазорати тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши кишвар Ойбек Қосимов дар нишасти матбуотие, ки чанде қабл дар маҷлисгоҳи вазорат баргузор шуд, қайд кард, алҳол имкониятҳои мизбони Бозиҳои тобистонаи осиёии соли 2030-юм шудани мамлакат санҷида мешаванд.

Бинобар гуфти номбурда, барои ин аз ҷониби вазорат дар асоси омӯхтани таҷрибаи хориҷ ва таҳлили қувваи инфрасохтори иншооти варзишӣ, логистика, нақлиёт ва меҳмонхонаҳои мавҷудаи кишвар аз рӯи масъалаҳои фароҳам овардани инфрасохтори варзишии муносиб ба ҳукумати мамлакат таклифот пешниҳод мегардад. 


УСМОН ТОШЕВ — САРМУРАББИИ ДАСТАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН
Мутахассиси ӯзбекистонӣ Усмон Тошев ба дастаи яккачини олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ҳамчун сармураббӣ интихоб шуд. 
Мувофиқи маълумоти сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон ба мураббии номбурда вазифаи ба чемпионати Осиё баровардани даста вогузор шудааст. Бояд гуфт, ки бозиҳои саракунии чемпионати Осиё оид ба футбол 22-26 марти соли 2019 дар шаҳри Тошканд баргузор мешаванд. Дар гурӯҳи «Ғ»-и мусобиқа, ки дар он дастаи яккачини олимпии Тоҷикистон бозӣ мекунад, ҷамоаҳои мунтахаби олимпии Ҳиндустон, Покистон ва Ӯзбекистон ҷой доранд. Мувофиқи маълумоти мавҷуда, ғолиби гурӯҳи мазкур роҳхати мусобиқаи бонуфузи қитъа, ки соли 2020 дар Таиланд баргузор мешавад, ба даст меоварад. Ҳамчунин, чор дастае, ки дар 11 гурӯҳ натиҷаҳои хубро нишон медиҳанд, талошро идома медиҳанд. 

М. ҚОДИРЗОДА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: