ҚАДРИ ВАРЗИШГАР

Дар Самарқанд маросими мукофотонидани як гурӯҳ варзишгарон ва мураббиёни онҳо, ки соли ҷорӣ дар мусобиқаҳои варзишии Осиё, мамлакат ва турнирҳои байналхалқӣ ғолиб гардидаанд, ба миён омад.

Иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов ба варзишгарон ва мураббиён ифтихорнома, ташаккурнома ва тӯҳфаҳои ҳокимияти вилоятро супорида, таъкид намуд, ки дар майдонҳои варзишии ҷаҳон парчами Ӯзбекистонро баланд бардоштани вакилони вилоятамон боиси ифтихор ва сарбаландӣ буда, дили ҳар як шаҳрвандро лабрези сурур месозад. 
Назар ба маълумотҳо, соли ҷорӣ варзишгарони вилоятамон дар чемпионатҳои ҷаҳон, Осиё ва Ӯзбекистон, турнирҳои байналхалқӣ 2635 медалро ба даст оварданд. Дар Бозиҳои XVIII тобистонаи Осиё, ки 18-уми август то 2-юми сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Ҷакарта ва Палембанги Индонезия баргузор шуданд, аз вилояти Самарқанд 25 нафар варзишгар аз рӯйи 11 намуди варзиш иштирок карда, соҳиби 2 медали тилло, 4 нуқра ва 4 медали биринҷӣ шуданд.
Дар Бозиҳои III параосиё 7 нафар варзишгарамон 7 медал ва дар Бозиҳои III тобистонаи олимпӣ байни наврасон, ки дар Аргентина гузаронида шуд, 2 медалро ба ҳисоби ҷамоаи умумии мамлакатамон ҳамроҳ намуданд.  
Инчунин, донишҷӯи факултети механика-математикаи Донишгоҳи давлатии Самарқанд, соҳиби медали тиллоии аввалин олимпиадаи байналхалқии ба номи Муҳаммад ал-Хоразмӣ оид ба математика Ғайрат Тошпӯлодов бо ташаккурнома ва тӯҳфаҳои ҳокимияти вилоят мукофотонида шуд.

З. ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: