ЯК УСУЛИ ПЕШГИРӢ...

Дар вилояти Навоӣ ҳоли ҳозир курсҳои панҷрӯзаи таълимӣ барои ихтисосмандон ба роҳ монда шудааст, ки хеле фоидаовар аст.

Дар ин муддати начандон тӯлонӣ, таассуроти зиёде бардоштам, ки як ба як гуфтани онҳо мавзӯи алоҳида аст. 
Фақат он мавзӯъ, ки мавриди назар аст, ин таҳдиди касалии бедавои рӯз – ботулизм мебошад, ки хостам чанд сухан дар ин бора гуфта гузарам.
Ботулизм дар назари аввал касалии назарногир аст. Мо ки дар диёрҳои дурдасти кӯҳистони Нурато зиндагонӣ мекунем ва бо шароити зисти деҳот одат кардаем, бинобар ин аз василаҳои сирояти ботулизм қариб ки бехабар мемонем. Инак, факти аниқ: чанде пеш ба гӯшам расид, ки яке аз ошноҳоям, ки дар вилояти Сирдарё зиндагӣ мекард, баногаҳ аз олам гузаштааст. Баробари шунидани ин хабари нохуш, зуд ба чанде аз ёру ошноҳоям занг зада, аз асли матлаб огоҳ кардам, ки фалонӣ аз олам гузаштаасту имрӯз ҷаноза. Ҷавобан посух гирифтам, ки вай танҳо не,  боз якчанд нафари дигар бо ӯ ҳамроҳ будаанд. Дар ҳақиқат он рӯз фазои ёру дӯстон ҷомаи мусибат ба бар карда буд, ки дар як рӯз се нафар ёру ошноро ба хок супоридем. Он чор нафар дӯстони мо бо мақсади роҳати рӯз байни ҳам суҳбат карда, сари як табақ оши палав дами чақ-чақзанӣ доштаанд. Инак, дертар маълум гардид, аз бонкаи помидоре, ки ҷиҳати салати таом тановул мекунанд, ба чунин оқибат расидаанд. Хайрият, ки нафари чорум пас аз табобати таъҷилӣ зинда монд...
Хӯш, меоем ба сари матлаб. Сабзавот ё меваи ношуста, ё ҷараёни кори ба талаботи гигиена номувофиқ ва ё ҳазорон омилҳои дигар. Хонанда зуд хулоса мебарорад, ки сабаби оддии беэътиборӣ чӣ гуна оқибати нохуш оварданаш мумкин будааст...
Омӯзгори синфҳои ибтидоӣ ҳастам. Ҳамин ки курси панҷрӯзаи такмили ихтисосро анҷом додам ва аввалин коре, ки ба роҳ мондам, мубориза зидди ботулизм буд. Инро дар ҷараёни соатҳои дарсиам оғоз намудам. Доири мавзӯъ дар синфи сеюм дарси кушод гузаронда, якчанд муаллимро ҳам ба дарс таклиф намудам. Бурду бохти дарс аз они худам аст. 
Дар хотима гуфтанӣ ҳастам, ки дар ҳоли ҳозир нафақат омӯзгорон, балки ҳар як бошандаи ҷамъият сари пешгирӣ намудани касалиҳои сирояткунанда ва ё бехатарии аҳли ҷомеа андеша кунад ва албатта ташвиқот барад.

Шуҳрат НУРНАЗАРОВ,
омӯзгори синфҳои ибтидоии мактаби рақами 30-юми 
ноҳияи Нурато.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: