«TASHKENT CITY» ТАҶАССУМГАРИ РАВШАНИ ЗАРФИЯТИ БУНЁДКОРОНАИ ХАЛҚАМОН МЕГАРДАД

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 20 ноябр бо ҷараёни сохтмони иншооти замонавӣ дар ҳудуди маркази соҳибкории байналхалқии «Tashkent City» шинос гардид.

Дар бобати шаҳри Тошкандро, ки чун «Дарвозаи Шарқ» маъруф аст, шаҳри бузурги барои ҳаёт шинам табдил додан, рушди инфрасохтори хидматрасонӣ, нақлиёту логистика ва соҳибкории он корҳои доманфарохи бунёдкорӣ идома дорад.
Яке аз лоиҳаҳои нодир маркази соҳибкории байналхалқии «Tashkent City» ба шумор меравад, ки бо ташаббуси роҳбари давлат қомат афрохта, барои ба қатори шаҳрҳои замонавитарин ва зеботарини ҷаҳон дохил гардидани пойтахтамон замина ба вуҷуд меорад.
Дар ҳудуди маркази тиҷоратӣ дар майдони 80 гектар, ки ба 7 қисм тақсим гаштааст, корҳои сохтмон бино бар фармоишоти роҳбари давлат, ки зимни боздидҳои пешин дода буд, бо суръати баланд пеш меравад. Дар ин ҷо марказҳои тиҷорат, меҳмонхонаву маҷлисгоҳҳо, идораву иморатҳои бисёрҳуҷра, тарабхона ва объектҳои дигар бунёд мегарданд.
Шиносоии навбатиро бо объектҳои маркази тиҷоратӣ Президент аз боздиди майдони сохтмони меҳмонхонаи панҷситорагӣ оғоз кард, ки он бо номи маъруфи ҷаҳонии «Hilton» фаъолият хоҳад бурд. Ин меҳмонхонаи бистошёна дорои қулаиҳои замонавӣ мебошад, ки ӯтоқҳои замонавӣ, толори ҷамъомадҳои намояндагони олирутба, тарабхонаву салону ҳавзҳо дар дохили он мавҷуданд.
Барои тасаввуроти пурра ҳосил гардидан аз намуди ниҳоии меҳмонхона, дар ин ҷо бо мақсади намоиш макети комили ӯтоқҳо ва толорҳо гузошта шудаанд. Онҳоро роҳбари давлат аз назар гузаронда, ногузирии эътибори ҷиддиро ба ҷузъиёти он зимни ҷиҳозонии ӯтоқҳо, истифодаи намудҳои ранг таъкид кард, ки онҳо ба бошандаҳои меҳмонхона эҳсоси роҳат ва кайфияти хуб бояд бахшанд.
Дар шафати меҳмонхонаи «Hilton» толори маҷлис бунёд мегардад, ки яке аз иншооти боҳашамати марказ гардида, майдони 33 ҳазор метри мураббаъро ишғол мекунад. Он барои баргузор намудани чорабиниҳои байналхалқӣ бо иштироки меҳмонони олимартаба муқаррар гардида, бо технологияи замонавитарин муҷаҳҳаз хоҳад гардид. Толори асосӣ қариб 4 ҳазор нафарро  гунҷоиш медиҳад.
Шавкат Мирзиёев дар бобати сохтмони толори маҷлис дар асоси стандартҳои ҷаҳонӣ, ба вуҷуд овардани қулаиҳои зарурӣ барои қабули ҳайатҳои бузург супоришҳо дод.
Ба Президент дар бобати ҷараёни корҳо дар қисми №7 маълумот дода шуд. Ин қисми маркази тиҷоратӣ аз хиёбони усули аврупоӣ ва ҳамчунин биноҳои 7 ва 9 ошёна иборат хоҳад буд, ки дар онҳо қаҳвахона ва тарабхона, маҷмӯаҳои савдо, дуконҳои тамғаҳои машҳур, хонаҳои иқоматӣ, меҳмонхона ва коргоҳҳо ҷой хоҳанд гирифт.
Роҳбари давлат аз маҷмӯаи иқоматии «Gardens Residence» боздид намуда, бо макетҳои намоишии ҳуҷраҳои иқоматии ду ва чорхонагӣ, шароите, ки барои харидорон дар коргоҳи фурӯши ҳуҷраҳои омодаи «Dream City» ба вуҷуд оварда шудааст, шинос гардид.
Маҷмӯае, ки 8 гектар майдонро ишғол менамояд, аз 9 иморати бисёрҳуҷра иборат хоҳад буд. Зимни лоиҳакашии онҳо тамоми талаботи имрӯз ба инобат гирифта шуда, баъзе қулаиҳо барои оилаҳои серфарзанд, падару модарон ва меҳмонон пешбинӣ гаштааст.
Барои лоиҳакашӣ ва сохтмони маҷмӯа ширкатҳои маъруфи хориҷӣ дар соҳаи аудит, консалтинг ва сохтмон ҷалб гаштаанд.
Одамоне, ки дар чунин шароит зиндагӣ мекунанд, шуур, муносибаташон ба ҳаёт тағйир ёфта, маданияти нав дар онҳо ташаккул меёбад, гуфт Президент.
Роҳбари давлат таъкид кард, ки «Tashkent City» барои тиҷорат ва иқомат нафақат дар мамлакатамон, балки дар тамоми Осиёи Марказӣ бояд маркази бузургтарин гардад ва ба шахсони масъул дар заминаи бунёд намудани он дар асоси талаботи замонавии шаҳрсозӣ, ҳарчи бештар хабардор намудани харидорон дар бораи маҷмӯаҳои иқоматӣ ва коргоҳҳои дар ин ҷо бунёдгарданда супоришҳо дод.

Матназар ЭЛМУРОДОВ,
хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: