НЕРӮГОҲИ БАРҚИИ ОБӢ БА КОР ДАРОМАД

Дар Тоҷикистон аввалин агрегати НБО «Роғун» ба кор андохта шуд

Сохтмони ин иншооти барои Тоҷикистон ва минтақа муҳими гидроэнергетикӣ ҳанӯз асри гузашта, солҳои 1930 ба нақша гирифта шуда буд. Аммо танҳо соли 1960 корҳои омӯзишии он оғоз гардида, соли 1976 бунёдаш оғоз шуд. Он вақт хуб дарк мекарданд, ки бунёди НБО «Роғун» ҳам аз ҷиҳати иқтисодӣ ва ҳам аз ҷиҳати экологӣ манфиатовар аст. Зеро иқтидори НБО «Роғун» пас аз анҷоми сохтмон 3600 мегаваттро ташкил хоҳад дод ва дарғоти баландтарин дар дунё бо баландии 335 метр обанбореро ба вуҷуд оварад, ки ба 13,3 километри мукаабро фаро мегирад. «Роғун» солона 17,7 миллиард кВт-соат нерӯи барқ истеҳсол хоҳад кард.
Зикр кардан бамаврид аст, ки дар айни замон дар ин иншооти муҳими аср қариб 15 ҳазор нафар мутахассисону коргарон машғули кор буда, зиёда аз 2100 адад техника ва мошину механизмҳо сафарбар карда шудаанд.
Пас аз бунёди «Роғун» истеҳсоли барқ дар ҷумҳурӣ як баробар афзуда, натанҳо талаботи аҳолии он қонеъ гардонда мешавад, барои фурӯши зиёдатии он ба хориҷ аз кишвар низ имконият пайдо мегардад. Инчунин бунёди нерӯгоҳ танзими бисёрсолаи маҷрои обро дар тамоми ҳавзаи обрави Амударё таъмин мекунад. Гузашта аз ин имконият ва кафолат медиҳад, ки беш аз 3 миллион гектар замин дар солҳои камобиву хушксолӣ обёрӣ шаванд. Ин обанбор ба кишварҳои поёноб ҳам барои обёрии заминҳои мавҷуд ва ҳам барои шодоб кардани заминҳои навкорам шароит муҳайё месозад. Аз ин рӯ, сохтмони нерӯгоҳ ҷавобгӯйи талаботи миллии ҳам Тоҷикистон ва ҳам тамоми кишварҳои Осиёи Миёна мебошад.
Ба нақша гирифта шудааст, ки агрегати дуввуми НБО «Роғун» моҳи апрели соли оянда ба баҳрабардорӣ супурда хоҳад шуд, менависад АМИТ Ховар.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: