ОЛИМЕ, КИ ИЛМРО БАР ДИЛ ЗАДААСТ...

Мулоқоти сарвари мамлакатамон бо аҳли зиё, устодони муассисаҳои таълими олӣ ва мутахассисону донишмандони соҳаҳои гуногун дар баробари дастовардҳо, камбудиву норасоиҳои ин ё он соҳаро низ ошкор намуданд.

 Хабарнигорамон чанде қабл бо мудири кафедраи забонҳои ӯзбекӣ ва русии Донишгоҳи молияи Тошканд, доктори илмҳои филологӣ Нишонбой Ҳусанов доир ба дигаргуниҳое, ки дар ҳаёти муассисаҳои таълими олӣ рух медиҳанд ва ҷабҳаҳои гуногуни фаъолияти илмии ӯ суҳбате анҷом дод. Инак, фишурдаи он.
– Акои Нишонбой, Шумо овони дониншҷӯйӣ, баъди ба назари собиқ ҷонишини директори Институти забон ва адабиёти ФУ Ӯзбекистон Эргаш Фозилов барин инсони донишманд афтодан, дар ҷодаи илм ва зиндагӣ роҳи худро пайдо кардед. Яъне он инсони фозил дар як суҳбат дарк намуд, ки ояндаи дурахшон доред. Бино ба сухани ҳолдонон  дар баъзе кишварҳои рушдкарда ҷавонони болаёқат ба донишгоҳҳо тибқи суҳбатҳои оддӣ қабул карда мешудаанд. Талаби сарвари мамлакатамон ва замон низ ин аст, ки дар муассисаҳои таълими  олӣ танҳо ҷавонони боистеъдод таҳсил намоянд. Зеро рушду пешрафти иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии мамлакат ба мутахассисони пухта–ҷавонони болаёқату донишманд иртиботи ногусастанӣ дорад. Пайгирии  усули бо суҳбати оддӣ қабул кардани донишҷӯён ба донишгоҳҳо оё дар мо низ судбахш нест?
–Имсол метавон гуфт, ки шаффофияти қабул ба муассисаҳои таълими олӣ то ҷое таъмин карда шуд. Қарори сарвари кишварамон «Дар бораи чорабиниҳои иловагӣ доир ба баланд бардоштани сифати таълим дар муассисаҳои таълими олӣ ва таъмини иштироки фаъоли онҳо дар ислоҳоти густурдае, ки дар мамлакат татбиқ мешаванд», аз 5 июни соли 2018 ва дигар асноди доиргардида дар қабули донишҷӯёни боистеъдод ба муассисаҳои таълими  олӣ заминаи мусоид фароҳам оварданд. Имтиҳон худ ба маънои фарохаш посух додан ба суолҳои муайянро надорад. Дар суҳбатҳои оддӣ низ метавон то куҷо тавону салиқа ва дониш доштани ҷавононро имтиҳон кард. Зеро гоҳо мешавад, ки дар зовияҳои зеҳни ҷавонон посух ба ин ё он суоли мавриди назар вуҷуд дораду вале ҳолати равонӣ имкон намедиҳад, ки сари вақт ҷавоб гӯяд. Дар натиҷа бахти номи донишҷӯро  гирифтан  насиби на ҳар ҷавони болаёқат мегардад...
– Маъзарат мехоҳам, суҳбатамон сари он буд, ки Шумо, баъди ба пойтахт омадан, дар Институти забон ва адабиёт ФУ ба кор пардохтед...
– Бале, он солҳо сектори «Фарҳангҳои таърихию этимологӣ» таҳти роҳбарии Э. Фозилов бо офаридани луғати эзоҳии осори Алишер Навоӣ машғул буд. Ба ин кори басе муҳим олимони варзида ва шинохтаи шарқшинос – Қутбиддин Муҳиддинов, Ҷаъфар Ифтихор, Юсуфхон Шокиров, шоир Чустӣ ва мутахассисони нисбатан ҷавон – Ҷавқон Лапасов, Абдулло Юнусов, Исҳоқҷон Носиров, Ноила Расулова, Аҳмадҷон Каримов ва дигарон ҷалб карда шуда буданд. Бо саъю кӯшиш ва талошҳои Э. Фозилов ин кори савоб ба анҷом расид. Чаҳор ҷилди «Луғати эзоҳии забони асарҳои Алишер Навоӣ» тӯли солҳои 1983-1985 ба дасти чоп расид, ки ин дар ҳаёти фарҳангии ҷумҳурӣ рӯйдоди муҳиме буд.
– Рӯшанӣ меандохтед, ки Эргаш Фозилов чӣ талошҳо дошт?
– Дар роҳи чопи ин чаҳор ҷилд монеаҳои зиёде пайдо шуданд. Бо дархости боло вожаву ибораҳое, ки ба Худо, паёмбарон, авлиё ва тасаввуф иртибот доштанд, соқит карда шуданд ва ин фарҳанги нодир ҳамагӣ 1000 нусха чоп шуд, ки кам буд.
Мояи дилхушист,  ки дар тартиб додани ин луғат камина низ ширкат ҷустаам.
– Мехостем донем, ки Шуморо дар ҷодаи илм чӣ дастовардҳое насиб гардидаанд.
– Соли 1982 доир ба мавзӯи «Хусусиятҳои лексикографии «Луғати чиғатойӣ ва туркии усмонӣ»-и Шайх Сулаймони Бухорӣ» рисолаи номзадиамро дифоъ намудам. Рисолаи докториам «Хусусиятҳои лексикию семантикии антропонимҳои ёдномаҳои адабии қарни ХV ӯзбек» унвон дошт, ки дифоъаш соли 2000 сурат гирифт. Расо чаҳордаҳ сол дар ФУ бо пажӯҳиш сару кор доштам, ба қавле дар саҳрои илм бо сӯзан чоҳ кофтам.Беш аз 150 мақола, 6 рисола, 12 нусха китоби дарсӣ таълиф намудам, зиёда аз 10-то китоби луғат тартиб додам.Ин ҳама барои худ набуд...
–Вақте сухан аз фарҳанг ва фарҳангнигорӣ ба миён омад, устоди фарҳангнигор Амон Воҳидов дар суҳбат бо инҷониб изҳор доштанд, ки Шумо дар ин росто ковишҳои ҷолиб анҷом додаед. Бигӯед, ки аз фарҳангҳо то куҷо метавон забон омӯхт?
– Вожаи «фарҳанг» ё «луғат» дар забон ба ду маъно корбаст мешавад: 1. Гирд овардани калимаҳо тибқи тартиби алифбо, шарҳ додан ё тарҷума кардани онҳо ба дигар забон; 2. Маҷмӯъи вожаҳои дар забон вуҷуддошта; дороии забон. 
Луғатҳо намоёнгари дороии ин ё он забонанд. Барои инсон нахустин омӯзгори забон модар аст, модар  як ҳарфу ду ҳарф омӯхта бо мурури вақт фонди луғавии кӯдакашро ғанӣ мегардонад. Луғатҳо низ ба масал модаранд, ки мардумро забондон мекунанд. Вале мустақилона, бе кӯмаки устод омӯхтани забон имкон надорад. Зеро дар омӯхтани забон талаффузи дуруст нақши муҳим дорад.
– Дар урфият мегӯянд, ки: «Забон донӣ– ҷаҳон донӣ». Замон ҷавонони моро ба забондонӣ даъват менамояд. Дар ин даъват чӣ ҳикмат нуҳуфтааст?
– Бале, забондонӣ ҷаҳондонист. Ин мақоли халқ маҳсули таҷрибаи бисёрсола аст. Баъди истиқлолиятро ба даст даровардани кишварамон талаб ва имконият барои омӯхтани забонҳои хориҷӣ бештар гардид. Донишгоҳ, донишкада, коллеҷу литсей ва курсҳои махсуси забономӯзӣ дар пиёда гардидани ин талаби замон саҳм мегузоранд.Ӯзбекистон ба дунё рӯ овардааст, таҷриба ва технологияи пешқадам ба кишварамон ворид мешавад. Биноан, омӯхтани забонҳои англисӣ, русӣ, олмонӣ, франсузӣ, испанӣ, чиноӣ, арабӣ, кореягӣ, ҷопонӣ аз ҷониби ҷавононамон суди зиёде дар пай дорад.
– Шумо бо инҷониб бо забони тоҷикӣ озод табодули афкор намудед. Ба омӯхтани ин забон чӣ зарурат пеш омад? Боз кадом забонҳоро медонед?
– Банда забони тоҷикиро ҳанӯз вақте ки дар Самарқанд таҳсил доштам, то ҷое омӯхта будам. Дертар вақте бо масъалаҳои назарӣ ва амалии луғатнигорӣ сарукор доштам, зарурати донистани забони форсӣ-тоҷикӣ ва фарҳангҳоеро, ки  бо ин забон офарида шудаанд, амиқтар дарк намудам. Бино ба тавсияи донандаи забонҳои арабӣ ва форсӣ-тоҷикӣ, олими фарҳангнигор, устод Қутбиддин Муҳиддинов дар Институти забон ва адабиёти Фарҳангистони улуми Тоҷикистон бо корҳое, ки таҳти роҳбарии А. Капранов доир ба лексика ва лексикографияи форс-тоҷик анҷом дода шудаанд, ошно гардидам. Аҳли адаби тоҷику ӯзбек аз замонҳои қадим дӯсту ҳамкор будаанд ва ин дӯстию ҳамкорӣ ҳамеша натиҷаи матлуб бахшидааст. Ҳамкорӣ бо олими фарҳангнигори тоҷик Амон Воҳидов ҳусни таваҷҷӯҳи маро ба ин забон беш аз пеш афзуд. Аз адабиёте, ки ба забонҳои франсузӣ, русӣ ва туркӣ офарида шудаанд, баҳра мебардорам.     
– Баъзе адабиётшиносон бар онанд, ки Ҷалолуддини Румӣ, Аттор, Хоҷа Ҳофиз, Абдураҳмони Ҷомӣ, Алишер Навоӣ, Мирзо Бедил, Бобораҳим Машраб аз шоирони хосанд. Хосии онҳо аз нигоҳи шумо дар чист? 
– Ин рӯйхатро метавон идома дод. Инҷониб бо нафароне ҳамандешам, ки мегӯянд: «Касе, ки маърифати исломӣ надорад ва бо аҳодиси набавӣ ошно нест, наметавонад ба умқи мазомини абёти онон биравад». Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ беҳуда нафармудаанд, ки: 
«Маснавии маънавӣ»-и Мавлавӣ,
Ҳаст Қуръон дар забони паҳлавӣ.

Осори Мир Алишери Навоӣ низ саршор аз мазомини қуръонист. Хосии шуарои зикргардида дар он аст, ки танҳо нафарони маърифати исломӣ дошта ва бо тасаввуф ошно осору ашъори онҳоро ба таври бояду шояд дарк менамоянд. Осори эшон дар баробари ин, аз мазмунҳои заминӣ, яъне ҳаётӣ низ саршор аст. Деҳқону шубони оддӣ ҳам аз онҳо баҳра бурда метавонад.
– Таҳти роҳбарии Президентамон дар ҳамаи ҷабҳаҳои ҳаёт, аз ҷумла дар низоми  таълими томактабӣ, миёнаи умумӣ ва олӣ дигаргуниҳои куллӣ, метавон гуфт, ки инқилобӣ рӯй медиҳанд. Ба сифати як олими варзида доир ба ин дигаргуниҳо чӣ гуфтаниҳое дар дил доред?     
– Ислоҳотҳое, ки таҳти роҳбарии Президенти кишварамон ба амал татбиқ мегарданд, ба дили хидматгузорони соҳа – устодону мураббиён, қабл аз ҳама халқамон рӯшанӣ ворид намуд. Дар ҳама ҷо аз ба таълими ҳамагонии 11 сола гузаштан бо ризоияти тамом ҳарф мезананд. Таҷриба нишон дод, ки дар коллеҷҳои касбии пойгоҳи моддӣ-техникиашон хароб умри ҷавонон беҳуда пайсипар мегардад. Аксарияти онҳо, баъди хатми коллеҷҳо, ба сифати мутахассис дар истеҳсолот мустақилона «донишҳои назарӣ»-ашонро ба амал татбиқ карда натавонистанд...
Нишонбой Ҳусанов дар рафти суҳбатамон аз фарти хоксорӣ боре ёдовар нашуд, ки чор сол бори раисии яке аз ҷамъияти шаҳрванди ноҳияи Яшнободро, ки бо ташаббуси ӯ мардум номашро «Маърифат» гузошта буданд, бар ӯҳда дошт. Ковишҳояш дар саҳрои илм аз он далолат медиҳанд, ки  ӯ хеле барвақт бар умқи ин байти Ҷалолуддини Румӣ расида будааст, ки фармуда:
Илмро бар дил занӣ ёре бувад,
Илмро бар гил занӣ хоре бувад.

Суҳбаторо 
А. СУБҲОНОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: