УЛУҒНОР МАРРАРО ФАТҲ НАМУД

Дар иҷрои нақшаи шартномавии ба давлат супурдани пахта як қатор хоҷагиҳои фермерӣ ҳиссаи босазо гузоштанд.

Хусусан, хоҷагиҳои фермерии «Мағрурбек файзли ери», «Ураимовлар оиласи», «Мингчинорда ҷаннат», «Мингчинорда Муҳаммадюсуф ери»-и марбути ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Мингчинор аллакай дар моҳи сентябр супоришоти шартномавии пахтасупориро иҷро карданд. 
Гуфта мешавад, хоҷагии фермерии «Мамаҷон бува»-и минтақаи Мирзоаҳмедови ин ҷамоат аз ҳар гектари майдонҳои пахта наздики чилу як сентнерӣ, дар маҷмӯъ 223 тонна ҳосили пахтаи аълосифат рӯёнида, дар сафи пеши мусобиқа қарор гирифт. Дар пайи он хоҷагии фермерии «Улуғнорда Шерзодбек ери» дастикам бисту нӯҳ сентнерӣ, «Улуғнорда Азимҷон ери» бистуҳафтуним сентнерӣ ҳосили пахта рӯёниданд. Ҳамчунин, хоҷагиҳои фермерии «Забардаст», «Орзу-97» ва «Улуғнорда сариқ сув» нақшаи шартномавии пахтасупориро 120 фоизӣ ба иҷро расониданд.
Ногуфта намонад, ки ноҳияи Пахтаобод дар ҷумҳурӣ аз аввалинҳо шуда супоришоти шартномавии ба давлат супурдани пахтаро иҷро кардааст. Ҳоло дар пахтазорҳои вилоят мавсими чинда ба давлат супурдани пахта босуръат идома дорад.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири 
«Овози тоҷик».

Вилояти АНДИҶОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: