БА ИШТИРОКДОРОНИ ФОРУМИ ОСИЁӢ ОИД БА ҲУҚУҚҲОИ ИНСОН

Муҳтарам иштирокдорони форум!

Хонумон ва ҷанобон!
Дар шаҳри қадимии Самарқанд хайрамақдам гуфтан ба тамоми иштирокдорон ва меҳмонони форуми осиёӣ оид ба ҳуқуқҳои инсон ва муборакбод намудан бо 70-умин солгарди Декларатсияи умумиҷаҳонии ҳуқуқи инсон ба ман қаноатмандии бузург мебахшад. 
Ба Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид ҷаноби Антониу Гутерриш барои дастгирии ташаббус оиди баргузор намудани форуми мазкур, ки бори аввал дар минтақаи мо баргузор мегардад, миннатдории самимӣ изҳор менамоям.
Барои иштирокашон дар он аз намояндагони олимартабаи Созмони Милали Муттаҳид, Раёсати Комиссари олии СММ оид ба ҳуқуқҳои инсон, Созмони байналхалқӣ оид ба муҳоҷират, Созмони ҳамкории исломӣ, Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, созмонҳои дигари шарикӣ, институтҳои миллӣ оид ба ҳуқуқҳои инсони мамлакатҳои Осиё, инчунин арбобони бонуфузи хориҷии давлатӣ ва ҷамъиятӣ, корбастҳои намоён дар соҳаи ҳуқуқи инсон, сарони ҳайатҳои дипломатӣ, ки дар Ӯзбекистон номнавис шудаанд, миннатдорам. 
Рӯзмаррагии Форуми «Ҷамъбасти 70-умин солгарди қабули Декларатсияи умумиҷаҳонии ҳуқуқи инсон: даъватҳои замонавӣ ва воқеият» бо зарурати муттаҳид намудани саъю кӯшиш дар мустаҳкам кардани нақш ва аҳамияти ин ҳуҷҷати асосӣ муайян мегардад. 
Чи хеле, ки Комиссари олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон хонум Мишел Бачелет таъкид намуд, «мо ба сулҳи устувор, бехатарӣ ва рушд танҳо бо шарти ҳаракат намудан ба ҷониби адолати бузург ва баробарӣ муваффақ мегардем». Ман ин ақидаи муҳимро пурра дастгирӣ менамоям.
Тамоми тамаддун, фарҳанг ва дини ҷаҳонӣ, чӣ хеле ки таърих нишон медиҳад, таҳти таъсири ғояҳои инсонпарварӣ, ки дар асоси онҳо мафҳумҳои пойгоҳии ҳуқуқи инсон ташаккул ёфтаанд, ба вуҷуд омадаанд.
Масалан, дар ёдгории қадимии хаттии «Авесто», ки дар Осиё беш аз 2700 сол муқаддам офарида шудааст, ғояи ҳуқуқ ва озодии инсон, дар асоси тамоюлҳои эҳтирому боварии тарафайн бунёд намудани муносибатҳои байнимиллӣ нақши муҳим дошта, зӯроварӣ ва беадолатӣ рад карда мешавад.
Инчунин, яке аз ҳуқуқшиносони бонуфузи Шарқ Бурҳониддин Марғинонӣ ҳанӯз дар асри XII дар асари «Ҳидоя»-и худ ғояи зарурати ҳифзи ҳуқуқи ҳар як инсонро пеш гузоштааст. 
Ин арзишҳои муқаддас имрӯз ҳам рӯзмаррагии худро гум накардааст ва бо рӯзномаи Форуми мазкур ҳамоҳанг мебошанд. 
Таъкид кардан ҷоиз аст, ки Декларатсияи умумиҷаҳонии ҳуқуқи инсон, ки 70 сол қабл қабул шудааст, барои қарор ёфтани тамоюлҳои демократия ва инсонпарварӣ дар тамоми ҷаҳон имкониятҳои навро боз намуд.
Мутаассифона, имрӯз ҳамаи мо шоҳиди пурзӯр гардидани тамоюлҳои мураккаб ва пурзиддият мегардем, ки ба пешрафти ин ҷараёни мусбат монеъ мегарданд. 
Сухан, пеш аз ҳама, дар бораи низоъҳои яроқнок, шиддат ёфтани мухолифат, ихтилофи байниэтникиву байниконфессиявӣ, даъвату таҳдидҳои дигари ҷаҳонӣ ба рушди устувор, аз он ҷумла дар фазои аз Осиёи Ҷанубу Шарқӣ то Шарқи Наздик меравад.
Мо тамошобинони бегонаи торафт зиёд гардидани миқдори муҳоҷирон ва гурезагони ноилоҷ, мураккаб шудани мушкилоти  таълимгирӣ ва дастрасӣ ба ёрии тиббӣ, савдои одам ва меҳнати маҷбурӣ, таъмин кардани ҳуқуқи баробар ва имкониятҳо барои занон ва мардон, зарурати барҳам додани қашшоқӣ ва гуруснагӣ буда наметавонем.
Ба ин маънӣ, бино бар боварии қатъии мо, ояндаи минтақаи Осиё, ки дар он беш аз 4,5 миллиард нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунад, аз бисёр ҷиҳат ба омодагии риоя намудан ба вазифаҳои дар рӯзномаи Созмони Милали Муттаҳид дар соҳаи рушди устувор дар давраи то соли 2030-юм муайяншуда, инчунин ташаккул додани механизми самарабахши минтақавии ҳифзи ҳуқуқи инсон вобаста мебошад.
Муҳтарам иштирокдорони Форум!
Имрӯз мо дар Ӯзбекистон дар зинаи нави рушди миллӣ ба тамоюли асосии: «На халқ ба мақомоти давлатӣ, балки мақомоти давлатӣ бояд ба халқ хидмат кунад» риоя менамоем. Маҳз ин асоси татбиқи Стратегияи рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон то соли 2021 гардид.
Мо ваколати парлумонро ба таври қатъӣ васеъ гардонда, институтҳои назорати ҷамъиятиро мустаҳкам намудем, ҷамъияти шаҳрвандиро фаъол ривоҷ медиҳем. Низоми судӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба таври куллӣ ислоҳ мегардад. Бино бар мустаҳкам кардани институти оила ва пояҳои маънавиву ахлоқии ҷамъият корҳои бузург амалӣ гардида, барои тарбияи авлоди баркамол дар рӯҳи этиром ба арзишҳои миллӣ ва умумиинсонӣ тамоми шароит фароҳам оварда мешавад.
Шарикии наздик бо сохторҳои байналхалқӣ дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон васеъ мегардад, бо созмонҳои ғайриҳукуматии ҳифзи ҳуқуқ мулоқоти конструктивӣ ба роҳ монда шудааст. 
Мо ин корҳои муҳимро қатъӣ идома медиҳем. Вазифаи устувори мо аз кӯмаки ҳамаҷониба расондан ба худтатбиқкунӣ, таъмин кардани ҳифзи ҳуқуқи асосӣ ва манфиатҳои қонунии инсон иборат мебошад. Сулҳ, устуворӣ ва беҳбудӣ аз ин вобаста аст.
Боварӣ дорам, ки Декларатсияи Самарқанди бино бар ҷамъбасти форум қабулшуда ба мустаҳкам кардани ҳамкории байналхалқӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон, ба дараҷаи нав ва баландтарин баровардани ин кори нек мусоидат мекунад. 
Таклифу ташаббусҳои дар доираи конфронс аз ҷониби иштирокдорон пешниҳодшуда, инчунин хулосаҳои онҳо ҳангоми коркарди барномаҳои миллӣ ва стратегия дар соҳаи ҳуқуқи инсон ба назар гирифта мешавад. 
Ба тамоми иштирокдорон ва меҳмонони форум кори самарабахш ва пурмазмун гузаштани ташрифашонро  металабам.

Шавкат МИРЗИЁЕВ, 
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: