ДАР БОНН ШОМИ ТАОМҲОИ МИЛЛИИ ӮЗБЕКИСТОН БАРГУЗОР ШУД

Тавре ки мо аллакай хабар дода будем, пештар дар мактаби халқии Volkshochschule-и Бонн аз ҷониби Сарконсулгарии Ӯзбекистон дар ҳамкорӣ бо Ҷамъияти дӯстии олмониву ӯзбекистонӣ ва ҳокимияти собиқ пойтахти Олмон мунтазам курсҳои «Таомҳои анъанавии Ӯзбекистон» ташкил карда мешаванд.

Онҳо ба шинос кардани намояндагони ҷомеаи Олмон бо рушди кунунии кишвари мо, маданият ва урфу одатҳои мардуми Ӯзбекистон нигаронида шудаанд. Сабақҳо шуҳрати хуб доранд, бино бар ҳамин ҳам соле чаҳор бор бо гурӯҳҳои иборат аз 12 нафар гузаронида мешаванд.
Дар доираи сабақи ҷории таълимӣ чорабинӣ бахшида ба таомҳои миллии ӯзбекӣ баргузор гардид. Иштирокдорони он аз ҷумлаи шунавандагони ин мактаби халқӣ тайёр кардани «Мастава», «Дӯлма» ва хурӯши «Шакароб»-ро омӯхтанд. 
Ҷараёни тайёркунии таомҳо, ки басо шавқовар буд, бо ҳикояҳои завқбахш дар бораи ҳаёти кунунии Ӯзбекистон, таърихи он, мероси ғановатманд ва иқтидори иқтисодиву сайёҳии вай идома дошт.
Хабарнигори мо бо чанде аз иштирокдорони он ҳамсуҳбат шуд.
Муаррих, корманди илмии Донишгоҳи Кёлн Юлия Олаф:
– Ман бо мероси таърихии Темуриён, нақши онҳо дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ хуб ошно ҳастам.  Маро маданияти гуногунранги мардуми Ӯзбекистон мафтун мекунад. Барои ҳамин ҳам дар чорабиниҳои вобаста ба Ӯзбекистон, ки дар шаҳри мо баргузор мешаванд, мунтазам ва бо қаноатмандӣ иштирок мекунам.
Шоми имрӯза дар ҳаёти шаҳри мо воқеаи хотирнишин гардид. Иштирокдорони он бо маданияти Ӯзбекистон қарин шуданд, таомҳои миллӣ, анъанаҳои онро омӯхтанд, дар бораи рушди ҳолоинаи Ӯзбекистон маълумот гирифтанд. Ҳамаи ин дилнишин буд. Муътақидам, ки ин гуна чорабиниҳо муҳити мусоидро беҳтар ва риштаҳои дӯстии байни халқҳои Ӯзбекистон ва Олмонро мустаҳкамтар мекунанд, ҳамчунин ба оммавӣ шудани нуфузи сайёҳии Ӯзбекистон дар байни сайёҳони немис мусоидат менамоянд.
Докторанти Донишгоҳи Бонн Габриэл Штафферт:
– Мо бо ҳамсарам ба таомҳои миллии халқҳои дигар рағбат дорем. Ин одати мост. Дар сайти Volkshochschule таклифи махсусро бобати иштирок кардан дар сабақҳои «Таомҳои анъанавии ӯзбекӣ»-ро дарёфтем ва ҳоло бо қаноатмандӣ дар он иштирок мекунем.
Ба мо ҷараёни таълим ва албатта, таомҳои ӯзбекӣ хеле маъқул шуданд. Ҳамроҳи мо дар сабақҳо ду нафар ҳамватанонамон, ки аллакай ба Ӯзбекистон сафар кардаанд, низ иштирок намуданд. Онҳо бо шавқ дар бораи сафарҳои худ, меҳмоннавозиву таомҳои гуногуни мардуми Ӯзбекистон ҳикоя мекунанд.
Мо бо ҳамсарам қарор додем, ки соли оянда барои он ки ҳусни мамлакати шуморо бо чашмони худ дида, аз лаззати  таомҳои миллии Ӯзбекистон баҳра бардорем, ба Ӯзбекистон сафар кунем.

ОИ «Дунё»,
БОНН – ФРАНКФУРТИ ЛАБИ МАЙН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: