ОРЗУИ ДЕРИНАИ МАРДУМ АМАЛӢ ШУД

Яке аз кӯҳҳои Бойсун бо номи «Кӯҳи Фарҳод» ёд мешавад.

 Ривоят мекунанд, ки дар замонҳои қадим маҳбубаи Фарҳод – Ширини соҳибҷамол шарт мегузорад, ки ӯ аз доманакӯҳи Чӯлбаир ҷӯйи об оварад. Фарҳоди рустамназир каланду таши худро сари китф гузошта, ба бағали ин кӯҳ меояд ва бо мадади Худованд аз синаи кӯҳи азим ҷӯ кушода, обро ҷониби деҳае, ки маҳбубааш мезист, равон мекунад. Мегӯянд, ки то ҳол пайи тешаи Фарҳоди кӯҳкан дар он ҷо боқист.
Мардуми ин диёр аз бағали кӯҳ то даштҳои доманфарох манзил сохтаанд. Дар дашт оби ошомиданӣ хеле кам аст. Бино бар ин сокинони кӯҳистон аз норасоии оби нӯшиданӣ азият мекашанд.
Президент Шавкат Мирзиёев як сол қабл аз ин бо назардошти дархости мардум ба Бойсун ва деҳаҳои гирду атрофи он овардани оби чашмаи Хӯҷамайхоноро пешниҳод карда буд. Иҷрои ин кори муҳим ба зиммаи идораи Ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзбекистон темир йӯллари» гузошта шуд. Сохтмончиён бо роҳбарии Алибек Самандаров бо 150 нафар коргарон охири моҳи апрел ба кор оғоз карданд. Ҳамин тариқ, сохтмончиён дар масофаи 30 километр лӯлаҳои филизӣ ва ба тӯли 7 километр найҳои полиэтилиро насб карда, ба ин манзили лабташна оби ин чашмаро оварданд.
Ба қарибӣ онҳо корҳои худро бомуваффақият ба охир расониданд. Ба ин муносибат дар деҳаи Даштиғоз ҷамъомади бошукӯҳ барпо гашт. Дар он зиёда аз якуним ҳазор сокинони деҳаҳои гирду атрофи ноҳияи Бойсун ҷамъ омаданд. Дар расми кушодашавии ин иншооти муҳим иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилояти Сурхондарё Баҳодир Пӯлатов иштирок карда, мардуми ин диёрро ба ин воқеаи хурсандибахш табрик намуд. Ҳамин тариқ, орзуи деринаи мардуми кӯҳистони Бойсун ҷомаи амал пӯшид.

Нуралӣ РАҶАБ,
хабарнигори «Овози тоҷик»
дар вилояти Сурхондарё.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: