КАМОМАД ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИ ТОМАКТАБӢ

Дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии Гулистон бинобар мушкилоти муассисаҳои таълими томактабии вилояти Сирдарё ҷамъомад барпо гардид.

 Он таҳти раёсати ҷонишини ҳокими вилоят Отабек Абдуғаниев гузашт. Дар ҷамъомад сармутахассиси ҳокимият Нодир Абдуллоев оид ба натиҷаҳои санҷиши муассисаҳои таълими томактабии вилоят аз ҷониби гурӯҳи кории ҳокимият маърӯза кард.                                                                                                                            
Маълум шуд, ки гурӯҳи корӣ аз фаъолияти аксар муассисаҳои таълими томактабӣ қаноатманд нест. Аз ҷумла Н.Абдуллоев гуфт, ки дар бисёр муассисаҳои зикршуда доруҳои зарурӣ, асбобҳои ҳароратсанҷ намерасанд, ҳамшираҳои тиббӣ ва мураббиён ба кор сари вақт намеоянд, ходимоне ҳастанд, ки бо муассиса шартномаи меҳнатӣ набастаанд, ҳатто баъзе мураббияҳо дафтарчаи назорати тиббӣ надоранд, кӯдакони ҳанӯз ноболиғро ба боғча қабул  кардаанд...                                                                                                                                                      Ҷонишини ҳокими вилоят Отабек Абдуғаниев иброз дошт, ки дар як қатор кӯдакистонҳо роҳбарони онҳо ақрабои худро ба кор пазируфта, ба хешовандбозӣ роҳ додаанд. Аз аввали соли ҷорӣ то имрӯз дар вилоят 41 нафар роҳбари муассисаи таълими томактабӣ аз вазифаҳои худ сабукдӯш карда шуда бошанд ҳам, ин ба дигарон ибрат нашудааст. Роҳбарони боғчаҳо ба 67 миллион сӯмина камомад роҳ кушодаанд. То имрӯз 32 миллион сӯми он ба давлат баргардонида шуд. Таъминот бо хӯрокворӣ дар бисёр боғчаҳо ба талаб ҷавоб намедиҳад. Баъзе роҳбарони муассисаҳои таълими томактабӣ чунон фориғболанд, ки маблағи аз буҷа ҷудокардашударо сари вақт истифода намебаранд. Маҳз аз бемасъулиятии чунин роҳбарон дар ноҳияи Хавос 143 миллион, дар ноҳияи Сирдарё 121 миллион, дар шаҳри Ширин 59 миллион сӯм маблағ истифода нашудааст. 
Дар ҷамъомад сардори Садорати адлияи вилоят Шокир Саидов, ҷонишини прокурори вилоят Насриддин Каримов, сардори Садорати муассисаҳои таълими томактабии вилоят Абдуваҳҳоб Турдибоев низ ба сухан баромада, фикру мулоҳизаҳои худро баён карданд. Ҷамъомад бинобар масъалаҳои мавриди баррасӣ қарор қабул кард.    
                                           
Тӯхтамиш БОҚИЕВ,
хабарнигори “Овози тоҷик” дар вилояти Сирдарё.      
                          

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: