«ҚАҲРАМОНҲОИ ЗАМОНИ МО» ДАР КИТОБҲО

Бо мақсади таъмини иҷрои қарорҳои Президент «Дар бораи чораҳои маҷмӯӣ оиди рушди нашри маҳсулоти китоб ва сохтори паҳнсозии он, тарғиби мутолиаи китоб ва баланд бардоштани маданияти китобхонӣ» (13 сентябри соли 2017) ва «Дар бораи чораҳои боз ҳам такмил додани фаъолияти Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон» (5 апрели соли 2018) дар Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон тақдимоти китобҳо аз силсилаи «Қаҳрамонҳои замони мо» баргузор гардид.

Тадбирро муовини раиси Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон Минҳоҷиддин Мирзо кушод ва таъкид намуд, дар ҳамаи ҷабҳаҳои ҳаёт фидокорона меҳнат кардани ҳамзамонҳоямон ба касе сир нест. Офаридани образҳои мукаммали бадеии онҳо дар саҳифаҳои адабиёт, муҳр намудани корҳои азими бунёдгаронаи рӯзҳои мо ба зарварақҳои таърих тақозои давр мебошад. Президенти мамлакатамон Шавкат Мирзиёев зимни вохӯрӣ бо зиёиёни эҷодкори кишвар (3 августи соли 2017) вазифаҳои муҳими дар назди аҳли қалам истодаро муайян сохта буд. Инак, дар асоси лоиҳаи иҷтимоии «Стратегияи тараққиёт ва қаҳрамони замони мо» аз ҷониби Хонаи эҷодии табъу нашри ба номи Ғафур Ғулом китобҳои нависандагон Қӯчқор Норқобил «Дар ин ҷо ҳаёт дигархелтар», Исоҷон Султон «Аз пайи Ҳазрати Хизр», Луқмон Бӯрихон «Кӯҳе, ки ларзон аст», Абдуқайюм Йӯлдошев «Оғӯши осмон»-ро аз чоп баровард.
Сармуҳаррири Хонаи эҷодии табъу нашри ба номи Ғафур Ғулом Илҳом Зойир дар баромади худ оиди навишта шудани ин асарҳо дар муддати кӯтоҳ, бо замон ҳамнафас ва ҳамқадам будани қаҳрамонҳо, ки дар ҷабҳаҳои гуногун фидокорона фаъолият мебаранд, маҳорати адабии муаллифон, ки дар офаридани образҳои ҷолиб ба комёбиҳои эҷодӣ даст ёфтаанд, қайд карда гузашт. Адабиётшинос Адҳам Алибеков, нависанда Санҷар Турсунов, шоир Ғайрат Маҷид ва дигарон оиди дар ин асарҳо санъаткорона ва бо рангҳои ҷаззоб ба тасвир гирифта шудани ҳаёти шахсони оддие, ки барои халқ ва Ватан кору зиндагӣ карданро ба худ шараф меҳисобанд, ҳарф заданд.
Дар асари Абдуқайюм Йӯлдошев «Оғӯши осмон» орзуҳои писарбачае, ки  дар биёбонҳои Ҷиззах ба воя расидааст, қаламдод мешаванд. Писарак, ки орзуҳояш як олам буданд, аз осмон чашм намеканд. Инак, ба камол расида, ҳавонавард шуду ниятҳояш ба амал баромаданд. Вале ин осон накӯчид. Ӯро лозим омад машаққатҳои зиёдро бо сабурию бурдборӣ паси сар намояд.
Қаҳрамонҳои асари «Аз пайи Ҳазрати Хизр»-и И.Султон низ одамони оддианд, ки байни мо зиндагӣ мекунанд. Худшиносӣ ва ҷонфидоӣ, ватанпарастию мардумдӯстии онҳо қобили таваҷҷӯҳ.
Мегӯянд, одамони роҳсоз ҷаннатианд. Ҳар қадар одамон дар он роҳ бисёр ҳаракат кунанд, савобаш он қадар зиёд. Дар «Кӯҳе, ки ларзон аст»-и Луқмон Бӯрихон яке аз воқеаҳои муҳим дар ҳаёти роҳсозии Ӯзбекистони соҳибистиқлол – сохтмони роҳи оҳани «Тошканд – Қумқӯрғон» ба қалам дода шудааст. Тарзи ҳаёти роҳсозон, садоқати онҳо ба касб моҳирона ба тасвир гирифта шудааст.
«Дар ин ҷо ҳаёт дигархелтар»-и Қӯчқор Норқобил низ мароқангез аст, таъкид намуданд онҳое, ки ба сухан баромаданд. Дар дунё эҳсос ва муқаддасот зиёд, вале бузургтарин ва муқаддастарин эҳсос – эҳсоси Ватан. Қ.Норқобил ба тасвири ҳамин гуна эҳсос кӯшиш ба харҷ дода ва то андозае муваффақ шудааст.
Дар ин чаҳор китоб қаҳрамонҳои замони мо тасвир ёфтаанд. Иштирокдорон изҳори умед ва боварӣ намуданд, қаҳрамонҳои китоб барои китобхонҳо низ қаҳрамонҳои воқеӣ шуда мемонанд.

Ш. МУҲАММАД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: