МАРДУМИ МАЛАЙЗИЯ БА ЗИЁРАТИ ӮЗБЕКИСТОН РАҒБАТИ ЗИЁД ДОРАНД

Ба қарибӣ ҳайати намояндагони соҳаи маънавияти Малайзия бо сарварии президенти Шӯрои исломии иёлати Саравак Ҳоҷӣ Миснӯ бин Ҳоҷӣ Таҳа ба Ӯзбекистон омад.

Сафар бо кӯмаки сафоратхонаи мамлакати мо дар Малайзия ба мақсади барқарор кардани алоқа ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои байни намояндагони дини ду мамлакат, ҳамчунин омӯхтани имкониятҳои зиёрат-сайёҳӣ дар Ӯзбекистон ташкил карда шуд.
Ба ҳайати вакилон муфтӣ, сарменеҷери Бунёди ташкили ҳаҷ, судяи олии суди шариат, директори Департаменти оид ба корҳои ислом, роҳбари Маъмурияти муфтиёти иёлати мазкур ва намояндагони дигари рӯҳониёни Малайзия дохил шудаанд.
Дар ҷараёни сафар дар Раёсати ислом, Кумитаи оид ба дини назди Девони Вазирон, Кумитаи давлатии доир ба рушди сайёҳӣ, Маркази тамаддуни исломӣ, Донишкадаи нуҷумшиносии ба номи Улуғбек, ҳамчунин Фарҳангистони улуми Ӯзбекистон вохӯриҳо ба амал омаданд.
Баробари ин ҷониби Малайзия имкониятҳои Ӯзбекистонро дар соҳаи сайёҳии зиёратӣ омӯхт, бо фарҳанги исломӣ ва суннатҳои маънавӣ, мероси илмии Ӯзбекистон шинос шуд.
Бино бар натиҷаи гуфтушунидҳо бобати ба роҳ мондани такмили ихтисоси ҳайати профессорону омӯзгорон ва табодули донишҷӯёни байни мактабҳои махсуси олии ду мамлакат, омӯхтани мероси илмии ислом аз тариқи баргузор кардани конфронс, машварат ва пажӯҳишҳои муштараки дастнависҳои бостонӣ, ки дар Ӯзбекистон нигаҳдорӣ мешаванд, муоҳидаҳо ба имзо расиданд. Ҷониби Малайзия ба ҳамкорӣ бо шарикони ӯзбекистонӣ бобати бунёди расадхона дар ҳудуди Малайзия рағбат зоҳир намуд.
Тавре ки Ҳоҷӣ Миснӯ бин Ҳоҷӣ Таҳа қайд намуд, Ӯзбекистон гаҳвораи тамаддуни исломӣ ба шумор меравад ва бояд ҳар як мусулмон онро дар ҳаёти худ ҳадди ақал як бор зиёрат кунад.
– Дар ҳудуди Ӯзбекистон миқдори зиёди зиёратгоҳҳои мусулмонӣ ва мероси бебаҳои олимони исломшинос ҳамчун Имом ал-Бухорӣ, Имом ат-Тирмизӣ, ал-Мотурудӣ, Баҳоуддини Нақшбанд ва дигарон мавҷуданд, ки Ӯзбекистонро ба сифати ганҷинаи нафақат Шарқ, балки тамоми ҷаҳон муаррифӣ мекунанд, – таъкид кард вай.

ОИ «Дунё».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: