АФРӮЗАИ ЧЕМПИОН

Пирӯзӣ ва ё мағлубият ин ду ҳодисаест, ки дар тамоми намуди варзиш барои варзишгар метавонад воқеаи хотирмон гардад.

Агар ҳангоми пирӯзӣ бовараш ба худ бештар шавад, мағлубият сабақ шуда ба машқу тамринҳои минбаъда даъват мекунад.
Воқеан, чун комёбии варзишгареро пас аз мусобиқа бо замми хурсандии падару модар ё хешовандону наздикони вай мушоҳида мекунед, меҳратон ба варзиш меафзояд. Чемпионати Осиёи Ғарбӣ оид ба шоҳмот, ки ҳафтаи гузашта байни писарону духтарони аз 6 то 20 сола баргузор шуд, аз чунин манзараҳо ғанӣ буд. Бешубҳа, дар варзиш ғалаба мақоми аввалиндараҷа дорад ва қадр мегардад. 
Шодмониҳо ва нигоҳи ҷиддии духтараки хурдсол, ки пас аз донаронӣ бо дугонаҳояш суҳбат мекард, маро ба худ ҷалб намуданд. Маълум шуд, ки вай ҳамон чемпиони ҷаҳон оид ба шоҳмот Афрӯза Ҳамдамова аст, ки пештар номашро шунида будам. 
– Чемпионат хеле хуб гузашт ва ба ман маъқул шуд, – гуфт Афрӯза. – Дар намуди рапиди мусобиқа 6 хол, дар намуди стандарт 8 ва дар навъи блитс 8 холро ба даст оварда, сазовори ҷойи якум шудам. Ман аз 4-солагиам бо шоҳмот шуғл меварзам ва падарам Акбар Ҳакимов мураббии аввалинам мебошанд. 
Шоҳмотбози наврас Афрӯза Ҳамдамова, тавре ки зикр шуд, дар ин мусобиқа аз хелҳои рапид, стандарт ва блитс се медали тиллоиро ба даст оварда, соҳиби унвони устоди варзиш гардид. 
– Духтарам дар мусобиқаҳои байни шоҳмотбозони то 10-сола иштирок кард. Пеш аз ин ҷо омадан мо дар шаҳри Сантиягои Испания будем. Афрӯза дар як мусобиқа бомуваффақият иштирок намуд. Ҳоло дар ин мусобиқа ширкат кардем. Хеле хурсандам, ки Афрӯза дар чемпионати Осиёи Ғарбӣ барандаи се медали тиллоӣ шуд, – мегӯяд Акбар Ҳакимов. – Ӯ аз 4-солагиаш бо шоҳмот шуғл меварзад. Аз панҷсолагӣ дар мусобиқаҳо иштирок мекунад. Гуфтаниам, ки бояд ҳама бо шоҳмот меҳр банданд, фарзандони худро ба ин намуди варзиш ҷалб созанд. Дар ин бобат албатта эътибори падару модар бағоят муҳим аст.   
Ин духтараки соҳибистеъдод соли 2009 дар шаҳри Самарқанди бостонӣ таваллуд шудааст. Афрӯза, ки дар оилаи шоҳмотбозони моҳир ба дунё омадааст, ба ин намуди варзиш шавқи беандоза дорад. Вай соли 2016, яъне дар 7-солагиаш сазовори унвони чемпиони Ӯзбекистон оид ба шоҳмот гардид. Пас аз дарёфти унвони чемпионӣ барои вай дари чемпионатҳои Осиё ва ҷаҳон боз шуданд. Аз ҷумла, Афрӯза бори нахуст дар чемпионати Осиё, ки 8-18 июни соли 2016 дар Теҳрон баргузор шуд, бомуваффақият иштирок кард ва дар байни духтарони то 7 сола чемпиони мутлақи Осиё шуда, аз рӯи блитс, стандард ва рапид – се медали тиллоро ба даст овард. Дар 8 солагиаш дар чемпионати ҷаҳон, ки моҳи апрели соли 2017 дар шаҳри Ясии Руминия байни духтарони то 9-сола баргузор шуд, ғолиб омада, чемпиони ҷаҳон гардид. 
Шоҳмотбози хурдсол то имрӯз дар мусобиқаҳои зиёд иштирок ва барои ба даст овардани ғолибият саъй намудааст. Афрӯза ба ин ҳама дастовардҳо маҳдуд шуданӣ нест. Вай мехоҳад дар мусобиқаҳои зиёд иштирок карда, боз шарафи Ӯзбекистонро ҳимоя кунад ва парчами кишварро баланд бардорад. Алҳол ӯ дар синфи 3-юми мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 42-юми шаҳри Самарқанд таҳсил мекунад. Бинобар гуфти номзади устоди шоҳмот, яъне падараш Акбар Ҳакимов иштироки ӯ дар мусобиқаҳо ба хондани вай таъсири нохуш надорад. 
Бояд гуфт, ки Афрӯза Ҳамдамова то имрӯз 7 маротиба чемпиони Ӯзбекистон, 9 маротиба чемпиони Осиё ва 4 бор чемпиони ҷаҳон оид ба шоҳмот шудааст.

Меҳровари ҚОДИР,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: