ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ: КАМБУДӢ ВА МУВАФФАҚИЯТҲО

Сарвари давлат Шавкат Мирзиёев барои пешрафти соҳаи тибби мамлакат пайваста ғамхорӣ зоҳир менамояд.

Пойгоҳҳои моддиву техникии шифохонаҳо беҳ мегарданд. Дараҷаи хидматрасонии тиббӣ ҳам торафт рӯ ба беҳбудӣ мениҳад. Тавре дар ҷамъомади видеоселекторӣ, ки бо иштироки  Президенти кишвар гузашт, таъкид гардид, то ин дам барои  ислоҳ намудани соҳаи тиб 50 фармон ва 70 қарори Президент  ва фармоишоти Девони Вазирон интишор шудаанд. Меҳнати ходимони соҳа ба таври сазовор қадр гардида, музди меҳнаташон мунтазам зиёд карда мешавад. Дар ин бора ба наздикӣ Қарори Президент «Дар бораи чораҳои беҳтар кардани ҳавасмандгардонии моддии ходимони муассисаҳои давлатии тиббӣ ва мақомоти идораи нигаҳдории тандурустӣ» ба имзо расид, ки ҳуҷҷати  муҳим ба шумор меравад. Бо вуҷуди ин қадар ғамхорӣ ва эътибори ҳукумати ҷумҳурӣ дар соҳа ҳанӯз муаммо ва камбудиҳо ба чашм мехӯранд. Мо инро мехоҳем дар мисоли як ноҳия таҳлил кунем.
Дар шифохонаи марказии ноҳияи Зафарободи вилояти Ҷиззах зиёда аз сӣ нафар духтурон ва қариб 400 нафар ҳамшираҳои тиббӣ (якҷо бо бунгоҳҳои табобатии деҳот ва поликлиникаҳои оилавӣ) меҳнат мекунанд. Дар хоҷагиҳои рақамҳои 30 ва 29-ум бунгоҳҳои табобатӣ ва боз дар ду маҳалла поликлиникаҳои оилавии деҳотӣ фаъолият доранд. Бинобар таъкиди сардухтур Сафар Тойҷонов ҳоло шифохона мувофиқи Барномаи давлатӣ аз сари нав таъмир меёбад, ки барои ин 9 миллиарду 600 миллион сӯмина маблағ ҷудо карда шудааст. 
– То ҳол қариб 1,5 миллиард сӯм маблағ аз худ гардид. Ба мо мутахассисони гуногуни тиббӣ, аз ҷумла ҷарроҳ, шикастбанд, духтурони касалиҳои чашм, узвҳои дарунӣ, 12 нафар духтури амалиёти умумӣ намерасанд. Бо шарофати амалӣ гардидани Барномаи давлатии «Обод қишлоқ» дар маҳаллаи Лолазор поликлиникаи оилавии деҳот сохта шуд, – гуфт сардухтур.
Дар маркази ноҳия поликлиникаи гуногунсоҳаи оилавӣ амал мекунад. Мо ҳолати онро аз назар гузаронидем. Шифокорон иброз доштанд, ки баъди сохта ба истифода супурда шудани бинои шифохонаи марказӣ (ин кор бояд то моҳи сентябри соли  2019 ба анҷом расад) онҳо ба поликлиникаи нав мекӯчанд. Таҷҳизоти нави тиббӣ, ки барои ташхиси дақиқи бемориҳо заруранд, низ оварда мешаванд. 
– Ман аз соли 1975 инҷониб дар ин ҷода кор мекунам, – мегӯяд шифокори  пуртаҷриба Тӯхтамиш Бобоев. – Ҳоло, албатта, ба соҳаи тандурустӣ эътибор зиёд аст, вале он, бояд ошкоро бигӯем, ба дараҷае нест, ки даврони кунунӣ тақозо дорад. Хуб аст, ки меҳнати шифокорон рағбатнок карда мешавад, ҳарчанд он ҳам ба тарзи бояду шояд намебошад. 
Хоҷагиҳои Чимқӯрғон ва Берунӣ аз маркази ноҳия 15-20 километр дуранд. Ба ҷои бунгоҳҳои тиббии ин хоҷагиҳо дар маҳаллаи Лолазор бинои кӯҳна аз нав таъмир гардид ва поликлиникаи замонавии оилавии №12 деҳот қад афрохт. Моро дар ин ҷо мудири поликлиникаи номбурда Ҷаҳлбой Қувондиқов истиқбол кард.
Маълум гардид, ки дар маҳалла ҳанӯз ҳам бунёдкориҳо дар доираи Барномаи давлатии «Обод қишлоқ» ҷараён доранд. Ӯ ба ҳамшираи калон Гулноза Ҳосилбекова, ки собиқаи бисту чорсолаи корӣ дорад, фармуд, ки моро бо хонаҳои табобатӣ ва таҷҳизоти мавҷудаи тиббӣ ошно намояд. Ин поликлиника ба 9 ҳазору 198 нафар аҳолии маҳаллаҳои Чимқӯрғон ва Лолазор хидмат мерасонад. Ду шифокор бо 10 нафар ҳамшираҳои патронажӣ ба аҳолии эҳтиёҷманди ин маҳаллаҳо, ки баъзеаш қариб 6-8 километр дурӣ доранд, равуо мекунанд. 
Дар назди поликлиника шабакаи ёрии таъҷилии тиббӣ воқеъ аст ва бо автомобили «Дамас» таъмин мебошад. Ба он фелдшери навбатдор Раъно Иброҳимова масъул аст.
– Тибқи амри Девони Вазирон аз 11 июни соли 2018 дар поликлиника «Маслиҳатхонаи духтарон» низ  ташкил карда шудааст, – мегӯяд ҳамшираи калон Гулноза Ҳосилбекова. – Дар ин ҷо ба духтарон маданияти табобат омӯзонда мешавад. Дар хонаи ҳамшираҳои патронажӣ бошад, китобҳои ногузири тиббӣ мавҷуданд, ки онҳо дар зарурат аз ин китобҳо истифода мебаранд. Шифокори амалиёти умумӣ Абдуғанӣ Тулашбоев, мудири поликлиника (ҷарроҳ) Ҷаҳлбой Қувондиқов  собиқаи қариб 40 солаи корӣ доранд.
– Ба мо рӯзномаҳо хеле дер мерасанд. Кори шуъбаи алоқа қаноатбахш нест. Ба ғайр аз ин ба сабаби набудани истгоҳи танзими алоқаи мобилӣ гуфтугӯйи телефонӣ низ ҳангоми ҷеғ задани ёрии таъҷилӣ канда мешавад ва ин ҳолат ба сифати хидмати тиббӣ таъсири манфӣ мерасонад, – гуфт мудири поликлиника Ҷаҳлбой Қувондиқов. – Ягона дархостамон ин аст, ки барои ба аҳолии се маҳалла хизмати хуби тиббӣ расондан ва аз ҳама муҳимаш беҳтар шудани саломатии сокинон дар ноҳияи мо ҳам истгоҳи нави ягон ширкати алоқаи мобилӣ сохта шавад. Ба мо инчунин компутерҳо намерасанд. Таҷҳизоти тиббӣ, хусусан асбобу ускунаҳои барои физиотерапия зарур нокифоя мебошанд.  Сокинони маҳалла Роза Рустамова аз маризии диққи нафас ва Қӯчқор Бойзоқови 65 сола аз фишори баланди хун шикоят доранд. Онҳо зуд-зуд ба ҳузури духтурон меоянд. 
– Хуб шуд, ки поликлиника ташкил ёфт ва ба мо дардмандон шароитҳои мусоид фароҳам омаданд, – мегӯянд онҳо. – Барои ин ба Сарвари давлат Шавкат Мирзиёев ва ҳукумати кишвар ташаккур мегӯем, ки ғами халқро мехӯранд. 

Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти ҶИЗЗАХ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: