ДАР БОРАИ ЧОРАҲО ОИД БА ПУРЗӮР КАРДАНИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ ВОМГУЗОРОН ВА ТАКМИЛ ДОДАНИ МЕХАНИЗМҲОИ БО МАБЛАҒ ТАЪМИН КАРДАНИ ФАЪОЛИЯТИ СОҲИБКОРӢ

Солҳои охир бобати мунтазам амиқ кардани ислоҳоти бозаргонӣ ва озодкунии иқтисодиёт, беҳтар намудани муҳити корӣ, рушди рақобат, ҳавасмандгардонии рушди бештари тиҷорати хурд ва соҳибкории хусусӣ маҷмӯи чораҳо андешида шуданд.

Дараҷаи кунунии рушди иқтисодӣ эҳтиёҷи баланди субъектҳои соҳибкориро ба захираҳои вомӣ, ҷалби сармояҳо ва механизмҳои нави бо маблағ таъмин кардани лоиҳаҳои пешқадами тиҷоратӣ ба миён меорад. Барои ин самарабахш набудани низоми қонеъсозии талаботи вомгузорон, таъмин намудани онҳо бо гарав аз арзиши амволи гузошташуда, ки кафолати бозгардонии маблағҳои вомӣ ба шумор меравад, ба имконияти ҷалби маблағҳои иловагӣ таъсири манфӣ мерасонад.
Бо вуҷуди мавҷуд будани имкониятҳои қонунан муқарраршуда, аз ҷониби бонкҳо ва созмонҳои дигари вомӣ ба сифати гарав қабул кардани моликияти манқул, ғайр аз воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, ҳамчунин гаравҳои минбаъда, ҳатто арзиши моли ба гарав гузошташуда аз миқдори вом хеле зиёд бошад ҳам, татбиқ карда намешавад.
Ба мақсади минбаъд беҳтар кардани иқлими сармоявии кишвар, рағбатноксозии ҷалби сармояҳои бевосита, мустаҳкам намудани эътимоди сармоягузорон бобати дар мамлакат ба роҳ мондан ва татбиқ намудани фаъолияти соҳибкорӣ:
1. Ба таклифи Вазорати адлия ва Бонки марказии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи аз 1 январи соли 2019 муқаррар кардани тартибе, ки мувофиқи он:
қонеъ сохтани талаботи вомгузорон, ки бо гарав таъмин карда мешаванд, аз арзиши моликияти гузошташуда мувофиқи навбати тақвимӣ бинобар санаи ба реестери гарав дохил кардани сабт дар бораи ҳуқуқҳои худ ба моликияти қарздор дар мавриди аз ҷониби қарздор иҷро нашудан ё худ мувофиқи мақсад иҷро нагардидани ӯҳдадориҳояш татбиқ мегардад. Дар ин маврид тартиби мазкур ба навбати аз ҳисоби қарздор хориҷ кардани маблағҳои пулӣ ҳангоми барои қонеъ сохтани тамоми талаботи ба ӯ пешниҳодшуда нокифоя будани онҳо ҷорӣ намегардад;
вомгузорон – гаравгирандагоне, ки ба реестери гарав дар бораи ҳуқуқҳои худ ба моликияти қарздор сабт ворид кардаанд, барои қонеъ сохтани талаботи худ дар назди вомгузорон – гаравгирандагоне, ки ба реестери гарав сабти дахлдор ворид накардаанд, ҳуқуқи афзалиятнок доранд;
вомгузоре, ки моликияти харидшударо бо маблағ таъмин мекунад, барои қонеъ намудани талаботи худ аз ҳисоби моликияти мазкур ба шарти ба реестери қарз ворид кардани сабти дахлдор, ҳуқуқи афзалиятнок дорад:
қарзҳои минбаъда ба шарти ба реестери гарав ворид кардани сабти дахлдор бидуни гирифтани ризоияти қарзҳои аввала имконпазир аст;
аз ҷониби гаравдиҳанда ба иҷора додани ашёи вомӣ бидуни гирифтани ризоияти гаравгир ба шарти ба реестери гарав ворид кардани сабти дахлдор ва аз ин хусус огоҳ кардани гаравгир имконпазир аст, ризоият дода шавад. 
2. Инҳо ҷорӣ карда шавад:
ҳуқуқи афзалиятноки вомгузор ҳамчунин барои самара ва даромадҳо (пулҳо), ки аз истифода ё худ  фурӯши моликияти қарздор, ки ба сифати таъмин кардани иҷрои ӯҳдадорӣ, агар дар шартнома чизи дигар пешбинӣ нашуда бошад, ба даст омадаанд;
тартиби барои гарав муқарраршудаи рӯёндани ҷарима аз моликият (ҳуқуқи мулкдорӣ) ба шумор меравад, ки манбаи лизинг, хариду фурӯш бо тӯл додани пардохт, қарз ва қарордодҳои дигар, ки моликияти мазкур ба сифати таъмин сохтани иҷрои ӯҳдадорӣ қарор мегирад;
идораи амри суд ҳангоми рӯёндани ҷарима барои моликияти манқул, ки ба сифати ашёи гарав ё худ ашёи таъмин сохтани иҷрои ӯҳдадории вомгузор ҳангоми мавҷуд будани қарордоди хаттӣ гузошта мешавад.
3. Тартибе муқаррар карда шавад, ки мувофиқи он:
идентификатсияи ӯҳдадории таъминкунандаи моликият аз тариқи нишон додани миқдори ҳадди аксари ӯҳдадорӣ, ки метавонад аз арзиши ин моликият адо гардад, ҳаллу фасл карда мешавад;
қарордодҳое, ки таъминоти молии иҷрои ӯҳдадориро пешбинӣ менамоянд, аз ҷумла шартномаи гарав, метавонанд аз тариқи маълумоти умумӣ, аз ҷумла барои табақаҳои алоҳида ашёи таъминоти молии иҷрои ӯҳдадорӣ бидуни тақсимбандии онҳо баста шаванд;
моликияте, ки рӯёндани ҷарима барои он бинобар талаботи гаравгир ё худ вомгузорони дигаре, ки ҳуқуқи талаботи онҳо ба моликияти мазкур таъмин гардидааст, метавонад бо вом, бо тамдиддиҳӣ, лизинг ё худ аз тариқи қарордоди дигар, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, амалӣ ва ба иҷора дода шавад, ғайр аз ҳодисаҳои фурӯши иҷбории моликият мувофиқи қонунгузорӣ барои иҷрои ҳуҷҷатҳои судӣ ва ҳуҷҷатҳои мақомоти дигар. 
4. Ба Кумитаи давлатии андоз ва Кумитаи давлатии гумруки Ҷумҳурии Ӯзбекистон супурда шавад, ки ба реестери гарав сари вақт ворид кардани сабт дар бораи талабот оид ба супурдани қарз бинобар андозҳо ва пардохтҳои дигари ҳатмии қарздорро дар тартибе, ки қонунгузорӣ муқаррар кардааст, таъмин намоянд.
5. Ба Бонки марказии Ҷумҳурии Ӯзбекистон супурда шавад, ки дар муҳлати як моҳ ба Девони Вазирон дар бораи тағйирот ва иловаҳо ба қонунгузорӣ, ки на камтар аз ду баробар коҳиш додани миқдори пардохтҳоро, ки аз шахсони ҳуқуқӣ ва ҷисмонӣ барои ба реестери гарав ворид кардани сабт, ҳамчунин барои додани маълумот аз реестери гарав ситонида мешавад, таклиф пешниҳод кунад.
6. Ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон супурда шавад, ки дар зарфи як моҳ ба Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон лоиҳаи қонунро, ки татбиқ намудани меъёр ва талаботи қарори мазкурро пешбинӣ менамояд, таклиф пешниҳод кунад.
7.  Ба Оҷонсии миллии иттилоотии Ӯзбекистон, Ширкати миллии телевизион ва  радиои Ӯзбекистон супурда шавад, ки якҷо бо Бонки марказӣ ва Вазорати адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон моҳият ва аҳамияти қарори мазкурро васеъ равшан кунанд. 
8. Назорати иҷрои қарори  мазкур ба зиммаи Сарвазири  Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Н. Арипов, роҳбари Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон З. Ш. Низомиддинов ва муовини аввали мушовири Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Б. М. Мавлонов гузошта шавад. 

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш. МИРЗИЁЕВ.
Шаҳри ТОШКАНД, 
23 ноябри соли 2018.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: