МАСЪАЛАҲОИ РӮЗМАРРА МУҲОКИМА ШУДАНД

Дар маҷлисгоҳи ҳокимияти ноҳияи Бӯкаи вилояти Тошканд иҷлосияи навбатии Шӯрои депутатҳои халқии ноҳия баргузор шуд.

Депутатҳо ва иштирокдорони иҷлосия маърӯза ва ҳисоботи раиси Шӯрои соҳибони заминҳои наздиҳавлӣ ва хоҷагиҳои деҳқонию фермерии ноҳия К.Бойқӯзиевро дар бораи корҳое, ки бобати иҷрои Фармони Президенти кишвар «Дар бораи чораҳои куллан такмил додани ҳуқуқи соҳибони заминҳои наздиҳавлӣ, фермерону хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҳифзи манфиатҳои қонунии онҳо, истифодаи пурсамари майдонҳои кишти хоҷагии қишлоқ» аз 9 октябри соли 2017, роҳбари бахши профилактикаи ҳуқуқвайронкунии шуъбаи корҳои дохилии ноҳия Ҷ.Акмаловро оид ба корҳое, ки аз ҷониби шуъбаи мазкур дар нӯҳ моҳи сол дар миқёси ноҳия бобати мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, таъмини ҳуқуқу тартибот ва бехавфии ҷомеа, депутати шӯрои ноҳия Р.Мирсаидовро дар бораи корҳое, ки аз ҷониби ташкилоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ бинобар дастгирии шаҳрвандони имконияти ҷисмониашон маҳдуд ва камтаъмини ноҳия амалӣ мешаванд, ҳамчунин ҳисоботи роҳбари шуъбаи адлияи ноҳия У.Болтаевро доир ба корҳое, ки дар чоряки сеюми соли 2018 аз ҷониби шуъбаи адлия ба амал бароварда шудаанд, шуниданд. 

М. МИРМАҲМАДОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».  

Вилояти ТОШКАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: