ИҶЛОСИЯИ ҒАЙРИНАВБАТӢ

Дар Фарғона ҷамъомади Шӯрои депутатҳои халқи вилоят баргузор гардид

Дар иҷлосияи ғайринавбатӣ масъалаҳои иҷрои буҷаи маҳаллӣ ва таъмини воридоти маблағҳои иловагӣ ба он дар меҳвари баррасӣ қарор дода шуданд. 
Ноиби аввали раиси Палатаи ҳисоби ҷумҳурӣ Олимхон Рустамов аз рӯи масъалаҳои мадди назар маърӯза кард. Гуфта шуд, ки дар вилоят гурӯҳи кории иборат аз  намояндагони Палатаи ҳисоб ва Прокуратураи ҷумҳурӣ масъалаи мазкурро мавриди омӯзиш қарор доданд. Маълум шуд, ки мустаҳкам кардани базаи даромадҳои буҷа, гузаронидани мониторинги мунтазам ворид гардидани маблағи иловагӣ ба он, афзоиши ба буҷа ворид шудани маблағ аз ҳисоби муайян кардани захираҳои иловагӣ аз масъалаҳои тақозои давру замон маҳсуб меёбанд.
Тавре ки дар маърӯзаи Олимхон Рустамов қайд гардид, бино ба натиҷаи таҳлилу омӯзиш ва баррасиҳо супоришҳо дар бобати ба буҷаи маҳаллӣ ҷалб намудани 548 миллиард сӯми иловагӣ пурра ба ҷо оварда нашудаанд. Ба таври мисол, вақте ки дар бораи ривоҷи сармоягузорӣ ва афзун намудани таҷрибаи маҳдуд сохтани қарзи андоз сухан рафт, маълум шуд, ки дар чаҳор объекти таҳти омӯзиши гурӯҳи корӣ ба як қатор камбудиҳо роҳ додаанд.
Ба вижа, мониторингҳо дар бобати ситонидани қарзҳои андоз, фаъолияти бозорҳо, нақлиёт, назорати низоми паспорт ва  бидуни сабти ном фаъолият кардани субъектҳои соҳибкорӣ нуқсонҳои ҷиддиро дар вилоят ошкор намудааст. Ҳамчунин  маълум шудааст, ки 3502 воситаи нақлиёт бидуни литсензия ва сабти ном ва 4047 воситаи нақлиёт  бидуни гузаштан аз назорати техникӣ машғули  фаъолият шудаанд.
Ноиби Прокурори генералии ҷумҳурӣ Акмалхӯҷа Мавлонов қайд намуд, камбудиҳо дар бобати ситонидани маблағҳои марбут ба андоз, ки пинҳон дошта шудаанд, ба ифтитоҳи якчанд парвандаи ҷиноӣ сабаб гардиданд. 
Ҳамчунин дар бозорҳо назорати камеравӣ суст ба роҳ монда шудааст, одамони зиёд дар бозорҳо ғайрирасмӣ фаъолият мекунанд ва ба пардохти андоз ҷалб карда нашудаанд. Чунин ҳолатҳо, гуфт Акмалхӯҷа Мавлонов, бештар дар бозорҳои шаҳри Қӯқанд мушоҳида гардиданд. Мутасаддиёни идораҳои марбути ноҳияҳои Фурқат, Бешариқ, Бағдод ва Данғара низ  мавриди танқид қарор гирифтанд. Гуфта шуд, ки дар ин шаҳру ноҳияҳо аъзои гурӯҳҳои корӣ низ хеле суст фаъолият бурдаанд ва дар ошкор намудани камбудиҳо ба саҳлангориҳо роҳ додаанд.

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: