РӮЗНОМА – ҶУЗЪИ ҶУДОНОПАЗИРИ РӮЗГОРИ МАЪНАВИИ МО

Яке аз донишмандон гуфта, ки бе мутолиа низ ҳаёт давом мекунад, вале ҳаёте, ки бо мутолиа мегузарад, рангину пурҷило, мазмуннок аст.

Яъне мутолиа – бо фикрҳои бикр ва зебо ошно шудан, аз афзунгардии неъмати маънавӣ ҳузур намудан.
Касе, ки мутолиа намекунад, худро аз мамнуние, ки шарҳи он душвор – бо чашми қалб дунёро дидан, ҳузуру ҳаловати баландиҳои маъниро ҳис кардан маҳрум менамояд.
Дар даврае ба сар мебарем, ки техника ба дараҷаи ҳайратангез ривоҷу равнақ ёфтааст. Воқеае, ки дар кадом як гӯшаи қитъаи дурдаст рӯй дод, дар сонияҳои башумор ба тамоми дунё аён шуданаш мумкин. Дар бачагӣ мешунидем, самолётҳое ихтироъ шудаанд, ки аз садо тезтар парвоз мекунанд. Бовар кардан душвор: самолёт аз садо тезтар ҳаракат карданаш мумкин? Вале дар асри XXI ба воқеан «зудпарвозӣ»-и ахбор, суръати мӯъҷизаомези он гувоҳ мегардем. Мегӯянд, дар вақташ расондан ё худ дар расондани хабар таъхир сохтан ба манфиат ва сиёсати ин ё он давлат воқеъ дар қитъаҳои гуногун таъсир расонданаш, бо ифодаи дигар, вақт, ки арзишаш бебаҳост, дараҷоти нархи навои тиҷоратиро муайян карданаш мумкин.
Ба навигарӣ, ба шунидани хабарҳои тоза табиатан ташнагии мардум ба касе сир нест. Расонаҳои ахбори оммавӣ иборат аз рӯзнома, маҷалла, радио ва телевизион воситаҳоеанд, ки навигариҳоро «мекашонанд», оммаро аз рӯйдодҳо огоҳ месозанд. Вақтҳои охир ба ин қатор воситаи ниҳоят зудкор – интернет ҳамроҳ шуд.
Онҳое, ки китоб ё рӯзномаю маҷалла мутолиа мекунанд, айни замон аз саҳифаҳои интернет чашм намекананд.
Имрӯзҳо журналистикаи интернетӣ аз ҳарвақта пештар равнақ ёфтааст. Дар таҳрири нави Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи воситаҳои ахбори оммавӣ» сабт гардида, ки агар веб-сайтҳои нуқтаҳои телекоммуникатсионӣ, ки мавриди истифодаи умуманд, характери иттилоотӣ дошта бошанд, чун воситаҳои ахбори оммавӣ эътироф мешаванд. Дар кишвари мо веб-сайтҳои зиёде фаъолият мебаранд, ки ба талаботи моддаи мазкури қонуни болоӣ ҷавоб медиҳанд.
Дар «сандуқча»-и интернет олам-олам маълумот ҷой гирифтаанд. Тавассути порталҳои бешумор, веб-сайтҳои ҷудогонаи он хабарҳои ҷолиб ва мароқангезро бо забонҳои гуногун пайдо кардан мумкин. Ҳодисаи ҷаҳонишавӣ, бе ҳеҷ шубҳа, ба туфайли имкониятҳои интернетӣ ривоҷи тоза ёфт. Ҳоло интернет он қадар ба баҳри пурхурӯш монанд, ки шахси ба он муроҷиат карда  аз бисёрӣ ва гуногунрангии маълумотҳо саргаранг шуданаш мумкин.
Воқеан, кашф гардидани интернет ҳодисаи муҳим дар таърихи инсоният гардид. Мақсади асосӣ аз кашфи он, бешак, кӯмак ба инсоният дар пайдо кардани маълумотҳо, ба он ғизои рӯҳию маънавӣ бахшидан. Вале баробари фоида интернет ба тавлиди муаммоҳои зиёд сабаб шуда ва мардуми солимфикри дунёро ба ташвиш мегузорад. Як қатор кишварҳои олам барои бартарафсозии муаммоҳои интернетӣ ба андешидани чораҳои амалӣ шурӯъ намудаанд. Аз ҷумла, дар Кореяи Ҷанубӣ, ки интернет қариб ба тамоми хонадонҳо даромадааст, таҳти имзои мустаор ё тахаллус паҳн кардани хабар ё мақола манъ гардидааст. Муаллиф ном ва фамилияи худро пурра менависад ва ба дурустӣ ё нодурустии маълумотҳое, ки дарҷ сохтааст, масъулиятро ба зимма мегирад. Маълумотҳое, ки дар интернет сабтанд, албатта, дар асоси такя ба ин ё он манбаъ баён карда шудаанд, вале он сарчашмаҳо муътамаданд ё не? Мегӯянд, дар адабиётҳои электронӣ, «вики-справочник»-ҳо чизҳои бардурӯғ низ фаровон. Ҳол он ки ҷавононамон ба интернет пурра бовар мекунанд, ҷои китоб ё дастуруламалҳои ҷиддӣ ба он муроҷиат менамоянд.
Дар интернет мавҷуд будани интерфаъолӣ, доири ҳама соҳаҳо қулайии дарёфти китобҳои электронӣ, дар баробари ин, барои робита бо дӯстон воситаи арзони коммуникатсия будани он, албатта, хуб аст. Беҳуда наздик 70 фоизи аҳолии дунё узви ягон нуқтаи иҷтимоӣ қарор нагирифта. Баъзе шахсон дар як вақт ба якчанд нуқтаҳо номнавис шудаанд. Мувофиқи маълумотҳои оморӣ, 96 фоизи ҷавонони дунё тавассути нуқтаҳои иҷтимоӣ бо якдигар мулоқот менамудаанд. Вале афсӯс, онҳое, ки ба «торҳои анкабут» аз меъёр зиёд саргарманд, ба таҳсил, ба кор ва ҳатто ба ҳаёт, назар ба фикри мутахассисон, мисли пештара муносибат намекунанд, дар табиати онҳо одамгурезӣ, лоқайдӣ, дамдуздӣ барин иллатҳо бештар ба зуҳур меоянд. Падару модарон бошанд, аз «вақтдуздӣ»-и интернет, дар муқобили «монитор» гузашта истодани умри гаронбаҳои худро надониста мондани фарзандон дар ташвишанд.
Дигар, дар интернет, тавре ишора кардем, хабарҳои ҳархела паҳн мешаванд, дурустӣ ё дурӯғии онҳоро аниқ кардан душвор, баъзан меъёрҳои спекулятсияи иттилоотӣ ва одоби мулоқоти байниякдигарӣ дағалона вайрон карда мешавад. Бинобар «хурӯҷҳои хакерӣ» маълумотҳои шахсӣ дуздида ва шахсони ҷудогона зиёд осеб мебинанд, аз вирус ё таҳдидҳои техникии дигар ҷамъият ва давлат зарар диданаш мумкин.
Ҳамин чиз моро қаноатманд месозад, ки аҳолӣ, аз ҷумла, ҷавонони мо «тарафҳои сафед ва сиёҳ»-и интернетро идрок месозанд, барои самаранок истифода кардан аз нуқтаҳои глобалӣ ҳаракат менамоянд.
Журналистикаи интернетӣ низ аз ҷиҳатҳои хуб ва нохуб холӣ нест. Чӣ дар интернет ва чӣ дар рӯзнома бо мутолиаи матнҳо аз навигариҳо воқиф мегардем. Фарқ дар он ки одатан рӯзнома ё маҷаллаҳоро саросема нашуда мехонем, дар муқобили монитор бошад, ба сатрҳои электронӣ чашм медавонем. Яъне, хабар, мақола ё суҳбатҳое, ки тавассути интернет паҳн мешаванд, аксар маврид, дар вазъи саросемагӣ хонда мешаванд.
Дигар, интернет на ҳамеша мисли рӯзнома ё маҷаллаҳое, ки ойиннома ва гувоҳномаи қонунӣ доранд, дар роҳи накӯкорӣ хидмат менамояд. Дар нашрҳои даврӣ, чӣ идоравӣ, чӣ хусусӣ, меъёрҳои қонунгузории ҷорӣ риоя мешаванд. Дар интернет-чӣ? Хабар ё мақола дар нашрҳои даврӣ, қабл аз эълон шудан, аз чанд даст мегузарад ва ба қавли маъруф, аз халлоҷӣ гузашта, баъд рӯи чоп мебинад. Интернет мисли шаҳри бедарвоза, касе хост ворид шуда, ҳарчӣ ба сараш омад, баён карданаш мумкин. Ҳатто баъзе қувваҳои ғаразнок аз он ба сифати майдони тарғибот истифода мебаранд.
Акнун баъзе маводҳо, ки ба рӯзномаҳо тақдим шуда, вале аз ҷониби таҳририят ба таври асоснок рад карда шудаанд, дар интернет паноҳ меёбанд, ки ба ин ходимони нашрҳои даврӣ борҳо гувоҳ шудаанд. Аламзадагии зумрае ба дараҷае расид, ки онҳо аз тариқи интернет ба нашрҳои даврӣ санг андохта ва ҳатто хостанд саволи «нашрҳои даврӣ лозиманд ё не?»-ро ба миён гузоранд. Хурӯҷи онҳо дар мавсими обуна шояд майнаи баъзе рӯзномахононро заҳролуд сохт, вале аминем мардуми мо ба суханоне, ки матбуот баён месозад, эътиқод ва эътимод дорад. Матне, ки дар рӯзнома чоп шудааст, айни замон, дар қалби рӯзномахон сабт мегардад, яъне умри яклаҳзаина не, умри дароз дорад.
Фикри он ки дар кишварҳои тараққикарда, ҳамчунин, мардум аз нашрҳои даврӣ дур шуду ба интернет ва журналистикаи интернетӣ гаравид, мутлақо нодуруст аст. Инро дар қиёси адади рӯзномаҳо ба миқдори аҳолӣ дар кишварҳои рушдкарда баръало мушоҳида кардан мумкин. Масалан, адади рӯзномаҳо ба ҳар ҳазор нафар дар Финляндия 518,4, дар Шветсия 583,4, дар Норвегия 626,3, дар Ҷопон 634,5, дар Исландия 795,7-торо ташкил менамояд. Имкониятҳои васеи интернет ва журналистикаи интернетиро эътироф насохтан имконпазир, вале нашрҳои даврӣ – рӯзнома ва маҷаллаҳо дар ҳаёти маънавии мардуми равшанзамир ва соҳибхиради мо ҷойгоҳи махсус доранд.

М.ШОДИЕВ. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: