МУЛОҚОТИ СУДБАХШ

Дар маҷлисгоҳи идораи мустақили мониторинги ташаккули ҷомеаи шаҳрвандии Гулистон бахшида ба мавзӯи «Муаммоҳои ба ҳаёт татбиқ кардани Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи назорати ҷамоатӣ» суҳбати «мизи мудаввар» баргузор гардид.

Раиси ҳизби O`zLiDeP, узви Сенати Олий Маҷлис Улуғбек Сотиболдиев дар бораи татбиқи назорати ҷамъиятӣ дар соҳаҳои гуногуни зиндагӣ маърӯза кард.
Сармутахассиси Садорати адлияи вилоят Шердор Расулов дар бораи асосҳои қонунии назорати ҷамъиятӣ сухан ронд.
Сардори хизмати ҳуқуқи ҳокимияти вилоят Юсуф Абдукаримов аз ҷумла гуфт: пеш аз ҳама мо бояд ба инкишоф додани саводнокии сиёсии халқ эътибор диҳем. Зеро дар ин масъала халқ такягоҳи мо ва агар саводи сиёсии халқ баланд набошад, мо вазифаи дар наздамон гузоштаро ба таври бояду шояд ҳал карда наметавонем. Ҳар як шаҳрванд бояд ҳуқуқу ӯҳдадориҳои худро донад. Қудрати ҳақиқии давлат дар ҷамъияти босавод аст.
– Дарҳақиқат, агар саводнокии сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқии шаҳрвандон баланд  бошад, ба тарғибот ҳоҷат намемонад. Мо ба нақша гирифтаем, ки дар маҳаллаҳо, муассисаҳои таълими олӣ ва миёна корҳои тарғиботиро беҳтару бештар кунем, – гуфт сардори Садорати адлияи вилоят Шокир Саидов.
Дар мулоқот намояндагони иттифоқи ҷавонон, вакилони воситаҳои ахбори оммавӣ ва ходимони садоратҳои вилоят низ фикру мулоҳизаҳои худро иброз доштанд.

Тӯхтамиш БОҚИЕВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Сирдарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: