АСОСИ ҲАЁТИ ОСОИШТАИ МО

Соли равон аз рӯзи қабули Конститутсияи мамлакатамон 26 сол гузашт.

Дар тӯли давраи гузашта Қонуни асосӣ дар рушди давлати мустақили демократиамон нақши аҳамияташ қиёснашаванда бозид, ки дар замири тамоми ислоҳотамон ҷойгоҳи асосӣ мебозад.
Конститутсияи Ӯзбекистон аз он ҷиҳат ҷолиби диққат аст, ки он на танҳо тамоюлҳои умумэътирофнамудаи демократӣ ва либералӣ, арзишҳои миллӣ ва умуминсониро дар худ таҷассум намудааст, балки дар таърихи конститутсияи миллиамон бо хусусияти ноёби худ, саҳеҳтараш, дар рафти раванди демократӣ ду маротиба аз муҳокимаи умумхалқӣ гузашта қабул шудааст.
Конститутсия ба сифати Қонуни асосӣ як қатор вазифаҳоро иҷро менамояд. Яккум, ин вазифаи юридикист. Тамоми қонунҳо дар асоси Конститутсия қабул карда мешаванд. Яъне, он қувваи олии юридикӣ дорад. Дуввум, ин вазифаи сиёсист. Тамоми ҳизбҳои сиёсӣ ва қувваҳои сиёсӣ мувофиқи меъёрҳои дар Конститутсия муайяншуда фаъолият нишон медиҳанд. Он фаъолияти низоми сиёсӣ ва институтҳои сиёсиро муайян менамояд. Сеюм, вазифаи мафкуравист. Конститутсия аҳамияти баланди тарбиявӣ дошта, муносибатҳои байни шахс, ҷамъият ва давлатро муайян менамояд. Суҳбати хабарнигори ӮзА бо депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис Эркин ХОЛБӮТАЕВ ба қонунгузории ҷорӣ ва тамоюлҳои ҷамъияти конститутсионӣ бахшида шуд.
– Халқамон барҳақ бо он ифтихор дорад, ки Конститутсияро қабул карда, мо дар назди худ мақсадҳои дақиқи ислоҳсозӣ ва навсозии мамлакатамонро гузоштем, ки татбиқи онҳо қиёфаашро кулан тағйир дод, рушди сиёсӣ, иқтисодӣ, инсонпарварӣ ва маънавии мамлакатамон, нақшу мақоми онро дар ҷомеаи байналхалқӣ муайян намуд, – мегӯяд Эркин Холбӯтаев. – Офарида шудани Қонуни асосӣ тантанаи ба ҳаёт татбиқ гардидани саъю кӯшиш ва орзуву омоли асринаи халқамон гардид. Конститутсия, ки бо такя намудан ба таҷрибаи қариб сеҳазорсолаи давлатдории миллӣ таҳия шудааст, пайвастшавии  мутаносиби анъанаҳои таърихӣ, арзишҳои бисёрасрина, тиннати миллии халқамон гардид. Инчунин Қонуни асосӣ аз он ҷиҳат аҳамияти бузург дорад, ки бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ, саъю кӯшиши бунёди давлати ояндааш бузург таҷрибаи мусбати конститутсионии мамлакатҳои мухталифи демократиро ба ҳисоб гирифтааст.
– Яке аз афзалиятҳои сиёсати давлатамон таъмин кардани ҳуқуқу озодии ҷавонон мебошад. Ин инчунин дар Қонуни асосиамон инъикос ёфтааст. Мехостам суҳбатамонро дар бораи ҷавонон ва Конститутсия идома диҳем. 
– Қонуни асосии мо, ба сифати кафолати ҳуқуқии ояндаи бузургамон, ҳуқуқу озодии шаҳрвандон, самтҳои асосии рушди миллиро муайян намуд. Конститутсия ба офаридани механизми қонунии татбиқи орзуи халқи Ӯзбекистон оиди истиқлолият, эҳёи давлатдории миллӣ, анъана ва мероси ғании маънавии гузаштагон, инчунин мустаҳкам кардани ҷанбаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, маданиву маънавӣ, сиёсиву ҳуқуқии ҳаёти ҷамъият дар асоси манфиат, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон нигаронда шудааст. Баробари ин дар Конститутсия масъалаҳои ҷавонон, кафолати ҳуқуқу манфиатҳои онҳо инъикос ёфтааст. Аз ҷумла, дар моддаи 41-ум ҳуқуқи ҳар як кас ба таълим мустаҳкам карда шудааст. Мувофиқи моддаи 18-ум тамоми шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон сарфи назар аз ҷинс, ирқ, миллат, забон, дин, баромади иҷтимоӣ, эътиқод, мавқеи иҷтимоиву ҷамъиятӣ ҳуқуқу озодии якхела дошта, дар назди қонун баробар мебошанд. Ҷавонон дар интихоби касб, кор, гирифтани дониш, истироҳат, фаъолияти меҳнатӣ, иштирок кардан дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва маданӣ аз ҳуқуқу кафолатҳои конститутсионии худ баробар истифода мебаранд.
– Қонуни асосии мо ба сифати пойгоҳи ҳуқуқии офаридани низоми беназири рушди тадриҷӣ, зина ба зинаи мамлакатамон хидмат мекунад, ҳамин хел не магар?
– Дарҳақиқат, ба ҳаёт татбиқ намудани Қонуни асосиамон ба барқарор намудани тартиботи устувори конститутсионӣ хидмат кард. Дар соҳаи бунёди давлат ташаккул додани низоми мақомоти давлатӣ дар асоси тамоюли тақсимоти шохаҳои ҳокимият нишондиҳандаи асосӣ гардид. Ба ҳаёт татбиқ намудани ин тамоюли конститутсионӣ риояи самарабахши механизми порсанги байни ҳукуматҳо ва эътидоли манфиатҳоро таъмин кард. Ваколат ва вазифаҳои назоратии мақомоти қонунгузорӣ ва ҳокимияти намояндагӣ дар маҳалҳо пурзӯр гардонда шуданд. Ҳокимияти қонунгузорӣ куллан ислоҳ карда шуд. Дар мамлакат ташкил карда шудани парлумони дупалатагӣ ба назаррас баланд бардоштани сифати эҷоди қонун, муваффақ гардидан ба мутаносибии манфиатҳои умумидавлатӣ ва минтақавӣ хидмат кард. Палатаи болҳоӣ – Сенат, ки асосан аз намояндагони Кенгашҳои маҳаллии депутатҳои халқӣ ташкил ёфтааст, манфиатҳои минтақаҳоро ифода менамояд, – Палатаи қонунгузорӣ – фаъолияташро дар асоси доимии касбӣ амалӣ менамояд. 
Дар қонунҳое, ки аз Конститутсия асос ёфтаанд, баргузор намудани интихобот ба мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатӣ дар асоси бисёрҳизбӣ дақиқ муайян шудааст. Нақш ва таъсири ҳизбҳои сиёсӣ дар фаъолияти мақомоти олии қонунгузории мамлакатамон, мақомоти намояндагии ҳокимият дар маҳалҳо ба дараҷаи назаррас баланд гардид. 
– Тамоюли «Ислоҳот на барои ислоҳот, балки барои инсон» пайваста ба ҳаёт татбиқ карда мешавад. Шумо ҳамчун депутат таҷассуми амалии ин тамоюлро чӣ хел тасаввур мекунед?
– Дар асоси консепсияи мазкур ба мақсади минбаъд амиқ гардондани ислоҳоти конститутсионӣ, ки ба демократиконии ҳокимияти далатӣ ва идоракунӣ нигаронда шудааст, Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис ба Конститутсия тағйироту иловаҳо ворид намуд, ки ба такмил додани механизми дақиқ ва низомноки тақсимоти ваколатҳои байни субъектҳои ҳокимияти давлатӣ нигаронда шудааст. Ба тамоюли тақсимоти ҳокимияти давлатӣ ба қонунгузорӣ, иҷроия ва шохаи судӣ, ки дар Конститутсияи мамлакатамон мустаҳкам карда шудааст, такя намуда, нақши амалии парлумон пурзӯр гардонда шуд. Ин, дар навбати аввал, дар эҷоди қонун инъикос меёбад. Сифат ва асоснокии ҳуҷҷатҳои қонунгузорие, ки қабул мегарданд, куллан беҳтар гардид. Дар онҳо таносуб ва робитаи мутақобилаи манфиатҳои умумидавлатӣ ва минтақавӣ самарабахш таъмин карда мешаванд.
Дар тӯли солҳои охир барои таъмин кардани коркарди ҷиддӣ ва асосноки ҳуҷҷатҳои қонунгузорӣ дар тайёр намудани онҳо таҳлили муқоисавии ҳуқуқҳои байналхалқӣ, меъёрҳои қонунгузорӣ ва таҷрибаи истифодаи ҳуқуқи давлатҳои хориҷӣ ба назар гирифта мешавад. Дар баррасии лоиҳаи қонунҳо дар кумитаҳои Палатаи қонунгузорӣ корбастҳо, олимон, мутахассисон, намояндагони созмонҳои ғайридавлативу ғайритиҷоратӣ ва институтҳои дигари ҷамъияти шаҳрвандӣ, интихобкунандагон фаъол иштирок менамоянд. Ба мақсади ҷалби васеву бевоситаи интихобкунандагон ба фаъолияти эҷоди қонун лоиҳаи қонунҳо бо иштироки депутатҳои Шӯроҳои маҳаллӣ дар корхонаҳо, ташкилотҳо, муассисаҳо, маҳаллаҳо, муассисаҳои таълимӣ мавриди муҳокима қарор дода мешаванд. Дар тайёр кардани лоиҳаи қонунҳо нақш ва таъсири ҳизбҳои сиёсӣ ба дараҷаи назаррас баланд гардид. Дар фаъолияти парлумон рақобати ғоявӣ ва барномавӣ пурзӯр мегардад, ҳар як ҳизби сиёсӣ ба воситаи ин рақобат ба мақсади дар наздаш гузошташуда муваффақ мегардад. 
Пурзӯр гардидани рақобати байни ҳизбҳои мухталифи сиёсӣ дар Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис кафолати ба ҳаёт татбиқ намудани ғояҳо, вазифаҳои барномавӣ мегардад, ки манфиатҳои қувваҳои сиёсӣ ва табақаҳои мухталифи ҷамъиятро инъикос менамоянд. 
Баъд аз истиқлолиятро ба даст овардан Ӯзбекистон роҳи ислоҳоти зина ба зина ва рушди демократиро интихоб намуд ва аз он қадами устуворона мениҳад. Дуруст будани ин роҳро комёбиҳои беназири дар тӯли солҳои гузашта ба даст овардашуда нишон медиҳанд, ки асоси мустаҳками онҳо Конститутсияамон ба ҳисоб меравад.

Суҳбаторо
Ғайрат ШИРИНОВ, 
мухбири ӮзА.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: