БУНЁД ДАР РОҲИ БЕҲСОЗИИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ

Ба наздикӣ дар Маркази матбуоти миллии Ӯзбекистон бо ташаббуси Бунёди «Soglom avlod uchun» бо иштироки ходимони бунёд ва мутахассисони соҳаи тиб нишасти матбуотӣ баргузор шуд.

Баромадкунандагон изҳор намуданд, ки бунёди «Soglom avlod uchun», ки бо ҳамкорони маҳаллӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла, Олмон, Фаронса, Кореяи Ҷанубӣ, Ҳиндустон, Туркия фаъолият дорад, бо ташаббуси Нахустин Президент соли 1993 созмон дода шудааст. Фаъолияти он ба баланд бардоштани маданияти тиббии аҳолӣ, дастгирии бачаҳои ногиро, рушди варзиши бачагона, аз ҷиҳати иқтисодӣ пурқувват гардондани оилаҳои камтаъмин, муассисаҳои махсуси бачагона ва хонаҳои меҳрубонӣ нигаронида шудааст.
Дар тӯли 9 моҳи гузашта бунёд аз ҳамкорони хориҷӣ ва маҳаллӣ амволи башардӯстонаи арзишаш 49 млн. 561 ҳазор доллари ИМА ва 174 млрд. 759 млн. сӯминаро қабул кард. Амволи мазкур асосан аз дору воситаҳои санитариву гигиенӣ, аробачаҳои ногироён, таҷҳизоти тиббӣ ва ортопедӣ иборат буда, ба муассисаҳои иҷтимоии тиббӣ, хонаҳои меҳрубонӣ ва пиронсолони  «Саховат» ва «Мурувват» супурда шуданд.
Дар доираи шартномаи 3 тарафаи Бунёди «Soglom avlod uchun», Вазорати нигаҳдории тандурустӣ ва ташкилоти байналхалқии «Frieden-sdorf International»-и Олмон 26 нафар бачаҳои бемор дар клиникаҳои Олмон мавриди муолиҷа қарор гирифтанд.
– Мутахассисони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳо ва шаҳри Тошканд асосан доир ба муолиҷаи бемориҳои нуқсони дил, чашм, рӯю ҷоғ, сутунмӯҳра ва ортопедӣ тавсеа медиҳанд, – гуфт муовини раиси бунёди «Soglom avlod uchun» Нозимҷон Муъминов. – Клиникаҳои Олмон ҳар сол аз мамлакатҳои дигар зиёда аз 500 нафар беморро қабул мекунанд. Аз ин маълум мегардад, ки дар хориҷа муолиҷаи бемороне, ки ба кӯмаки таъҷилӣ муҳтоҷанд, имконнопазир аст. Аммо солҳои охир мутахассисон аз Олмон, Кореяи Ҷанубӣ, Ҳиндустон, Туркия дар мавзеъҳои гуногуни мамлакатамон муолиҷаҳои тиббӣ мегузаронанд. Аз ҷумла, табибони муассисаи байналхалқии  «Vision care servise»-и Ҷумҳурии Корея дар Маркази тиббии бисёрсоҳаи вилояти Бухоро бобати бартараф кардани катаракта ва иваз кардани гавҳараки чашм ба 112 нафар амалиёти ҷарроҳӣ гузарондаанд. Ғайр аз ин, дар доираи 83,2 млн. сӯмина гранти ташкилоти байналхалқии «Friedensdorf International»-и Олмон 217 нафар бачаҳое, ки нуқсони ортопедӣ ва рӯю ҷоғ доранд, дар касалхонаҳои маҳаллӣ шифо ёфтанд.
Бо кӯмаки оҷонсии мутобиқат ва ҳамкории Туркия (ТИКА) дар Маркази тиббии бисёрсоҳаи бачагонаи Сурхондарё 157 нафар бачагоне, ки асорати сӯхтагӣ доранд, ҷарроҳӣ шуданд.
– Донишкадаи педиатрии Тошканд ҳамкори доимии мо мебошад, – ба сухани худ идома дод Н. Муъминов. – Дар клиникаи донишкада бачаҳое, ки бо нуқсони дил таваллуд шудаанд, муолиҷа карда мешаванд. Сабаби чунин беморӣ ба касалии сирояткунанда доштани модар вобаста аст, биноан дар байни модарони оянда корҳои тарғиботӣ низ бурда мешавад.
Бунёди «Soglom avlod uchun» дар ҳамкорӣ бо ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзбекистон темир йӯллари» ба вилоятҳои Андиҷон, Қашқадарё, Сурхондарё, Навоӣ ва Ҷумҳурии Қароқалпоқистон поезди «Саломатӣ» ташкил дод, ки бо кӯмаки он ба аҳолӣ зиёда аз 58 млрд. сӯмина кӯмаки иҷтимоӣ расонда шуд.
Бояд гуфт, ки дар асоси оиннома ва барномаҳои давлатӣ ба мақсади ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз тарафи бунёд корҳои зиёд анҷом дода мешаванд.

Н. НОДИРОВА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик». 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: