ДАР НОҲИЯИ ҒАЛЛААРАЛ 7 ХОНА БА ИСТИФОДА СУПУРДА ШУД

Дар арафаи 26 солагии қабули Қонуни Асосии мо 7 хонаи нави чаҳорошёна, ки дар маҳаллаи «Бахт»-и ноҳияи Ғаллаарал бунёд гардидаанд, ба истифода супурда шуданд.

Дар чорабиние, ки ба ин муносибат ташкил гардид, намояндагони ҳокимияти ноҳия, ҷомеаҳо, фаъолони маҳаллаҳо, бинокорон иштирок карданд. Қайд гардид, ки хонаҳо бо назардошти талаботи аҳолӣ бинобар лоиҳаҳои нави намунавӣ сохта шуданд ва таҷассуми ғамхории махсуси давлат дар бораи ҳаёти фаровони аҳолӣ ба шумор мераванд.
Хонаҳои нави дорои майдончаҳои бозии бачагона ва ҷойҳо барои истироҳат дар шафати мактабҳо, кӯдакистонҳо, бозорҳо сохта шудаанд, ки барои аҳолӣ қулаиҳои зиёд фароҳам меоваранд.
Аксарияти соҳибони хонаҳои нав оилаҳои ҷавон мебошанд. Онҳо аз қулаиҳои фароҳамовардашуда хурсанданд.
– Ман барои хариди хонаи дуҳуҷрадор муоҳида бастам, – мегӯяд омӯзгори информатикаи мактаби таълими ҳамагонии рақами 73-юми ноҳия Элбек Тотлибоев. – Хона ба мо хеле маъқул шуд, вай бо тарҳи хуб сохта шудааст. Ошхона, хонаҳои алоҳида ва ғайра барои оила заруранд. Мо кайҳо боз орзу доштем, ки соҳиби чунин манзил шавем. 
Дар вилоят  соли равон мувофиқи Барномаи сохтмони хонаҳои арзони истиқоматӣ дар деҳот  бинобар лоиҳаҳои нави намунавӣ барои солҳои 2017-2021 ба истифода супурдани 656 хонаҳои арзон пешбинӣ шудааст.

Тошқул БЕКНАЗАРОВ, 
хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: