АСОСИ ҲУҚУҚИИ РУШДИ ВАТАН

Дар Қасри анҷуманҳои байналхалқии «Ӯзбекистон» 7 декабр ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба 26 солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид.

Дар он арбобони давлатӣ ва ҷамъиятӣ, вакилони истеҳсолот, илм, маданият, санъат ва варзиш, ҷамъияти васеъ, намояндагони ҳайатҳои дипломатӣ ва ташкилотҳои байналхалқие, ки дар мамлакатамон сабти ном гаштаанд, иштирок доштанд.
Мадҳияи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон садо дод.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев халқро бо ин ҷашни мунаввар табрик намуд ва дар бораи тағйирот ва бозсозиҳое, ки дар тӯли як сол дар ҳаёти мамлакатамон ба вуқӯъ пайваст, нутқ эрод кард. 
Кафолатҳои ҳуқуқие, ки дар Қонуни асосӣ ҷой доранд барои ислоҳоти самарабахше, ки дар солҳои истиқлолият дар тамоми соҳаҳо ба амал татбиқ мегарданд, баланд бардоштани дараҷа ва сифати ҳаёти аҳолӣ, мустаҳкам намудани рақобатбардории иқтисодиёт ва афзоиши нуфузи байналхалқии мамлакат заминаи мустаҳкам ба вуҷуд меорад.
Қонуни асосӣ истиқлолияти миллии моро мустаҳкам намуд, ки дар ин бора дар тӯли асрҳо халқамон орзу мекард, роҳи тараққиёти Ватани мо, кафолати ҳуқуқ ва озодии инсонро муайян намуд. 
Президенти мамлакат дар суханронии худ қайд кард, ки роҳи дар солҳои истиқлолият тайнамудаи мураккаб ва дар як вақт мунаввари халқи Ӯзбекистон қувваи эҳёгардонанда ва зарфияти баланди Қонуни асосии моро собит менамояд.  Стратегияи ҳаракат, ки дар асоси Конститутсия таҳия гардидааст, имрӯз дар ба дараҷаи сифатан нави тараққиёт бардоштани мамлакатамон, ҳаракати муттасил бо роҳи тараққиёти инноватсионӣ нақши хеле муҳим дорад. 
Соли ҷорӣ чун давраи чорабиниҳои амалии низомнок дар бобати таъмини манфиатҳои халқамон, пурзӯрсозии ташаббускории соҳибкорон, мустаҳкам намудани алоқаи илм ва истеҳсолот, тарбияи насли навраси мутаносиб рушднамуда дар хотир хоҳад монд. Бинобар Барномаи давлатии «Соли дастгирии соҳибкории фаъол, ғояҳои инноватсионӣ ва технология» кори доманфарох дар самти мазкур ба амал татбиқ гардид.
Бо ташаббуси роҳбари давлат барномаҳои «Деҳаи обод» ва «Маҳаллаи обод» қабул гардида, корҳои бунёдкорӣ ва ободонӣ, ки ба куллан беҳсозии ҳаёти аҳолӣ нигаронида шудааст, оғоз гардид. Ин барои ба ҳаёт татбиқ намудани ғояи нек: «Халқи мо на фардо, на дар ояндаи дур, балки имрӯз бояд хуб зиндагӣ кунад» мусоидат менамояд. Дар доираи барномаҳои «Ҳар як оила – соҳибкор» ва «Ҷавонон – ояндаи мо» корҳои бузург дар бобати дастгирии ташаббускории соҳибкорони халқамон, аз он ҷумла ҷавонон ба ҳаёт татбиқ мегарданд. Ҳамаи ин дар одамон ҳисси дахлдорӣ ба тақдири Ватан, бовариро ба фардо пурзӯр менамояд.
Чунин бозсозиҳо нафақат ба мамлакат ҳаёти навро илқо намуд, балки муҳити бовариро дар минтақа ташаккул дод. Муносибати дӯстона ва ба ҳамдигар муфид бо мамлакатҳои ҳамсоя боз пурзӯртар гардида, пулҳои дӯстии байни халқҳоямон барқарор гардиданд.
Конститутсияи мо, чун кафолати ҳуқуқ ва зербинои идомаи ботавфиқи ислоҳоти оғозгардида, ба вуҷуд овардани шароити муносиб барои ҳаёти халқ, дохил шудан ба сафи давлатҳои демократии шукуфон минбаъд низ чун манбаи бузурги қувваи илҳомбахш дар роҳи дастёфтан ба қуллаҳои баландтарин хизмат хоҳад кард. 
Дар ҷамъомади тантанавӣ бори аввал консерт бо овози зинда дар иҷрои устодони санъат ва ҳунарпешагони ҷавон намоиш дода шуд. 

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: