БА ҶАВОНОНИ СОҲИБИСТЕЪДОД НИШОНҲОИ САРИСИНАГИИ «ӮЗБЕКИСТОН БЕЛГИСИ» СУПУРДА ШУДАНД

Дар Қасри эҷодиёти Тошканд маросими супурдани нишонҳои сарисинагии «Ӯзбекистон белгиси» ба як гурӯҳ ҷавононе, ки дар рушди кишвари мо саҳми муносиб мегузоранд, баргузор шуд.

Дар чорабинӣ намояндагони вазорату идораҳо, созмонҳои ҷамъиятӣ, фаъолони Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон, соҳибони нишонҳои сарисинагии «Ӯзбекистон белгиси», журналистон иштирок карданд. 
Муовини аввали мушовири Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, раиси Шӯрои марказии Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон Қаҳрамон Қуранбоев ва дигарон махсус таъкид намуданд, ки таҳти роҳбарии Президенти мамлакати мо Шавкат Мирзиёев ба ҷавонон ҳамаҷониба кӯмак расонида мешавад, барои он ки онҳо истеъдод ва иқтидори худро истифода бурда тавонанд, дар шукуфоии Ватан саҳми муносиб гузоранд, тамоми шароитҳо фароҳам оварда мешаванд. 
Бинобар он ки дар мамлакат барои дар сатҳи меъёрҳои байналхалқӣ соҳибмаълумот шудани насли наврас, амиқ омӯхтани касбҳо, машғул шудан бо варзиш, татбиқ намудани иқтидорҳои худ имкониятҳои васеъ муҳайё гардидаанд, онҳо дар соҳаҳои гуногун ба комёбиҳои бузург ноил мешаванд. 
Нишони сарисинагии «Ӯзбекистон белгиси» аз соли 2003-юм боз ба ҷавононе, ки эҳсоси олии ватандӯстӣ, инсонпарварӣ, фидокорӣ ва меҳнатдӯстӣ зоҳир намуда, дар пояи маънавияти миллӣ, мероси фарҳангӣ ва суннатҳои умумиинсонӣ, ки ба боло рафтани обрӯ, нуфузи байналхалқӣ, шуҳрати Ватани мо мусоидат мекунанд, тарбия ёфта, дар ҳаёти ҷамъиятиву сиёсии мамлакат ба тарзи намунавӣ иштирок менамоянд, супурда мешавад.  То имрӯз 551 нафар ҷавонон бо ин нишон мукофотонида шудаанд. 
Пешниҳодот ба нишони сарисинагии «Ӯзбекистон белгиси» аз ҷониби ташкилоти поёнии Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон ва ҷомеа амалӣ гардида, бо қарори Шӯрои марказии Ититифоқи ҷавонони Ӯзбекистон супурда мешавад. 
Алҳол Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон ва созмони бачагонаи «Камалак» дар сафҳои худ зиёда аз 10 миллион бачагон, наврасон ва духтаронро муттаҳид кардаанд. Идораи омӯзиши мушкилоти ҷавонон ва тайёркунандаи кадрҳои пешомадноки Академияи идораи давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон кадрҳоеро тарбия менамояд, ки қодиранд дар рушди мамлакат саҳми муносиб гузоранд. Барои ҳаллу фасли мушкилоти ҷавонон, ки ба таъмин кардан бо манзил вобаста мебошад, дар солҳои 2018-2021 сохтмони хонаҳои бисёрҳуҷра ба нақша гирифта шудааст. Бонкҳо ба ҷавонон барои хариди манзил ва автомобил вомҳо ҷудо мекунанд. Иттифоқи ҷавонон бо созмонҳои ҷавонони Қазоқистон, Русия, Чин ва бисёр кишварҳои дигар ҳамкорӣ дорад. Аз ҷониби Иттифоқ Иттиҳодияи умумиҷаҳонии ҷавонони Ӯзбекистон таъсис дода шудааст, ки бо ҷавонони мо, ки дар хориҷа кор мекунанд ё худ таълим мегиранд, робитаи қарин дорад. 
Нишони сарисинагии «Ӯзбекистон белгиси» ҷавононро ба ваҳдати минбаъда, кори фидокорона барои шукуфоии Ватан, ба сифати нирӯи ягона даъват менамояд. 
Дар маросим ба 41 нафар писарону духтароне, ки дар хониш, меҳнат, фаъолияти илмиву эҷодӣ дар соҳаҳои илм, фарҳанг, санъат, таълим, нигаҳдории тандурустӣ, журналистика, варзиш, кишоварзӣ, тиҷорати хурд, ҳуқуқ ва ҳарбӣ ба натиҷаҳои баланд муваффақ шудаанд, нишонҳои сарисинагии «Ӯзбекистон белгиси» ба тарзи тантанавӣ супурда шуданд. 
Дар байни мукофотонидашудагон сардори шуъбаи ташкилии фаъолияти илмиву тадқиқотии  донишҷӯёни соҳибистеъдоди Донишгоҳи давлатии иқтисодии Тошканд Шохрух Боймуродов низ буд.
– Ин мукофот натиҷаи ғамхории бузург нисбат ба мо, ҷавонон мебошад, ки дар мамлакати мо амалӣ мешавад, – мегӯяд Ш. Боймуродов. – Ман 4 технологияи муаллифиро бинобар усулҳои нави сабақдиҳӣ кор карда баромадам, ки баҳои сазовор гирифтанд. Кашфиётҳои ман ба кашфи ҷавонони ба фаъолияти амалӣ омода, баҳодиҳӣ ба дониш ва иқтидорҳои онҳо нигаронида шудааст. Мақсади асосии ман, албатта, барои пешрафти Ватан, беҳтар шудани ҳаёти мардум беш аз пеш самарабахш хидмат кардан мебошад.
Соли равон шаҳрвандони давлатҳои хориҷӣ, аз ҷумла муовини раиси Созмони ҷамъиятии умумирусиягии «Иттифоқи ҷавонони Русия» Татьяна Селеверстова ва президенти иҷрогари Анҷумани рушди умумиҷаҳонии ҷавонон «Hi China» Си Лю низ бо ин нишони сарисинагӣ мукофотонида шуданд.
– Сазовори чунин мукофоти баланд шудан барои ман шарафи бузург аст, – мегӯяд Си Лю. – Ин аввалин мукофоти байналхалқии ман мебошад. Алҳол мо барои татбиқ намудани лоиҳаи «2+2» бо иштироки ҷавонони Ӯзбекистон ва Чин кор мебарем. Лоиҳа  мубодилаи таҷрибаи байни ҷавонони ду мамлакатро дар соҳаи таълим пешбинӣ менамояд. Ғайр аз ин, дар соҳаи сармояҳо низ як қатор корҳоро амалӣ мекунем. Аз ҷумла, ният дорем соли оянда бунёди сармоявиро бо 1 миллиард доллар ташкил кунем, ба он сармоягузорони чиниро ҷалб намуда, ба рушди соҳибкории ҷавонон дар Ӯзбекистон кӯмак мерасонем. 
Чорабинӣ бо барномаи консертӣ дар иштироки овозхонҳои ҷавон ва устодони санъат анҷом ёфт. 

Даврон СУННАТОВ,
хабарнигори ӮзА.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: