МУҲОФИЗАТИ ТАБИАТ – МУҲОФИЗАТИ СОЛИМИИ ҲАЁТ

«Шаҳрвандон барои ба муҳити табиии атроф эҳтиёткорона муносибат кардан маҷбуранд». (моддаи 50-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон)

Беҳуда намегӯянд, ки инсон фарзанди табиат аст. Оре, кулли мавҷудот, аз ҷумлаи наботот, ҳайвонот ва одамизод табиатро модар меҳисобанд. Вале тамоми мавҷудот ба қадри модар-табиат расида ва эҳтирому эъзози он ба ҷо меоранд? Афсӯс... Таассуфовар боз он ки маҳз баъзе инсонҳо бо рафтор ва кирдори худсарона, бо худбинию ҷаҳолат модар-табиатро меранҷонанд. Дарқаҳр шудани табиат бошад, боиси офат ва ҳалокат, ҳар гуна ҳодисаҳои номатлуб ва фавқулодда шуданаш мумкин. Зумрае нафс ва дунёӣ гуфта ҳам ба корҳои ношоиста даст мезананд.
Дар натиҷа мувозинати табиӣ халал ёфта ҳар гуна хатарҳои экологӣ таҳдид менамоянд. 
Бале, навъе дар боло овардем, ба бисёр офатҳои табиӣ, ки боиси вазъиятҳои фавқулодда мегарданд, маҳз одамизод сабаб шуда, барои бартараф сохтани онҳо боз худаш метозад, вақт ва маблағи зиёд бой медиҳад. Дар бораи ҳаракатҳои номатлуби баъзе инсонҳо, ки хилқати олӣ, соҳиби ақлу идрок ва тафаккури баланд бошанд ҳам, гоҳо дар муносибат ба модар-табиат бепарвоӣ ва бераҳмӣ намуда, теша ба пои худ мезананд, борҳо гуфтаву навиштаанд.
Як-ду сухан дар бораи муаммои Арал, ки характери глобалӣ касб намуда, наздик 30 сол инҷониб моро ба ташвиш мегузорад. Ҳанӯз дар сессияҳои 48 ва 50-уми Сарассамблеяи СММ ва минбари маҷлиси умумии дараҷаи олии рушди ҳазорсола аввалин президентамон Ислом Каримов эътибори  ҷомеаи байналхалқиро ба ҳалли  проблемаҳои Арал, ки торафт ташвишовар мегашт, ҷалб намуда буд. 
Вале масъалаҳо, тавре чашмдор будем, ҳал намешуданд. Президентамон Шавкат Мирзиёев ин масъалаи дарднокро дар шароити нави таърихӣ аз нав ба миён гузошт. Гуфтушунид ва чораю тадбирҳои мушаххас дар доираи байналхалқӣ, инак, нахустин самараи худро мебахшад. Арале, ки баҳр ҳисоб меёфт ва яке аз қадимтарин ҳавзаҳои пӯшида шумурда шуда, аз ҷиҳати бузургӣ дар ҷаҳон ҷои чаҳорумро ишғол менамуд, корҳо ҳамин тавр сурат гиранд, боз шуҳрат ва азамати пештараи худро барқарор хоҳад сохт.
Сарвари давлати мо дар як-ду соли охир чанд бор ба Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва вилояти Хоразм сафар намуд. Ба тарзи зисти одамоне, ки дар ҳавзаи Арал умр ба сар бурда,  бинобар ҳалокати экологӣ азият кашида омадаанд, аз наздик шинос шуд. Ба ғамхорӣ фаро гирифта шудани онҳоро аз вазифаҳои аввалдараҷа ҳисобид. Масъулонро вазифадор намуд баҳри бартарафсозии камобӣ ва андешидани чораҳо дар пеш омадани хушксолиҳо ташаббусҳои тоза нишон диҳанд. 
Шахсони калонсол як вақтҳо чӣ қадар ҳаҷм ва чӣ хел манзара доштани Аралро дар ёд доранд. Вақтҳои охир ба чӣ ҳолат гирифтор шудани он ба имрӯзиён маълум. Ба фоҷиаи Арал, тавре мутахассисон эътироф мекунанд, одамон низ сабабгор. Мувозинати табиӣ вайрон шуду Арал ба маҷмӯи мураккаби муаммоҳои экологӣ дар миқёси байналхалқӣ табдил ёфт.
Инсон, одатан, муҳити гирду атрофро дар роҳи манфиатҳои худ дигаргун сохта ва ба он худро мутобиқ месозад. Ҳайвонот не, наботот не, маҳз инсон ба сифати хилқате, ки соҳиби ақлу идрок аст, имконият дорад ба табиат, муҳити гирду атроф таъсир расонад. Вай дар вазъи истифода аз воситаҳои гуногуни техникӣ аз захираҳои табиӣ ба тавре хост, истифода мебарад. Баъзан ба хаёл намеоварад, дар роҳи манфиат ва фароғати худ зӯр зада ба табиат таъсир расонданаш рӯзе хавфу хатар тавлид ва ба оқибатҳои ногувор сабаб шуданаш мумкин.
Дар рӯзҳои мо масъалаи ҳифзи муҳити гирду атроф дар миқёси байналхалқӣ яке аз проблемаҳои ташвишангез қарор гирифт. Нигоҳ доштани саломатии инсон, эҳтиёт намудани олами ҳайвонот ва наботот, ҳифз кардани захираҳои моддии рӯизаминӣ ва зеризаминӣ тақозо доранд, дар навбати аввал, дар муносибат ба муҳити гирду атроф масъулият ҳис намоем. Муҳофизати муҳити гирду атроф – ин эҳтиёт кардани манзараҳои табиат, инсонвор муносибат намудан ба олами ҳайвонот ва наботот, ки онҳо нисбатан оҷизанд, ба нигоҳубин ва ғамхории мо муҳтоҷанд. Гирифтани пеши роҳи хатту ҳаракатҳои баъзе худбинҳо, ки оқибати зараровари фаъолияти худро фикр накарда, нисбати муҳит ҷоҳилона муносибат менамоянд, низ аз масъалаҳои муҳим. Аз нишондодҳои моддаи 50-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон бармеояд, ҳар як шахс вазифадор аст дар ҳифзи муҳити гирду атроф, эҳтиёт намудани боигариҳои табиӣ, пешгирии ҳаракатҳое, ки баҳри зарар расондан ба он нигаронида шудаанд, худро масъул ҳис намояд. Ҳамчунин ҳама ва ҳар касро лозим меояд, дар солимгардонии муҳити гирду атроф,  беҳсозии ҳолати табиати зиндае, ки моро печондааст, ҳаракат кунад. 
Воқеан, алъон дар тамоми дунё ифлос шудани муҳити гирду атроф, коҳиш ёфта рафта истодани захираҳои табиӣ, номуътадилии вазъи атмосферӣ, олудашавии ҳавзаҳои обӣ, пурғубории ҳаво ба беқарории ҳарорат, тағйирёбии иқлим ва ташвиши аҳолӣ сабаб мегарданд.
Назар ба тадқиқи экологҳои пешсафи олам, саъю ҳаракатҳо дар самти муҳофизати муҳити гирду атроф дар доираи байналхалқӣ ба тартиб андохта нашаванд, ба вуқӯъ омадани кризиси экологӣ муътадилии ҳаётро, бешубҳа, халалдор месозад. Лозим аст ҳар чӣ зудтар ба забт ва истифодаи бераҳмона аз захираҳои табиӣ хотима дода шавад. Масъалаи эҳтиёт намудан, бой гардондани он аз вазифаҳои долузарб буда, лозим аст одамон дар бораи саломатии худ ҳар қадар фикр кунанд, бобати солимгардонии муҳити гирду атроф ҳамон андоза майна об намоянд. Дар давраи кунунии тараққиёт сохтори актҳои меъёрию ҳуҷҷатие, ки ба муҳофизати муҳити гирду атроф нигаронида шудаанд, аҳамияти алоҳида касб менамоянд. Онҳое, ки ба қонуншикании экологӣ роҳ мегузоранд, ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешаванд. Мутахассисон се тоифаи ҷинояткории экологиро муайян кардаанд, ки ба муҳофизати муҳити гирду атроф вобастагӣ доранд: ҷиноятҳое, ки аз таҷовуз ба замин ва бойигариҳои он баромада меоянд, ҷиноят вобаста ба ҳаракатҳо алайҳи олами ҳайвонот, ҷиноят вобаста ба зараррасонӣ ба олами наботот.
Вақте ба ҷинояткории экологӣ роҳ дода шуд, баробари табиат одамони оддӣ низ ранҷ мекашанд.
Аз бемасъулиятии зумрае аҳолӣ гоҳо маҷбур аст оби заҳролуд нӯшад, аз ҳавои пурғубор нафас кашад ва саломатии худ бой диҳад. Вале одамон дар ин бора ба идораҳои ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат намекунанд. Ё муроҷиат карданро ба худ раво намеҳисобанд. Маданияти ҳуқуқӣ дар ҷамъият бояд ба дараҷаи лозимӣ баланд бошад, набояд роҳ гузошт киҳое қонуншиканӣ сохта ва табиат, одамони оддӣ ҷабри онро кашанд.

М. ШОДИЕВ, 
мухбири 
«Овози тоҷик».  

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: