ОБ НЕЪМАТИ ИЛОҲИСТ

Дар бораи об бисёр навиштаанд.

Аҳамияти он  дар пойдории табиати зиндаву ғайризинда ба ҳамагон маълум аст. Дар ин мақола дар бораи он хусусиятҳои об сухан меронем, ки онҳо танҳо ба об хос буда, дигар ягон модда ин хосиятҳоро доро нест. Офаридгор обро тарзе офаридааст, ки хосиятҳояш аз дигар моеъҳо ба куллӣ фарқ мекунанд.
Об ин оксиди (хокистари) ҳидроген (Н2) мебошад. Ҳидроген бо таъсири оксиген (О2) сӯхта  обро (Н2О) ҳосил мекунад.
Оби тоза беранг, бебӯй ва бетаъм аст. Дар шароити табиии Замин он дар се ҳолати агрегатӣ, бо се ном: ях, об ва буғ мавҷуд мебошад.
Тамоми моддаҳо дар табиат аз гармӣ васеъ шуда, аз таъсири хунукӣ фишурда, яъне ҳаҷмашон хурд мешавад. Аммо ин хусусият дар об баръакс аст. То ҳарорати +4ОС обро хунук кардан гирем, он низ мисли дигар моддаҳо  фишурда мешавад. Пас аз +4ОС боз хунук кардан гирем, ғайричашмдошт ба ҷойи он ки фишурда шавад, васеъ мешавад.
Ё дар +4ОС зичии калонтаринро (дар як метри мураббаъ 1 тонна об меғунҷад) соҳиб мешавад. Маҳз ҳамин хосияти об мавҷудияти ҳаётро дар Замин таъмин месозад. Ин ҷо гап дар сари он аст, ки дигар моеъҳо (масалан, равған)-ро хунук кардан гирем, фишурда шуда вазнин мешаванд ва ба қаъри зарф мефароянд. Вақте ки равған ба сахтшавӣ сар мекунад, аз қаъри зарф ба боло сахт шудан мегирад. Об бошад, баръакси он ҳангоми яхбандӣ (сахтшавӣ) аз ҳарорати +4ОС паст фаромадан васеъ шуда, дар 4ОС ях мебандад. Азбаски ях сабук аст, ӯ ба болои зарф мебарояд, барои ҳамин ҳам об дар ҳавзаҳо аз болояш ях мебандаду дар зимистони қаҳратун низ ҳарорати об дар қаъри дарёву кӯлҳо ва баҳрҳову уқёнусҳо +4ОС қарор мегирад. Ин хусусияти об имкон медиҳад, ки дар ҳарорати Арктика – 60ОС низ барои  зинда мондани мавҷудоти он шароит фароҳам оварда, ҳаёт таъмин карда шавад. Агар об ҳам мисли дигар моеъҳо аз қаъри  ҳавзаҳои об ба яхбандӣ сар мекард, он гоҳ тамоми кӯл  аз поён  то болояш ях баста, ҳаёт дар он ҷо барҳам мехӯрд.
Хусусияти дигари об дар он аст, ки он нисбати дигар моеъҳо гармиғунҷоиши калонтаринро дорост. Барои як килограмм обро ба 1ОС гарм кардан 4200 ҷоул гармӣ лозим аст. Барои равған 140 ҷоул, барои симоб 120 ҷоул гармӣ лозим мешаваду халос. Об метавонад дар худ миқдори бузурги энергияро аккумулатсия (ғун) кунад ва  ҳангоми хунук шудан, гармии фурӯбурдаашро ба муҳити атроф диҳад. Барои гарм кардани хонаҳо, хунук кардани муҳаррикҳои дарунсӯз аз ин хусусияти об фаровон истифода мебаранд. Ин хусусияти аҷиби об боиси мӯътадил нигоҳ доштани иқлими сайёра мегардад.
Дар фасли тобистон оби кӯл, уқёнус ва баҳрҳо миқдори азими гармиро фурӯ бурда, ҳамагӣ 20-22ОС гарм мешаваду дар зимистон гармии фурӯбурдаашро ба берун хориҷ карда, то 15-18Ос хунук мешавад. Аз ин лиҳоз дар тобистон мавзеъҳои ҳавзаҳои калони об салқин ва дар зимистон бошад, нисбатан гарм аст.
Боз яке аз хусусиятҳои об дар он аст, ки агар он ифлос шавад, худашро тоза мекунад, вале ин қобилияти об меъёри муайянро дорад ва агар дараҷаи ифлосӣ аз ин меъёр гузарад, дигар об худашро тоза карда наметавонад.
Об маҳлулкунандаи беҳтарин аст. Бо дигар моеъҳо ашёҳоро пок  кардан (шустан) намешавад. Чунки бӯю ғализии он дар ашё боқӣ мемонад, аммо бо об ҳама чизро шустан мумкин аст. Баъди чанд вақт аз ашёи тар ҳама молекулаҳои об парида мераванду ашё тоза мемонад.
Бино ба тадқиқотҳои охирини физикҳо об қобилияти дар худ нигоҳ доштани информатсияро дорад. Агар об дар зарфи даҳонкушода дар хона нигоҳ дошта шавад, ҳама воқеаҳои рӯйдодаро дар худ сабт мекунад. Ҳамаи онро об дар структураи молекулавии худ, дар асоси ҳодисаи поляризатсия (қутбнокӣ) ва голография (тасвири бисёрченака) сабт менамояд. Ҳангоми ин гуна обро нӯшидан, об он ахбори номаъқуле, ки дар худ сабт намуда буд, ба одам интиқол медиҳад. Муҳити ин гуна, фаразан, оилаи ноором боз нотинҷтар мегардад.
Агар обро муҳити солим, гуфтори хуш, одоби ҳамида, муколамаи фораму гуворо фаро гирад, об онҳоро дар худ сабт намуда, тозатар ва гуворотар мешавад. Ҳангоми истифода бурдан  хушҳолии дар он сабтшуда ба кас интиқол ёфта, руҳи кас ором мегирад. Дуо хонда шифобахш намудани об, дар асоси гуфтаҳои болоӣ собит гаштааст. 
Об дар организм моддаи асосӣ буда, ба воситаи он мубодилаи моддаҳо ба амал меояд. Ҳодисаи осмос асосан ба об хос аст. Ин ҳодиса ба ҳамин хосияти об асос ёфтааст, ки дар натиҷаи он об аз маҳлули консентратсияаш камтар ба сӯйи маҳлули консентратсияаш бештар ҳаракат мекунад. Маҳз, ба туфайли осмос об аз реша ба баргҳо ё ки аз рӯдаамон ба таркиби хун мегузарад. Агар фишори осмос вайрон шавад, организм обталаб шуда, мо ташна мемонем ва об менӯшем то он, ки ин фишорро барқарор намоем.
Об манбаи бузурги энергия мебошад. Ҳидрогени дар натиҷаи таҷзияи об ҳосилшударо ҳамчун сӯзишвории энергияаш бузург ва аз ҷиҳати экологӣ (100%) тоза дар муҳаррикҳои автомобилҳо истифода бурда истодаанд. Аҷоиботаш дар он аст, ки ҳидроген сӯхта боз об ҳосил мешавад.
Мо бояд ҳушёр бошем ва тозагии об – неъмати бузурги худододро барои насли оянда маҳфуз дорем.

Ҷаббор ФАТТОЕВ,
муаллими собиқадор. 

Вилояти СУРХОНДАРЁ.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: