ДАР БОРАИ ЧОРАҲОИ ИЛОВАГӢ ОИД БА БЕҲТАР КАРДАНИ ДАСТГИРИИ ИҶТИМОИИ НАФАҚАХӮРОН ВА БАЛАНД БАРДОШТАНИ САМАРАНОКИИ НИЗОМИ ТАЪМИНОТИ НАФАҚАВИИ ШАҲРВАНДОН

Ба мақсади фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои дастгирии минбаъдаи иҷтимоии нафақахӯрон, ҷалби пурраи имконият, таҷриба ва донишҳои онҳо бинобар дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва ҷамъиятиву сиёсии мамлакат татбиқ сохтани ислоҳоти васеъмиқёс, баланд бардоштани самаранокии низоми таъминоти нафақа, ҳамчунин дар соҳаи мазкур ҷорӣ намудани раванд ба меъёрҳои байналхалқӣ:

1. Муқаррар карда шавад, ки аз 1 январи соли 2019 нафақа ба тамоми нафақахӯроне, ки кор мекунанд, дар ҳаҷми пурра пардохта мешавад. 
2. Ба таклифи Вазорати молия, Вазорати иқтисодиёт ва Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи аз 1 январи соли 2019 аз миқдори ҳашткаратаи музди камтарини меҳнат то ба миқдори даҳкарата зиёд кардани миқдори ҳадди ниҳоии музди меҳнат, ки барои ҳисобу китоби нафақа истифода мешавад, ризоият дода шавад.
3. Ба Вазорати молия ва Бунёди ғайрибуҷавии нафақаи назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон супурда шавад, ки аз 1 январи соли 2019 ҳисобу китоби нафақаҳои пардохташавандаро бо назардошти баланд бардоштани миқдори ниҳоии музди меҳнат, ки барои ҳисобу китоби нафақа истифода мешавад, таъмин намоянд.
4. Масъулияти шахсии муовини Сарвазир – вазири молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҷ. А. Қӯчқоров барои саривақт таъмин кардани пардохти миқдори пурраи нафақаҳо ба тамоми нафақахӯроне, ки кор мекунанд, таъкид карда шавад.
5. Хароҷоти вобаста ба татбиқ кардани Фармони мазкур аз ҳисоби маблағҳои Бунёди ғайрибуҷавии нафақаи назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Буҷаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон амалӣ карда шавад.
6. Ба баъзе ҳуҷҷатҳои Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон мувофиқи замимаи №1 тағйирот ворид карда шавад.
7. Баъзе ҳуҷҷатҳои Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон мувофиқи замимаи №2 бекор дониста шаванд.
8. Ба Вазорати молия супурда шавад, ки дар зарфи ду моҳ ба Девони Вазирон бобати ворид кардани тағйирот ва иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи таъминоти давлатии нафақаи шаҳрвандон» ва ҳуҷҷатҳои дигари қонунгузорӣ, ки аз Фармони мазкур бармеоянд, таклиф пешниҳод кунад.
9. Назорати иҷрои Фармони мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Н. Арипов, роҳбари Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон З. Ш. Низомиддинов ва муовинони мушовири Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Б. М. Мавлонов, Г. К. Саидова гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон 
Ш. МИРЗИЁЕВ

Шаҳри ТОШКАНД, 
12 декабри соли 2018.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: