ХАБАРИ МУХТАСАР

ДАР БОРАИ ҶАМЪОМАДИ ҲАБДАҲУМИ УМУМИИ СЕНАТИ ОЛИЙ МАҶЛИСИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН

13 декабри соли 2018 дар шаҳри Тошканд ҷамъомади ҳабдаҳуми умумии Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон кори худро оғоз кард. Дар кори ҷамъомад аъзои ҳукумат, роҳбарони вазорату идораҳои марказӣ, намояндагони расонаҳои ахбори оммавии ватанӣ ва хориҷӣ иштирок карданд.
Ҷамъомад таҳти раёсати Раиси Сенати Олий Маҷлис Ниғматилла Йӯлдошев гузашт.
Баъд аз тасдиқ кардани рӯзномаи маҷлиси умумӣ сенаторон ба баррасии масъалаҳои пешниҳодшуда пардохтанд.
Аъзои парлумон корро аз муҳокимаи масъала дар бораи Буҷаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, буҷаи бунёдҳои мақсадноки давлатӣ ва самтҳои асосии сиёсати андозу буҷа барои соли 2019-ум оғоз намуданд.
Дар ҷараёни баромадҳо таъкид гардид, ки ҳуҷҷати асосии молиявии мамлакат барои соли оянда дар асоси вазифаҳое, ки дар Стратегияи амалиёт доир ба панҷ самти бартариноки рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021, ҳамчунин тағйироте, ки дар Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 29 июни соли 2018 «Дар бораи Консепсияи такмил додани сиёсати андози Ҷумҳурии Ӯзбекистон» муайян шудаанд, андешида шудааст.
Дар соли 2019 даромадҳои Буҷаи давлатӣ дар ҳаҷми 102,6 триллион сӯм пешбинӣ мегардад, ки нисбати соли 2018-ум 38 фоиз афзудани онро пешбинӣ менамояд, миқдори умумии хароҷоти Буҷаи давлатӣ бошад, 107,1 триллион сӯм ё худ нисбат ба соли равон 36,4 фоиз зиёдтар мебошад.
Дар ин маврид хароҷоти Буҷаи давлатӣ барои соҳаи иҷтимоӣ беш аз 57,8 триллион сӯм, ё худ (нисбат ба соли 2018-ум, ки 34,4 фоиз буд) 54 фоизро ташкил медиҳад. Дар ин маврид хароҷот барои таълим нисбат ба соли равон 25,5 фоиз зиёд мегардад ва 28,4 триллион сӯм ё худ 49 фоизи тамоми хароҷотро ташкил медиҳад. Хароҷот барои нигаҳдории тандурустӣ нисбат ба соли 2018-ум 30,5 фоиз зиёд гардида, 12,1 триллион сӯм, ё худ 11,3 фоизи тамоми хароҷотро ташкил хоҳад дод. Хароҷот барои кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ ва пардохти компенсатсияҳо 5,2 триллион сӯмро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли 2018-ум 61,8 фоиз зиёд мебошад.
Дар доираи барномаҳои давлатии «Обод қишлоқ» ва «Обод маҳалла» барои беҳтар кардани шароити зист дар 478 нуқтаи аҳолинишин аз ҳисоби тамоми манбаъҳои маблағгузорӣ 6,3 триллион сӯм равона мегардад. Норасоии Буҷаи давлатӣ барои соли 2019-ум дар ҳаҷми 1,1 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ пешбинӣ мегардад.
Мувофиқи консепсияи такмил додани сиёсати андози Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар соли 2019-ум коҳиш додани миқдори андоз барои даромади шахсони ҳуқуқӣ аз 14 то 12 фоиз, барои бонкҳои тиҷоратӣ аз 22 то 20 фоиз пешбинӣ мешавад. Ҳамчунин бори андоз барои бунёди пардохти меҳнат аз тариқи барои тамоми шаҳрвандон ҷорӣ кардани миқдори ягонаи андоз барои даромади шахсони ҷисмонӣ дар ҳаҷми 12 фоиз коҳиш меёбад, аз онҳо 0,1 фоиз барои ҷамъоварии шахсии ҳисоби нафақа равона мегардад. Ғайр аз ин, бекор кардани аъзобадалҳои суғуртавии шаҳрвандон ба Бунёди ғайрибуҷавии нафақа, ки аз даромади шаҳрвандон дар шакли пардохти меҳнат нигоҳ дошта мешавад, пешбинӣ мегардад.
Ба Буҷаи давлатӣ дар соли оянда ба масъалаҳои такмил додани низоми пардохти меҳнати кормандони соҳаи буҷа низ эътибори махсус дода хоҳад шуд. Дар соли оянда зиёд кардани музди меҳнат, нафақаҳо, пардохтҳои иҷтимоӣ ва стипендияҳо дар ҳар нимсола дар ҳаҷми на камтар аз дараҷаи муфлисии  соли гузашта пешниҳод шудааст. Аз 1 январи соли 2019 зиёд кардани ҳаҷми кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ ба миқдори мутлақ пешбинӣ мегардад.
Дар ҳуҷҷати асосии молиявии мамлакат бинобар такмил додани банақшагирӣ ва иҷрои Буҷаи давлатӣ, рушди минбаъда ва таҳкими муносибатҳои байнибуҷавӣ, зиёд кардани манфиатдории мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо дар вусъат додани иқтидори андози ҳудудҳо, муттаҳид намудани гардишҳои молиявии дараҷаҳои мухталифи буҷаҳои низоми буҷавӣ чорабиниҳои мушаххас пешбинӣ гардидаанд. Татбиқ намудани ислоҳоти банақшагирифташуда эътидоли иқтисодиёти миллӣ аз ҷониби давлат бомуваффақият иҷро гардидани вазифаҳои худ ва мустақимона инкишоф ёфтани мамлакатро таъмин мекунанд. Бино бар натиҷаҳои баррасӣ қарори Сенати Олий Маҷлис дар бораи Буҷаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, буҷаи бунёдҳои мақсадноки давлатӣ ва самтҳои асосии сиёсати андоз ва буҷа барои соли 2019-ум қабул гардид.
Сенаторон ҳамчунин Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи дохил кардани тағйирот ва иловаҳо ба баъзе ҳуҷҷатҳои қонунгузории Ҷумҳурии Ӯзбекистон вобаста ба қабул шудани самтҳои асосии сиёсати андоз ва буҷа барои соли 2019»-ро баррасӣ карданд ва маъқул донистанд.
Сипас сенаторон Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи муоҳидаҳои байналхалқии Ҷумҳурии Ӯзбекистон»-ро муҳокима карданд.
Зикр шуд, ки қонун ба танзими муносибатҳо дар соҳаи имзо кардан, иҷро намудан, боздоштан ва манъ кардани шартномаҳои байналхалқии Ҷумҳурии Ӯзбекистон нигаронида шудааст. Мувофиқи қонун мавқеи шартномаи байналхалқӣ дар низоми қонунгузории Ӯзбекистон, мафҳуми дастгоҳ, мафҳумҳо ва тартибот дар соҳаи мазкур таъин гардида, ба ҳуҷҷатҳои ҳуқуқии байналхалқии аз ҷониби умум эътирофшуда мувофиқ мегардад, ҳамчунин тартиби ба имзо расонидани муоҳидаҳои байналхалқӣ дақиқ муайян карда мешавад.
Бино бар қонун воситаҳои ифодаи ризоияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои ӯҳдадории муоҳидаи байналхалқӣ: имзои шартномаи байналхалқӣ, табодули нотаҳо, мактубҳо ё худ ҳуҷҷатҳои дигар, ки ҳуҷҷати байналхалқиро ташкил медиҳанд, ратификатсия, тасдиқ кардан, қабул намудани шартномаи байналхалқӣ, ҳамроҳ шудан ба муоҳидаи байналхалқӣ мушаххас мешаванд.
Мувофиқи қонун механизмҳои мониторинг барои иҷрои муоҳидаҳои байналхалқӣ муқаррар карда мешавад, ки ташаккул додани пойгоҳи ягонаи электронии маълумотро бо истифодаи ТИК-ҳои замонавӣ, аз ҷониби мақомоти давлатӣ ҳар сол то 31 декабр ба Вазорати корҳои дохилӣ фиристодани маълумот дар бораи иҷрои муоҳидаҳои байналхалқӣ, баҳодиҳӣ ба самаранокии ҳолати иҷрои муоҳидаҳои байналхалқӣ, тайёр кардани таклифҳо бино бар таъминоти зарурии иҷрои онҳо пешбинӣ мегардад.
Баромадкунандагон қайд намуданд, ки қонун ба баланд бардоштани самаранокии кори мақомоти давлатӣ, пурзӯр намудани масъулияти онҳо ва сифати ҳуҷҷатҳои қабулкардаи мақомот, таъмин сохтани назорати иҷрои зарурии муоҳидаҳо  аз ҷониби тарафҳо, ҳамчунин қабул намудани чораҳои зарурӣ барои ҳаллу фасли саривақтии мушкилоти бамиёномада, мустаҳкам ва такмил додани пойгоҳҳои ҳуқуқиву шартномавии ҳамкориҳои байналхалқӣ ба сифати яке аз воситаҳои асосии татбиқ намудани сиёсати хориҷии мамлакат, ба имзо расонидани шартномаҳои барои ҷумҳурӣ пешомадноки дуҷониба ва бисёрҷанба, таъмин сохтани афзалиятнокии меъёрҳои аз ҷониби умум эътирофшудаи ҳуқуқи байналхалқӣ мусоидат менамояд. Сенаторон қонунро маъқул донистанд.
Сенаторон ҳамчунин Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи тасдиқ намудани Оинномаи консулгарии Ҷумҳурии Ӯзбекистон»-ро баррасӣ намуданд. Оинномаи консулгарӣ бо назардошти таҷрибаи кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Федеративии Олмон, Фаронса, Британияи Кабир, ИМА, Куриёи Ҷанубӣ, кишварҳои ИДМ коркард шудааст. Дар ҳуҷҷат вазифаҳои асосии муассисаҳои консулгарӣ бинобар ҳифзи ҳудуди манфиатҳои мамлакат, ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ва ашхоси ҳуқуқии Ҷумҳурии Ӯзбекистон зикр мегардад.
Ҳуҷҷат вазифаҳои консулро оид ба ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ва шахсони ҷисмонӣ, аз ҷумла, бино бар кӯмакрасонӣ ба шаҳрвандон дар мавриди дар ҳудуди округи консулгарӣ бидуни маблағ барои зист мондани онҳо, татбиқ намудани ҳуқуқи интихоботӣ, гум кардани ҳуҷҷат, гувоҳномаи шахсӣ вусъат медиҳад.
Ҳуқуқ, ӯҳдадорӣ ва масъулияти мансабдори консул муайян карда мешавад, маҳаки баҳодиҳӣ ва самаранокии фаъолияти ӯ ҷорӣ мегардад, вазифаи консулҳо бино бар пешниҳоди хидмат бо истифода аз технологияҳои замонавии иттилоотиву коммуникатсионӣ: додани анкетаҳои раводид, ариза барои ба қайди консулгарӣ мондан ва ғайра муайян карда мешаванд. Қонун аз ҷониби сенаторон маъқул дониста шуд.
Сипас сенаторон Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи ҳифзи ҷабрдида, гувоҳон ва иштирокдорони дигари мурофиаи ҷиноӣ»-ро муҳокима карданд.
Қонун номгӯйи шахсони ҳифзшавандаро пешбинӣ менамояд, доираи мақомоти давлатиеро, ки ҳифзи онҳоро таъмин мекунанд, муқаррар мекунад. Мувофиқи ҳуҷҷат мақомоти корҳои дохилӣ, мақомоти хидмати амнияти давлатӣ, мақомоти прокуратура, судҳо мақомоте ба шумор мераванд, ки бобати таъмин кардани ҳифз қарор қабул мекунанд. Баробари ин муқаррар карда мешавад, ки мақомоти корҳои дохилӣ, мақомоти Хидмати амнияти давлатӣ, қисмҳои ҳарбӣ ва сарфармондеҳи болоии ҷузвҳои ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ чораҳоро бино бар амният таъмин мекунанд, мақомоти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва мақомоти дигар, ки Девони Вазирон муайян менамояд, тадбирҳоро бобати ҳифзи иҷтимоӣ таъмин менамоянд.
Ҳамчунин қайд гардид, ки мувофиқи қонун чунин шаклҳои чорабинии бехатарӣ пешбинӣ карда мешавад, аз ҷумла таъмин намудани дурустии маълумот дар бораи шахси ҳифзшаванда, мудофиаи шахсӣ, мудофиаи манзил ва моликияти дигар, дода шудани воситаҳои махсуси муҳофизати шахсӣ ва воситаҳои техникӣ, муваққатан дар ҷойҳои бехавф ҷойгир кардан, ба ҷойҳои дигари истиқоматӣ кӯчондан, тағйир додани ҷойи кор ё таҳсил, иваз кардани ҳуҷҷатҳо, дастёбии маҳдуд ба маълумот дар бораи шахси ҳифзшаванда, пешбинӣ мегардад.
Зиёда аз он ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои шахсони ҳифзшаванда бино бар таъмин сохтани амнияти шахсӣ ва амвол, истифодаи чораҳои ҳифзи иҷтимоӣ, муроҷиат бо ариза дар бораи истифодаи чораҳои иловагии бехатарӣ, шикоят дар бораи қарор ва кору амали мақомоте, ки ҳифозатро дар мақомоти болоӣ таъмин мекунанд, мушаххас карда мешаванд.
Баробари ин мувофиқи қонун ҳифзшавандагон ӯҳдадоранд, ки талаботи қонунии мақомотеро, ки амнияти онҳоро таъмин менамояд, иҷро кунанд, ба ин мақомот доир ба ҳар як ҳодисаи таҳдид ё худ ғайриқонунӣ дар нисбати онҳо зуд хабар диҳанд, амволеро, ки барои таъмини амнияташон дода шудааст, эҳтиёт намоянд, маълумотро дар бораи чораҳои бехатарӣ нисбат ба худ ифшо накунанд. Сенаторон қонунро маъқул донистанд.
Сипас Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи тухмипарварӣ» муҷиби баррасии сенаторон қарор гирифт.
Зикр шуд, ки қонун ба такмил додани механизми танзими муносибатҳо дар соҳаи тухмипарварӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои содироти тухмӣ, муайян кардани ҳуқуқ ва ӯҳдадории субъектҳо дар соҳаи тухмипарварӣ нигаронида шудааст.
Дар қонун самтҳои асосии сиёсати давлат дар соҳаи тухмипарварӣ, ки фароҳам овардани шароитҳои мусоидро барои ҷалби сармояҳо, рушди инфрасохтор ва хидматгузорӣ, рушди корҳои илмиву тадқиқотӣ ва ҷорӣ намудани шаклҳои замонавии фаъолият, ба роҳ мондани низоми самарабахши зиёдкунии тухмӣ ва таъмин кардани истифодаи онҳо пешбинӣ менамояд, мушаххас карда мешавад, масъалаҳои истеҳсол, тайёр кардан, коркард, нигаҳдорӣ, истифода ва фурӯши тухмӣ муайян карда мешаванд. Ҳамчунин тартиби ҷорӣ намудани Реестри истеҳсолгарони тухмӣ муайян карда мешавад.
Сенаторон таъкид намуданд, ки қонун ба минбаъд такмил додани механизми танзими муносибатҳо дар соҳаи тухмипарварӣ, фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои содироти тухмӣ, муайян намудани хелҳои тухмӣ мувофиқи талаботи байналхалқӣ, ҳуқуқ ва ӯҳдадории субъектҳо дар соҳаи тухмипарварӣ, беҳтар кардани сифати тухмӣ мусоидат менамояд. Қонун аз ҷониби сенаторон қабул гардид. 
Сипас сенаторон Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи муқаррар намудани Рӯзи кормандони мақомоти Хидмати давлатии гумруки Ҷумҳурии Ӯзбекистон»-ро муҳокима карданд. Мувофиқи қонун 26 январ Рӯзи кормандони мақомоти Хидмати давлатии гумруки Ҷумҳурии Ӯзбекистон муқаррар гардид.
Сенаторон қайд карданд, ки қонун дар бораи муқаррар намудани рӯзи кормандони мақомоти Хидмати давлатии гумруки Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба мақомоти гумрук имкон медиҳад тарбияи маънавиву ахлоқӣ ва рӯҳиву маърифатии ҳайати шахсӣ беҳтар карда шавад. Сенаторон қонунро маъқул донистанд.
Баъдан сенаторон Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи муқаррар намудани Рӯзи ходимони соҳаи геологияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон»-ро баррасӣ карданд. Мувофиқи қонун якшанбеи аввали моҳи апрел Рӯзи кормандони соҳаи геологияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон муқаррар шуд.
Нотиқон қайд карданд, ки қонун ба нуфуз пайдо кардани соҳаи геологияи ҷумҳурӣ дар байни ҷавонон, зиёд шудани миқдори кадрҳои баландихтисос, баланд бардоштани самаранокии корҳои ҳафриётӣ, рағбатноксозии кашфи конҳои наву муфид, ки барои азхуд кардани саноат дода мешаванд, рағбатноксозии меҳнати геологҳое, ки дар кори рушди пойгоҳи минераливу ашёи хоми ҷумҳурӣ саҳми муносиб мегузоранд, мусоидат хоҳад кард. Сенаторон қонунро маъқул ёфтанд.
Сипас сенаторон Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи ворид кардани тағйирот ва иловаҳо ба баъзе ҳуҷҷатҳои қонунгузории Ҷумҳурии Ӯзбекистонро, ки ба такмил додани механизмҳои таъмин сохтани тартиботи ҷамъиятӣ нигаронида шудааст», муҳокима карданд.
Қайд шуд, ки қонун ворид кардани тағйирот ва иловаҳоро ба кодексҳои Ҷиноӣ, Ҷиноиву просессуалӣ ва Меҳнати Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Кодекс дар бораи масъулияти маъмурии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, қонунҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ», «Дар бораи реклама»-ро пешбинӣ менамояд.
Тағйирот ва иловаҳое, ки ба қонунгузории ҷиноиву маъмурӣ ворид карда мешаванд, ба чораҳои мушаххас бино бар таҳкими интизоми ҷамъиятӣ дар мамлакат дахл доранд ва ба муқаррар намудани масъулият барои машғул шудан ба гадоӣ, дар ин ҷараён ҷалб намудани ноболиғон, пирон, шахсони бемори рӯҳӣ, ногироҳо нигаронида шудааст. Қонунгузории меҳнатӣ низ мавриди тағйирот қарор гирифт, баъзе қоидаҳое, ки ба тартиби қабул ба кор ва масъулияти коргузорон дар ҷараёни мазкур дахл доранд, соддатар карда шуданд.
Зикр гардид, ки қонун ба пешгирии ҳодисаҳои гадоӣ бо истифодаи кӯдакону бачагон, шахсони ноболиғ, шахсони ногиро ва пирон, ҳифзи дастурҳои ахлоқии ҷамъият, пешгирӣ намудани истеъмоли аз ҳад зиёд ё худ сӯиистифода аз нӯшокиҳои энергетикӣ, ҳамчунин ҳифзи саломатии шаҳрвандон, ташаккул додани тарзи ҳаёти солим дар байни аҳолӣ мусоидат менамояд.
Сипас сенаторон Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи ворид кардани тағйирот ва иловаҳо ба баъзе ҳуҷҷатҳои қонунгузории Ҷумҳурии Ӯзбекистонро, ки ба такмил додани фаъолияти мақомоти махсуси давлатӣ нигаронида шудаанд», баррасӣ намуданд. Ҳуҷҷат ворид кардани тағйирот ва иловаҳоро ба 17 қонун ва 6 кодекси Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки ба таъминоти минбаъдаи шароитҳои мусоид барои аз ҷониби мақомоти давлатӣ иҷро кардани вазифаҳои дар назди онҳо гузошташуда, такмил додани механизмҳои назорати ҷамъиятӣ барои фаъолияти онҳо нигаронида шудааст, пешбинӣ менамояд.
Мувофиқи қонун ба қонунҳо «Дар бораи прокуратура», «Дар бораи хидмати давлатии андоз» ва Кодекси манзил, ки имконияти бо маблағ ва аз ҷиҳати моддиву техникӣ таъмин кардани мақомоти прокуратура аз ҳисоби маблағҳои бунёди ғайрибуҷавии мақомоти прокуратураро пешбинӣ менамояд, тағйирот ворид карда мешавад. Вазифаҳо оид ба таъмин кардани ҳамоҳангии фаъолияти мақомоти назораткунанда бино бар масъалаҳои санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидорӣ, роҳ надодан ба такрор ва сӯиистифода ҳангоми баргузор намудани корҳои мазкур аз номгӯйи вазифаҳои асосии мақомоти хидмати давлатии андоз хориҷ карда мешавад. Мувофиқи қонун тартибе ҷорӣ карда мешавад, ки мувофиқи он ашхоси ҷисмонии болиғ, ки дар нишонии иншооти манзил ба тарзи доимӣ номнавис шудаанд, бобати ӯҳдадории пардохти хидматрасониҳои таъминоти электр, газ, об ва обтақсимкунӣ (канализатсия) масъулият доранд.
Ба Қонун «Дар бораи кори бойгонӣ», ки аз ҷумлаи ваколатдориҳои Оҷонсии «Ӯзархив» мебошад, вазифаҳо бино бар додани рухсатнома барои дур шудан ё худ аз як шахс ба шахси дигар дар тартиби меросӣ ё ба воситаи дигари ҳуҷҷатҳои бойгонӣ дода, ба таркиби қисми ғайридавлатии Бунёди миллии бойгонӣ ворид карда шудаанд, хориҷ карданро пешбинӣ менамояд.
Ҳамчунин, ба баъзе қонунҳое, ки ба шӯроҳои депутатҳои халқии вилоятӣ, ноҳиявӣ ва шаҳрӣ додани ваколатҳоро оид ба шунидани маълумоти дахлдори роҳбарони идораҳои ҳудудии адлия ва шуъбаҳои ноҳиявӣ (шаҳрӣ)-и адлия пешбинӣ менамоянд ва муқаррар кардани тартиби шунидани маълумоти онҳо тағйирот ворид карда мешаванд.
Мувофиқи қонун меъёре, ки бино бар он мақомоти адлия ба субъектҳои хоҷагидорӣ ҳангоми имзо кардан ва иҷро намудани ӯҳдадориҳои шартномавӣ кӯмакҳои ҳуқуқӣ мерасонанд, ҳамчунин ҷараёни иҷрои муоҳидаҳои хоҷагидориро назорат мекунанд, бекор карда мешаванд. Тартибе ҷорӣ мегардад, ки мувофиқи он Вазорати адлия лоиҳаҳои ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқиро баъд аз гузаронидани хелҳои дигари экспертизаҳо экспертизаи ҳатмии ҳуқуқиро амалӣ менамояд. Ба зиммаи мақомоти дахлдори адлия вазифаҳо оид ба экспертизаи ҳуқуқии лоиҳаи қарорҳои мақомоти  ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо гузошта мешавад.
Мувофиқи қонун ба номгӯйи ҳуҷҷатҳое, ки ба лоиҳаи қонуни ба Палатаи қонунгузорӣ пешниҳодшуда ворид карда мешавад, хулосаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон бино бар натиҷаи экспертизаи ҳуқуқии лоиҳаи қонун ворид карда мешавад.
Ҳамчунин ба баъзе қонунҳое, ки ба вазири корҳои хориҷӣ бо ризоияти Вазорати молия пешниҳод мегардад, барои тасдиқ намудани сметаи ҳарсолаи хароҷот ва сметаи хароҷоти муассисаҳои дипломатӣ ва консулгарии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар хориҷа тағйирот ворид мегардад.
Ба Қонун «Дар бораи рақобат» тағйироте ворид карда мешавад, ки аз ваколати мақомоти зиддимонополӣ хориҷ кардани қабули қонунҳо дар бораи ҷарима ситондан барои вайрон кардани қонунгузорӣ дар бораи рақобат ва додани вазифаҳо бино бар баррасии парвандаҳо дар бораи вайрон кардани қонунгузорӣ оид ба рақобатро аз мақомоти зиддимонополӣ ва судҳои дахлдор пешбинӣ мекунад.
Қонунҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи Регламенти Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон» ва «Дар бораи назорати парлумонӣ» бо меъёре пурра карда мешавад, ки ҷорӣ кардани тартиботро, ки мувофиқи он Сенати Олий Маҷлис ҳар сол ахбори вазири адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистонро дар бораи ҳолати фаъолияти эҷоди меъёр ва таҷрибаи истифодаи ҳуқуқи мақомот ва ташкилотҳои давлатӣ мешунавад, пурра мегардад. Сенаторон қонунро маъқул донистанд.
Сипас аъзои Сенат Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи ворид кардани тағйирот ва иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Ӯзбекистонро вобаста ба такмил додани механизмҳои ситондани боҷҳои давлатӣ дар судҳо»-ро баррасӣ намуданд.
Қонун ба такмил додани механизмҳои ситондани боҷҳои давлатӣ дар судҳо ва ворид кардани тағйирот ва иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Ӯзбекистон нигаронида шудааст, ки бекор кардани 17 имтиёзро бино бар пардохти боҷҳои давлатӣ дар судҳо аз 74 имтиёзи мавҷуда, мушаххас намудани номгӯйи шахсҳо ва мақомотеро, ки аз пардохти боҷи давлатӣ ҳангоми муроҷиат ба судҳои маъмурии навтаъсис, ҳамчунин маҳдуд намудани иншооти ситондани боҷҳои давлатӣ барои судҳоро бинобар парвандаҳои шаҳрвандӣ ва судҳои иқтисодӣ пешбинӣ менамояд.
Мувофиқи қонун тартибе ҷорӣ карда мешавад, ки бино бар он нисбат ба баъзе табақаҳои ашхос дар мавриди куллан ё худ қисман қонеъ насохтани талаботи боҷҳои давлатӣ дар судҳо аз ин шахсҳо баробари миқдори талаботе, ки қонеъ сохтани онҳо манъ карда шуд, боҷ ситонида мешавад. Мувофиқи қонун муқаррар карда мешавад, ки дар мавриди қонеъ насохтан ё худ қисман қонеъ сохтани талабот мақомоти давлатӣ ва шахсони дигар ба манфиати ашхоси ҷисмонӣ ва шаҳрвандон барои аз пардохти боҷҳои давлатӣ озод кардан ариза додаанд, боҷи давлатӣ аз шахсоне, ки талаб карда мешавад, аз он қисми талаботи пешниҳодшуда, ки барои қонеъ сохтани онҳо сар тофта шуд, ситонда мешавад. Сенаторон қонунро қабул карданд.
Пас аз ин депутатҳо Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи ворид кардани тағйирот ва иловаҳо ба баъзе ҳуҷҷатҳои қонунгузории Ҷумҳурии Ӯзбекистон вобаста ба такмил додани механизмҳои мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ ва бо маблағ таъмин кардани паҳншавии силоҳи қатли ом»-ро муҳокима карданд.
Қонун ба мақсадҳои минбаъд такмил додан ва ба меъёрҳои байналхалқии қонунгузории соҳаи мубориза ба муқобили ғорати пул, терроризми молиявӣ ва паҳншавии молиявии силоҳи қатли ом коркард шудааст. Мувофиқи ҳуҷҷат, бо назардошти Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 23 майи соли 2018, ки дар он вазифа ва корҳои асосии Департаменти мубориза ба муқобили ҷиноятҳои иқтисодии назди Прокуратураи генералӣ муайян шудаанд, ба 19 қонун ва 5 кодекси Ҷумҳурии Ӯзбекистон баъзе тағйирот ва иловаҳои ҷиддӣ, техникӣ ва дақиқсозӣ ворид карда мешаванд.
Ҳамчунин ба Кодекси Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи масъулияти маъмурӣ ва Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки пурзӯр кардани ҷавобгариро барои хариди ғайриқонунӣ ё худ фурӯши моликияти асъорӣ пешбинӣ менамояд, низ тағйирот ва иловаҳо дохил карда мешаванд.
Таъкид шуд, ки қонун ба минбаъд баланд бардоштани самаранокии чораҳои профилактикӣ дар соҳаи аксуламал ба ҷиноятҳои иқтисодӣ ва бо маблағ таъмин кардани паҳншавии силоҳи қатли ом мусоидат хоҳад кард. Қонун аз ҷониби сенаторон маъқул дониста шуд.
Сипас сенаторон Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи ворид кардани тағйирот ва иловаҳо ба баъзе ҳуҷҷатҳои қонунгузории Ҷумҳурии Ӯзбекистонро ба муносибати такмил додани механизми истифодаи самарабахши майдонҳои кишт дар хоҷагии қишлоқ»-ро баррасӣ намуданд. Қайд гардид, ки мувофиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 9 октябри соли 2017 «Дар бораи чораҳои куллан такмил додани низоми ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии хоҷагиҳои фермериву деҳқонӣ ва соҳибони заминҳои наздиҳавлигӣ, истифодаи самараноки майдонҳои кишти хоҷагии қишлоқ» ва қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 10 октябри соли 2017 «Дар бораи чораҳои ташкилӣ бобати рушди минбаъдаи фаъолияти хоҷагиҳои фермерӣ, деҳқонӣ ва соҳибони заминҳои наздиҳавлигӣ» мувофиқи қонун ба қонунҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи мақомоти худидораи шаҳрвандон», «Дар бораи хоҷагиҳои фермерӣ», «Дар бораи хоҷагиҳои деҳқонӣ», «Дар бораи кафолати озодии фаъолияти соҳибкорӣ», Кодекси замин ва Кодекси андози Ҷумҳурии Ӯзбекистон тағйирот дохил карда мешаванд.
Сенаторон таъкид карданд, ки қонуни мазкур ба баланд шудани манфиатдории шахсӣ ва масъулиятшиносии роҳбарони хоҷагиҳои фермериву деҳқонӣ бобати истифодаи сарфакоронаи майдонҳои кишт, муқаррар шудани низоми назорати ҷамъиятӣ дар асоси низоми муассири ҳуқуқӣ мусоидат хоҳад кард. Сенаторон қонунро маъқул донистанд.
Сипас сенаторон қонунҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи ҳамроҳ шудани Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Конвенсия дар бораи ҳифзи манфиатҳои истеҳсолгарони фонограммаҳо аз истеҳсоли ғайриқонунии фонограммаҳои онҳо (Женева, 29 октябри соли 1971)», «Дар бораи ҳамроҳ шудани Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Шартномаи Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ бино бар ҳуқуқи муаллифӣ (Женева, 20 декабри соли 1996)», «Дар бораи ҳамроҳ шудани Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба шартномаи Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ оид ба иҷро ва фонограммаҳо (Женева, 20 декабри соли 1996)», «Дар бораи тасдиқ намудани Муоҳида оид ба шарикии стратегии байни Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон (Тошканд, 17 августи соли 2018)», «Дар бораи тасдиқ кардани муоҳида дар бораи тартиби ташкил кардан ва гузаронидани машқҳои муштараки зиддитеррористии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (Душанбе, 28 августи соли 2008)»-ро муҳокима карданд.
Баъдан сенаторон ахбори раиси Комиссияи парлумониро доир ба масъалаҳои таъмин кардани ҳуқуқҳои кафолатноки меҳнатии шаҳрвандон дар бораи фаъолияти комиссия шуниданд.
Таъкид гардид, ки алҳол дар Ӯзбекистон ба меъёр ва стандартҳои байналхалқӣ мувофиқсозии қонунгузории миллӣ ва истифодаи он, бо ин роҳ таъмин намудани ҳуқуқҳои конститутсионии меҳнати шаҳрвандон эътибори махсус дода мешавад.
Дар асоси қарори Сенати Олий Маҷлис аз 4 октябри соли 2017 Комиссияи парлумонӣ доир ба масъалаҳои таъмин кардани ҳуқуқҳои кафолатноки меҳнати шаҳрвандон ва дар минтақаву ҳудудҳо комиссияҳо амал мекунанд. Дар давраи сипаришуда аз ҷониби Комиссияи парлумонӣ корҳои мувофиқи мақсад амалӣ гардиданд, ҳолати иҷрои 29 конвенсия «Дар бораи меҳнати иҷборӣ» ва 105 конвенсияи созмони байналхалқии меҳнат «Дар бораи бекор кардани меҳнати иҷборӣ», ки аз ҷониби Ӯзбекистон тасдиқ гардидаанд, омӯхта шуданд. Ба мақсади таъмин намудани ҳуқуқи кафолатноки меҳнати шаҳрвандон, сари вақт ошкор кардан ва аз байн бардоштани тамоми шаклҳои меҳнати иҷборӣ дар мақомоти давлатӣ механизмҳои замонавии алоқаи муқобил ҷорӣ карда шуд.
Аз ҷониби Комиссияи парлумонӣ якҷо бо комиссияҳои ҳудудӣ, Федератсияи иттифоқҳои касаба, Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба масъалаҳои меҳнати иҷбории бачагон беш аз 8 ҳазор аёниятҳо тайёр карда шуданд, ки маълумотҳоро дар бораи 14 конвенсияи Созмони байналхалқии меҳнат, ки аз ҷониби Ӯзбекистон тасдиқ шудааст, фаро мегирад. Зиёда аз 100 машварат, чорабиниҳои гуногун, рӯзи дарҳои кушод ташкил карда шуданд, ки ба баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқии аҳолӣ, аз ҷумла намояндагони соҳаҳои иҷтимоӣ, роҳбарони корхона, ташкилот ва хоҷагиҳои фермерӣ нигаронида шудаанд. Беш аз 12 ҳазор иштирокдорон бо онҳо фаро гирифта шуданд. Қайд шуд, ки аз ҷониби коршиносони хориҷӣ ба корҳое, ки дар Ӯзбекистон бино бар аз байн бардоштани меҳнати иҷборӣ татбиқ мегарданд, баҳои мусбат дода мешавад. Дар ин маврид ба зарурати беҳтар кардани самаранокии назорати парлумонӣ ва ҷамъиятӣ бобати роҳ надодан ба ҳама гуна меҳнати иҷборӣ эътибор дода шуд. Бинобар натиҷаи баррасӣ қарори дахлдори Сенати Олий Маҷлис қабул гардид.
Бо ҳамин рӯзи аввали кори ҷамъомади ҳабдаҳуми умумии Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон анҷом ёфт.
***
14 декабри соли 2018 дар шаҳри Тошканд ҷамъомади умумии 17-уми Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон кори худро идома дод.
Дар кори ҷамъомад аъзои ҳукумат, роҳбарони вазорат ва идораҳои марказӣ, вакилони воситаҳои ахбори оммавии ватанӣ ва хориҷӣ иштирок доштанд.
Ҷамъомадро Раиси Сенати Олий Маҷлис Ниғматилло Йӯлдошев бурд.
Аъзои Сенат маълумоти вазири корҳои дохилиро дар бораи фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ дар ҷанбаи мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва пешгирии қонунвайронкуниҳо шуниданд.
Таъкид гардид, ки дар раванди ислоҳоти ҷории мамлакат ба сохтори демократӣ, мақомоти самарабахши вазифаҳои гузоштаро иҷрокунанда табдил додани идораҳои тартибу интизом эътибори алоҳида нигаронда мешавад. Дар натиҷаи бозсозиҳои куллии ҷорӣ сохтори мақомоти корҳои дохилӣ, фаъолияти хидмати таъҷилӣ таҷдиди назар гардида, дар назди ходимони соҳаи мазкур тамоман талаботи ҷиддӣ гузошта шудааст, ки онҳо воқеан ба халқ хизмат намуда, ба он наздик бошанд.
Ҳамзамон ба фаъолсозии кори сохторҳои марбут дар маҳалҳои аҳолинишини дурдаст эътибори алоҳида дода мешавад.
Барои ин дар ниҳоди корҳои дохила шуъба ва нуқтаҳои такягоҳии иловагӣ ташкил гардида, миқдори инспекторони профилактика зиёд гаштаанд.
Таъкид гардид, ки вақтҳои охир эътибори тамоми мақомоти ҳуқуқу тартибот ба огоҳии бармаҳали ҷинояткорӣ бевосита дар маҳаллаҳо ва дар аҳолӣ ташаккул додани муносибати бемуросо ба ҳар гуна поймолсозии ҳуқуқ нигаронда шудааст. Дар ин самт аз ҷониби гурӯҳҳои кории минтақавии Комиссияи ҷумҳурӣ доир ба бармаҳал огоҳ намудани ҷинояткорӣ ва мубориза бар зидди поймолсозии ҳуқуқ кори мақсаднок ба амал татбиқ мегардад. Ҳамзамон ба муҳокимаи алоҳидаи ҳар як ҷиноят дар байни аҳолӣ эътибори алоҳида дода мешавад.
Имрӯз дар натиҷаи ҷамъбасти ҳар як моҳ дар назди шӯроҳои депутатҳои халқи ноҳия ва шаҳрҳо 198 нафар муовинони роҳбарони шуъбаҳои корҳои дохилӣ доир ба масъалаҳои ҷавонон дар бораи натиҷаи корашон ҳисобот дода, дар назди аҳли маҳаллаҳо 6 ҳазору 896 инспектори профилактика ҳисобот додааст. Аз рӯи натиҷаи онҳо инспекторони профилактика, ки вазифаҳои худро масъулиятшиносона иҷро намудаанд, рағбатнок карда шуданд, онҳое ба ҷавобгарии интизомӣ ва маъмурӣ кашида шудаанд, ки ба вазифаҳои хидматии худ аз рӯи виҷдон муносибат накардаанд.
Сарфи назар аз ин, гуфтан мумкин нест, ки имрӯз боварии шаҳрвандон ба ходимони корҳои дохилӣ дар дараҷаи бояду шояд аст. Бо вуҷуди он ки ҳолатҳои вайрон намудани интизоми хидматӣ куллан кам гардидааст, ҳанӯз ҳолатҳои поймолсозии ҳуқуқ, муомилаи дағалона нисбат ба шаҳрвандон ба назар мерасад. Бинобар ин сенаторон қайд намуданд, ки минбаъд пурзӯр намудани кор дар ин самт, баланд бардоштани масъулияти ходимони мақомоти ҳуқуқу тартибот ногузир аст. Доир ба ин масъала қарори дахлдори Сенати Олий Маҷлис қабул гардид.
Сенаторон ҳисоботи вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистонро дар бораи фаъолияти Вазорати корҳои хориҷӣ доир ба вазифаҳои гузошташуда шуниданд. Таъкид гардид, ки дар ин самт корҳои муайян анҷом дода шудаанд. Аз он ҷумла, дар бобати ба имзо расидани беш аз 80 ҳуҷҷат дар ҷанбаҳои ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ байни вазоратҳо, идораҳо, ҳокимиятҳо ва ширкатҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо шарикони хориҷӣ ба миқдори умумии 6 миллиард доллари ИМА Вазорати корҳои хориҷӣ ва муассисаҳои хориҷии мамлакат ҳамдастӣ намудааст.
Кор дар самти ҷалб намудани сармояи хориҷӣ муттасил идома дорад. Аз он ҷумла ба ҳолати то охири моҳи ноябри соли 2018 зери коркарди намояндагиҳои Ӯзбекистон дар хориҷа 372 лоиҳа ба миқдори умумии 21 миллиард доллари ИМА қарор дорад.
Муассисаҳои хориҷии мамлакат қариб 250 тақдимоти зарфияти сайёҳии Ӯзбекистонро баргузор намуданд. Ваколатхонаҳои дипломатӣ дар беш аз 50 намоишгоҳ ва ярмаркаи сайёҳӣ иштирок намуданд.
Ҳамзамон таҳлил ва омӯзиши маълумотҳои дастрасгардида вуҷуд доштани зарфияти мавҷудаи назаррасро нишон дод ва ҳамчунин чандин мушкил ва камбудии ҳалнашуда маълум гардид.
Аз он ҷумла, ҳанӯз ҳамоҳанг насохтани кори байни идораҳо ба назар мерасад, механизми дақиқи «алоқаи мутақобила» бо вазорат ва идораҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи ҷараёни татбиқи лоиҳаҳои таҳиягардида ва ё дар бораи ҷамъбасти ташрифҳо вуҷуд надорад, ки ин дастрасиро ба манзараи воқеии ҳамкории дуҷониба, таҳия намудани тавсияҳои муҳим доир ба рушди минбаъдаи он маҳдуд месозад. 
Зимни ҳамкорӣ бо вазорат ва идораҳо доир ба масъалаҳои пеш бурдани содироти амволи ватанӣ, ҷалби сармоя ва сайёҳон Вазорати корҳои хориҷӣ ва намояндагиҳои дипломатӣ ҳанӯз ба мушкилоти баррасии пешниҳодоти тӯлонии идораҳои дахлдор ва ҳокимиятҳои вилоятҳо, ки аз ҷониби муассисаҳои хориҷӣ ворид мегарданд, дучор мегарданд. Ин сабаби ноилоҷ бекор гардидан ва ё ба таъхир андохтани чандин чорабиниҳои муҳими дуҷониба мегардад.
Дар кори ҳокимиятҳо танзимгарии байниидоравӣ ҳанӯз ба назар намерасад, муносибати расмӣ ба таҳияи нақшаҳои мушаххас доир ба ҳамкорӣ бо шарикони хориҷӣ боқӣ мемонад. То барпо гардидани ташриф кори фосилавӣ бо сармоягузорон ба амал намеояд, шартҳои ҳамкорӣ, миқдори қарордод пешакӣ мавзӯи суҳбат қарор дода намешавад. Дар поёни мулоқотҳо бо имзо намудани меморандумҳои маъмулӣ дар бораи ҳамкорӣ, ба ҷои имзо намудани қарордодҳои мушаххас ва муоҳидаҳои мақсаднок, маҳдуд мегарданд.
Ба самаранокии кори муассисаҳои хориҷӣ сарбории аз ҳад зиёди онҳо аз омода намудани ҳисоботи зиёд таъсири манфӣ мерасонад. Ҳолати мазкур, хусусан бо назардошти маҳдудияти теъдоди кормандон, имкон намедиҳад, ки ба коре, ки ба натиҷаи ниҳоӣ равона гаштааст, диққати асосӣ дода шавад. 
Имрӯз ҳанӯз нокифоии матолиби сифатан хуб омодагардида ва бомуҳтаво дар бораи зарфияти сармоягузории Ӯзбекистон ба забонҳои хориҷӣ ба назар мерасад.
Сенаторон доир ба минбаъд баланд бардоштани самаранокии фаъолияти Вазорати корҳои хориҷӣ тавсияҳои худро иброз намуданд. Ҳамин тариқ, ҳангоми тартиб додани нақшаи кор барои соли 2019 муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон бояд суръати пешбурди содиротро дар муқоиса бо воридот таъмин намоянд ва ҳамчунин мавҷи сайёҳонро, хусусан аз мамлакатҳои хориҷи дур, зиёд кунанд.
Инчунин қайд гардид, ки ба таҷриба дохил намудани ташкили сафарҳои мунтазами шиносоии гурӯҳӣ ба минтақаҳои ҷумҳурӣ барои ходимони нави намояндагиҳои дипломатие, ки дар Ӯзбекистон номнавис гаштаанд, барои пеш бурдани зарфияти сармоягузорӣ ва сайёҳии Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва вилоятҳои мамлакат, зарур мебошад. Аз рӯи ҷамъбасти муҳокимаҳо қарори дахлдори Сенати Олий Маҷлис қабул гардид.
Сенаторон инчунин ҳисоботи ҳокими вилояти Фарғонаро дар бораи тараққиёти ҳудуд ва фаъолияти шӯроҳои депутатҳои халқи маҳаллӣ шуниданд.
Таъкид гардид, ки соли 2018 кори муайян доир ба рушди маҷмӯии минтақа анҷом дода шуда, ба ин ҷараён зарфияти шӯроҳои депутатҳои халқии маҳаллӣ ҷалб гардидааст. Дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ афзоиши ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти умумии минтақавии вилоят ба 105,3 фоиз, ҳаҷми сармояҳои хориҷии ҷалбгардида ба 90 миллион доллари ИМА расида, ин нишондод дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба беш аз 2 маротиба афзуд. Дар давраи гузаштаи соли ҷорӣ 2930 воҳиди тиҷорати хурд фаъолияти худро шурӯъ намуда, теъдоди онҳо қариб ба 29 ҳазор расид. Ҳаҷми сармояи онҳо беш аз 1,5 триллион сӯмро ташкил намуд. Дар натиҷа дар минтақа миқдори ҷойҳои нави корӣ афзуда, дар онҳо асосан ҷавонон бо шуғл фаро гирифта шудаанд.
Дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ бо мақсади дастгирии молиявии соҳаи соҳибкорӣ аз ҷониби бонкҳои тиҷоратӣ 2 триллиону 552 миллиарду 665 миллион сӯм кредит ҷудо карда шудааст.
Дар доираи иҷрои супоришоти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки зимни боздид аз вилояти Фарғона 22 -23 июни соли 2017 ва 12-13 июни соли 2018 эълон гардид, 380 лоиҳа тасдиқ гаштааст.
Дар ҳалли мушкилоти молики аҳамияти иҷтимоиву иқтисодӣ фаъолияти баъзе шӯроҳои депутатҳои халқи маҳаллӣ аҳамияти муҳим касб менамояд. Аз он ҷумла дар шӯроҳои маҳаллӣ ҳисоботи беш аз 500 шахси соҳиби вазифа доир ба ҳалли мушкилоти муҳими мавриди таваҷҷӯҳи аҳолӣ шунида шуда, ба роҳбарони ниҳодҳои масъул беш аз 300 дархости депутатӣ (муроҷиат) равона гаштааст.
Ҳамзамон сенаторон қайд намуданд, ки дар вилояти Фарғона чандин муаммо ва камбудиҳо вуҷуд доранд, ки ба баланд гардидани самаранокии фаъолияти шӯроҳои маҳаллӣ таъсири манфӣ дошта, зарфияти мавҷуда ба ҳаҷми пурра истифода намегардад.
Дар поёни муҳокимарониҳо қарори Сенати Олий Маҷлис, ки ба баланд бардоштани масъулияти вазорат ва идораҳо ва ҳамчунин мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ доир ба ҳалли масъалаҳои рушди вилоят нигаронда шудааст, қабул гардид.
Баъд аз он сенаторон Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистонро «Дар бораи ратификатсияи Конститутсияи Ташкилоти байналхалқӣ оид ба муҳоҷират (Брюссел, 19 октябри соли 1953)» баррасӣ ва тасдиқ намуданд.
Аъзои Сенат масъалаи Барномаи оид ба ташкили хоҷагиҳои бисёрҷанбаи фермериро дар соли 2019 муҳокима намуданд. Таъкид гардид, ки лоиҳаи Барнома аз ҷониби Девони Вазирон бино бар Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 9 октябри соли 2017 «Дар бораи чорабиниҳо оид ба куллан такмил додани низоми ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии хоҷагиҳои фермерӣ, деҳқонӣ ва соҳибони қитъаҳои замини наздиҳавлӣ, босамар истифода намудани майдонҳои кишти хоҷагии қишлоқ» пешниҳод гаштааст. Дар поёни баррасӣ қарори дахлдори Сенати Олий Маҷлис қабул гардид.
Сенаторон инчунин масъалаи ба Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Арипов А.Н. фиристодани дархости парлумониро дар бораи ҳолати иҷрои қонунгузорӣ дар бораи пардохт ва анҷом додани хидмати ҳарбӣ аз рӯи қарордод ва таҷрибаи корбасти ҳуқуқ дар соҳаи мазкур баррасӣ намуданд. Таъкид гардид, ки дар натиҷаи чорабиниҳое, ки дар соҳаи мазкур андешида шудаанд, дараҷаи касбии хизматчиёни ҳарбӣ, омодагии интеллектуалӣ ва ҳарбии онҳо баланд бардошта шуда, ҳимояи ҳуқуқӣ ва иҷтимоии онҳо пурзӯр гардида, нуфуз ва обрӯи хидмати ҳарбӣ дар байни аҳолӣ, хусусан, дар байни ҷавонон, куллан афзуд.
Аммо омӯзиш дар маҳалҳо, суҳбат бо аҳолӣ ва шиносоӣ бо муроҷиатҳои онҳо нишон дод, ки чандин мушкилот дар робита бо ҷалб гардидан ба хидмати ҳарбӣ аз рӯи қарордод, дароз намудани муҳлат ва рухсат аз хизмат вуҷуд дорад.
Ин омӯзишҳо нишон дод, ки ба хидмати ҳарбӣ пардохтан аз рӯи қарордод ҷараёни мураккаб аст. Бисёр мамониатҳои бюрократӣ вуҷуд доранд, бар замми ин тартиби кори мазкур шаффоф нест. Муддат ва ба охир расондани баъзе марҳалаҳои он ва ҳамчунин масъулияти шахсони соҳибвазифае, ки бо ин иртибот доранд, муайян карда нашудааст. Ғайр аз ин, механизми ягонаи ташкиливу ҳуқуқии мутобиқгардии иҷтимоии хизматчиёни ҳарбии собиқ, хусусан хизматчиёни ҳарбие, ки собиқаи корӣ надоранд, ҳуқуқи нафақагирӣ доранд, бо роҳи бо кор таъмин намудани онҳо, омодагии касбӣ ва бозомӯзӣ вуҷуд надорад.
Бинобар ин, зарурати равон намудани дархости парлумонӣ ба Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Арипов А.Н. дар бораи ҳолати иҷрои қонунгузорӣ доир ба пардохтан ва иҷрои хидмати ҳарбӣ аз рӯи қарордод ва таҷрибаи татбиқи онҳо дар соҳаи мазкур ба вуҷуд омад. Аз рӯи масъалаи муҳокимагардида қарори дахлдори Сенати Олий Маҷлис қабул гардид.
Сенаторон масъалаи ба муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҳакимов А.А. равон намудани дархости парлумониро дар бораи шароитҳое, ки барои таълими ҷавонони имконияташон маҳдуд ба вуҷуд оварда шудааст, баррасӣ намуданд.
Таъкид ёфт, ки бо ташаббуси роҳбари давлат дар ду соли охир беш аз 21,5 ҳазор шахси ногиро, оилаҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ заиф бо хонаҳои иқоматӣ таъмин гаштаанд. Низоми дастгирии давлатии шахсони имконияташон маҳдуд ба таври куллӣ такмил дода шуда, тартиби қабули онҳо ба таҳсил дар муассисаҳои таълими олӣ дар асоси квотаҳои иловагии гранти давлатӣ таҳия гаштааст.
Аммо, сарфи назар аз он ки дар Қонуни Асосии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, қонунҳои «Дар бораи таълим», «Дар бораи кафолати ҳуқуқи кӯдак», «Дар бораи ҳимояи иҷтимоии ногироён дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон» ба ҳуқуқи таҳсил соҳиб будани ҳар шахс зикр гаштааст, шахсони имконияташон маҳдуд наметавонанд аз ин ҳуқуқ комилан истифода баранд.
То ҳанӯз чандин муаммое, ки ба ҳуқуқи таълим гирифтани онҳо мамониат менамоянд, вуҷуд доранд. Бинобар ин, зарурати равон намудани дархости парлумонӣ ба муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҳакимов А.А. дар бораи шароите, ки барои таълими ҷавонони имконияташон маҳдуд ба вуҷуд оварда шудааст, ба вуҷуд омад. Аз рӯи масъалаи мазкур қарори дахлдори Сенати Олий Маҷлис қабул гардид.
Пас аз он аъзои палатаи болоии парлумон масъалаи дохил намудани тағйиротро ба ҳайати Суди олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки аз рӯи ҷамъбасти он қарори дахлдори Сенати Олий Маҷлис қабул гардид, баррасӣ намуданд.
Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон инчунин дигар масъалаҳоеро низ баррасӣ намуд, ки ба ваколати он тааллуқ дорад.
Дар ҷараёни ҷамъомади умумии ҳабдаҳум 30 масъала, аз он ҷумла 18 қонун, ки ба мустаҳкамсозии пойгоҳҳои ҳуқуқии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти ҷамъият ба баланд бардоштани самаранокии бозсозиҳои доманфарохи дар мамлакат татбиқшаванда, рушди ҳамкории байналхалқӣ нигаронда шудаанд, баррасӣ гардиданд.
Бо ҳамин ҷамъомади ҳабдаҳуми умумии Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон кори худро анҷом дод.

Хидмати матбуоти Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: