РУШДИ ИНТЕРНЕТ-ЖУРНАЛИСТИКА – ТАЛАБИ ДАВР

Имрӯз дар тамоми дунё, аз ҷумла дар мамлакати мо, эҳтиёҷоти аҳолӣ барои ба даст овардани ахбори тару тоза торафт меафзояд.

 Албатта, барои иҷрои ин талаботи аҳолӣ расонаҳои ахбори оммавӣ, аз ҷумла нашрияҳо, телевизион, радио ва Интернет саҳми худро мегузоранд. 
Дар байни онҳо, бешубҳа, Интернет бо қулайӣ, арзонӣ ва зудамалии худ пештоз аст. Дар навбати худ, меъёрҳои ҳуқуқӣ ва шароити мусоиде, ки дар кишвари мо нисбати интернет-нашрҳо фароҳам оварда мешаванд, сабаби рушди соҳа мегардад. Бо вуҷуди ин, доир ба ҳифзи ҳуқуқии журналистон, баланд бардоштани салоҳияти кадрҳои Интернет-журналистика, рушди онлайн-журналистика ва такмили қонунгузорӣ бисёр корҳоро бояд анҷом дод. Дар ин бобат аз ҷониби Шӯрои Интернет-журналистикаи назди Иттиҳоди эҷодии журналистони Ӯзбекистон корҳои зиёд амалӣ мешаванд. Бино ба фикри мутахассисони соҳа, вазифаи он аз васеъ намудани фаъолияти блогер ва веб-сайтҳое, ки ба сифати воситаи ахбори оммавӣ аз рӯихат гузаштаанд, ҳамчунин бартараф намудани муаммои мавҷуда дар назди онҳо иборат аст. Дар нишасти матбуотие, ки бо ташаббуси Шӯрои мазкур дар Маркази матбуоти миллии пойтахт таҳти мавзӯи «Масъалаҳои рӯзмарраи рушди Интернет-журналистика дар Ӯзбекистон» баргузор шуд, дар ҳамин хусус сухан рафт. Дар он мутахассисони соҳа, блогерҳо ва донишҷӯёни факултаи Интернет-журналистикаи Донишгоҳи журналистика ва коммуникатсияи оммавӣ ширкат варзиданд.   
Дар нишаст раиси шӯро Г.Бобоҷонова, сармутахассиси Иттиҳоди эҷодии журналистон Ш.Салимов ва дигарон қайд карданд, ки дар мамлакатамон ба рушди Интернет-журналистика эътибори алоҳида дода мешавад. Ин аст, ки ба рушди веб-сайтҳое, ки ба сифати РАО аз рӯихат гузаштаанд, ташкили истифодабарии дуруст, кӯмак расондан, дастгирӣ ва рағбатнок кардани рӯзноманигорон корҳои зиёде амалӣ мегарданд. 
Бинобар фикри мутахассисони соҳа, дар мавриди истифода аз Интернет-журналистика масъалаҳои таъмини бехатарии он аҳамияти муҳим дорад. Зеро аз ҷониби сайтҳои иҷтимоӣ баъзан ахбори пурзарар ва бардурӯғ зуд паҳн мегарданд. Дар ин ҷода огоҳ ва ҳушёр будани интернет-нашрҳо хеле зарур аст. 
Бояд гуфт, ки дар давраи ҷаҳонишавӣ Интернет ва технологияҳои дигари замонавӣ дар ҳаёти инсон нақши муҳим дорад. Аз ин рӯ, набояд фаромӯш кард, ки Интернет, бо вуҷуди қулайӣ, рӯшодӣ ва қонеъ гардондани эҳтиёҷоти аҳолӣ бо ахбори тоза, ба муқоисакунӣ ва фикрронии мустақилонаи одамон таъсири манфӣ мерасонад. Бино ба фикри мутахассисон ба ҳар хабаре, ки дар сайтҳои иҷтимоӣ зуд паҳн мегардад, набояд бовар кард, барои дақиқ кардани он ба веб-сайтҳои расмӣ ва иттилоотӣ муроҷиат кардан аз фоида холӣ нест. 
Дар нишаст муаммоҳое, ки дар фаъолияти мутахассисони соҳа ба назар мерасанд, муҳокима гардида, оиди бартараф намудани онҳо фикрҳо пешниҳод гардиданд. 

М. МИРМАҲМАДОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».     

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: