ТАЛОШИ ШОҲМОТБОЗОНИ ҲАВАСКОР

Дар Хонаи матбуоти вилоят бахшида ба 26-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон мусобиқаи шоҳмотбозони ҳаваскор барои гирифтани ҷоизаи рӯзномаҳои вилоятӣ баргузор шуд.

Он бо ташаббуси ҳокимияти вилоят дар ҳамкорӣ бо шуъбаи вилоятии Бунёди хайриявии «Маҳалла», садоратҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, матбуот ва ахбори вилоят, инчунин, шуъбаи вилоятии Иттиҳоди журналистони Ӯзбекистон ташкил гардид.
Дар зинаҳои шаҳриву ноҳиявии мусобиқа 1 ҳазору 500 нафар шоҳмотбозони ҳаваскор иштирок карда бошанд, дар зинаи вилоятӣ беш аз 60 нафар занону мардон барои ғолибият қувва озмуданд.
Ғолибу ҷоизадорони мусобиқа бо тӯҳфаҳои қиматбаҳои ташкилотчиён сарфароз гардиданд.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: