ВАЗОРАТИ НАВ ДАР РОҲИ РУШДУ ТАКОМУЛИ НАСЛИ НАВРАС

Тӯли ду-се соли охир дар низоми муассисаҳои таълими томактабӣ, ҳамагонӣ ва олии мамлакатамон дигаргуниҳои куллӣ рӯй доданд.

Аз ҷумла, Вазорати муассисаи таълими томактабӣ ташкил дода шуд, ки ҳоло дар алоҳидагӣ кору фаъолият дорад.
Хабарнигорамон чанде қабл бо сармутахассиси Раёсати ташкили фаъолият ва рушди стратегии муассисаҳои таълими томактабии  вазорати мазкур Гулбаҳор ПАРПИЕВА дар партави қарори Президент «Дар бораи чорабиниҳо доир ба куллан такмил додани низоми таълими томактабӣ», аз 9 сентябри соли равон ва дигар масоили марбута суҳбате дошт. Инак, фишурдаи он манзури хонандагон мегардад.

– Муҳтарам, Гулбаҳор Мирзоалиевна,  дар қарори сарвари мамлакатамон «Дар бораи чорабиниҳо доир ба куллан такмил додани низоми таълими томактабӣ» аз ҷумла гуфта шудааст: «Низоми таълими томактабӣ ба ташаккулёбии насли навраси солим ва ҳамаҷониба рушдёфта нигаронида шудааст». Шумо ба сифати мутахассиси соҳа насли навраси солим ва ҳамаҷониба рушдёфтаро чӣ хел тасаввур менамоед? 
– Дар тасаввури инҷониб бачаҳои ҳушманду донишписанд, ҷисману ахлоқан солим ва зебоипараст насли солим ва ҳамаҷониба инкишофёфтаанд.
Барои расидан ба ин орзуҳои неку наҷиб дар назди мутахассисони низоми таълими томактабӣ  як қатор вазифаҳо гузошта шудаанд, ки шароити мусоид фароҳам овардан ба рушди интеллектуалӣ, ахлоқӣ, эстетикӣ ва ҷисмонии онҳо; ба роҳ мондани ҳамкории зич бо падару модарон; таҳкими тандурустӣ ва ҳифзи ҳаёти бачаҳо; ислоҳи нуқсонҳои сабуки бачаҳо дар нутқ, узвҳои биноӣ ва шунавоӣ; дар асоси арзишҳои миллӣ ва умумиинсонӣ дар бачаҳо ташаккул додани эҳсоси садоқат ба маънавияти воло ва анъанаҳои инсонпарваронаи халқамон; тибқи барномаҳои замонавии таълимӣ ҷорӣ намудани технологияҳои муосир дар ҷараёни таълиму тарбия аз ҷумлаи инҳост.
– Дар санади мазкур оварда шудааст, ки «...корҳо оиди омода кардан ва дар муассисаҳои таълими томактабӣ ҷорӣ намудани маводи таълимиву услубӣ, дидактикӣ (бозию бозичаҳо) ва адабиёти бадеие, ки суннатҳои миллии фарҳангиро инъикос карда, бачагонро аз хурдсолӣ ба мутолиаи китоб ҷалб менамоянд, ба талаботи замон ҷавобгӯ нестанд». Барои ба талаби замон ҷавоб додани ин корҳо аз ҷониби вазорату идора ва созмонҳои дахлдор то имрӯз чӣ чорабиниҳо андешида шуданд?
– Ба мақсади ба амал татбиқ намудани барномаи замонавии таълим ва ҷорӣ намудани технологияҳои нави педагогӣ дар ҷараёни таълиму тарбия ба ҳамаи муассисаҳои таълими томактабӣ,  барномаи нави давлатии таълим таҳти унвони «Иқдоми аввалин» ва «Талаботи давлатии  Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба рушди бачаҳои синну соли томактабӣ» ва барномаи чорабиниҳои тибқи Фармони Президент «Дар бораи чорабиниҳо доир ба куллан такмил додани кор дар соҳаи  дастгирии занон ва мустаҳкам кардани институти оила» таҳияшуда пешниҳод гардиданд.
Ҳоло дар муассисаҳои таълими томактабӣ  барои бачаҳои 4-7 сола барномаи таълимие, ки аз ҷониби мутахассисони Вазорати таълими томактабӣ таҳти номи «Ошно намудани бачаҳои синни томактабӣ бо арзишҳои оилавӣ» омода карда шудааст, ба амал татбиқ мегардад.
– Одатан, мегӯянд, ки ҳама чиз аз бачагӣ оғоз меёбад. Ба фикри шумо, дар муассисаҳои таълими томактабӣ насли наврасро бо кадом роҳҳо дар рӯҳи арҷгузорӣ ба урфу одат, анъана ва арзишҳои миллӣ метавон тарбия кард?
– Дар муассисаҳои таълими томактабӣ ба ташаккул додани арзишҳои оилавӣ дар шууру зеҳни насли наврас, мисли салом додан ба бузургсолон, эҳтироми бобою бибӣ, падару модар, бародару хоҳар ва дигар наздикон, одоби шину хез дар атрофи дастархон, меҳмондорӣ , ба меҳмонӣ рафтан, рӯбучини хонаю ҳавлӣ,  хабаргирӣ аз ҳоли пиронсолону беморон дар рӯзҳои ид, кӯмак ба кору бори ҳамсоягон, ки хоси миллатҳои таҳҷоист, эътибори ҷиддӣ дода мешавад.
 Ин ва дигар арзишҳои миллӣ дар муассисаҳои таълими томактабӣ бо усули суҳбат, тавассути бозиҳои миллию таълимӣ, меҳнат, намоиши саҳначаҳои ибратангез, тасвирҳои гуногун, афсона, ривоят, ҳикоя, шеър, чистон, зарбулмасалу мақолҳо, вохӯрӣ бо пирони рӯзгордида, саёҳат ба осорхона, шаҳрҳои қадимӣ, зиёратгоҳҳои муқаддас... дар зеҳни насли наврас ташаккул дода мешавад.
– Тибқи қарор бояд аз 1 январи соли равон дар шаҳрҳои Тошканд, Нуқус ва маркази вилоятҳо ба тариқи таҷриба муассисаҳои нави таълимӣ бо шартҳои шарикии давлативу хусусӣ созмон дода мешуданд. Ибораи «шарикии давлативу хусусӣ» - ро тавзеҳ медодед.
– Муассисаи таълими томактабии шарикии давлативу хусусии  ба расмият даровардашуда муассисаест, ки дар кору фаъолияти он давлату сармоягузорони хусусӣ ва соҳибкорон ширкат меҷӯянд. Давлат ба сармоягузорони хусусӣ барои бунёди муассисаҳои таълими томактабӣ қитъаҳои замин ва биноҳои холиро ба муҳлати дароз беподош ҷудо мекунад. Ба сармоягузорон имтиёзи андоз ва дигар сабукиҳо дода мешавад. Дар қарор омадааст, ки муассисаҳои давлатии таълими томактабии пойтахт ба сифати таҷриба метавонанд бо субъектҳои соҳибкорӣ бобати расонда додани маҳсулоти хӯрокворӣ ва таомҳои тайёр бевосита шартнома банданд. Таҷрибаи мазкур имкон медиҳад, ки муассисаҳои таълими томактабӣ бо маҳсулоти хӯроквории тару тоза ва таомҳои серғизо сари вақт таъмин карда шаванд.    
Яъне,  дар асоси шарикии давлативу хусусӣ кору фаъолияти муассисаҳои ғайридавлатии таълими томактабӣ ҷонноктар хоҳад шуд...
– Имрӯз муассисаҳои таълими томактабии ҷумҳурӣ то куҷо бо кадрҳо таъмин карда шудаанд?  Дар мамлакатамон кадом таълимгоҳҳо муассисаҳои таълими томактабиро бо кадрҳо таъмин менамоянд?
– Қарори сарвари мамлакатамон «Оиди дар муассисаҳои таълими олӣ созмон додани шуъбаҳои ғоибона дар самти педагогика»  ба таъмин намудани  ниёзи муассисаҳои таълими томактабӣ ва синфҳои ибтидоии таълими ҳамагонӣ бо кадрҳо дар самтҳои мусиқӣ, санъати тасвирӣ, забонҳои хориҷӣ, таълими меҳнат, тарбияи ҷисмонӣ ва дигар фанҳо нигаронида шудааст. Тибқи қарор бобати бо кадрҳои баландмалакаи педагогӣ таъмин намудани муассисаҳои таълими томактабӣ ва  ҳамагонӣ чорабиниҳо андешида мешаванд.
Ба ҷуз ин,  моҳи январи соли равон дар асоси қарорҳои якҷояи Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсус ва Вазорати таълими ибтидоӣ дар Маркази такмили малака ва бозомӯзии ходимони таълими халқи назди муассисаҳои таълими олӣ доир ба самтҳои мураббии муассисаи таълими томактабӣ, психологияи амалӣ ва дефектология курсҳои бозомӯзӣ созмон дода шуданд.
Ҳамчунин  қарори моҳи майи соли равон доирнамудаи Президентамон «Дар бораи созмон додани Донишгоҳи Пучон дар шаҳри Тошканд» низ айни муддао буд. Донишгоҳи мазкур бобати бо кадрҳои баландмалакаи педагогӣ таъмин намудани муассисаҳои таълими  томактабӣ ва ҳамагонӣ тибқи андозаҳои байналхалқӣ мусоидат менамояд.   
– Ӯзбекистони мо кишвари сермиллат аст. Ҳуқуқи ҳамаи қавму миллатҳо дар Конститутсияи ҷумҳурӣ муайян карда шудаанд. Оё дар шаҳр, ноҳия ва деҳоте, ки миллатҳои дигар, аз ҷумла   тоҷикон дастҷамъона зиндагӣ мекунанд, имкони кушодани муассисаҳои миллии таълими томактабӣ вуҷуд дорад? 
– Тибқи Конститутсияамон, бо  назардошти эҳтиёҷи аҳолӣ, имкони  кушодани муассисаҳои таълими ибтидоӣ ба дигар забонҳо вуҷуд дорад. Бояд бароятон хабари хушеро расонам. Ба қарибӣ мо талаби сокинони ҷамъияти шаҳрвандони маҳаллаи «Тонг юлдузи»-и ноҳияи Чинози вилояти Тошкандро қонеъ гардондем. Дар кӯдакистони рақами 8-уми ноҳия ду гурӯҳи тоҷикӣ кушода шуд.
– Ба фикри шумо, имрӯз пойгоҳи моддию техникии муассисаҳои таълими томактабӣ то куҷо мустаҳкам карда шудаанд?
– Тибқи қарори Президент «Дар бораи чорабиниҳо доир ба такмил додани сохтори таълими томактабӣ дар тӯли солҳои 2017-2021»  соли 2018 барои ҷиҳозонидани муассисаҳои таълими томактабии ҷумҳурӣ 44,1 млрд. сӯм ҷудо карда шудааст. Бино ба қарори сарвари давлат «Дар бораи барномаи манзилии бунёд, таҷдид ва таъмири куллии муассисаҳои таълими томактабӣ дар соли 2018» то охири сол бояд дар сартосари ҷумҳурӣ  318-то муассисаи таълими томактабии рӯйи таҷдиду таъмирро дида ҷиҳозонида шаванд...
Шоире фамуда будааст:
Хишти аввал гар ниҳад меъмор каҷ,
То ба охир меравад девор каҷ.

Аз суҳбат бо сармутахассиси Вазорати таълими томактабӣ бармеояд, ки кӯдакистонҳо таълимгоҳҳоеанд, ки дар онҳо хиштҳои аввалини таълиму тарбияи инсон гузошта мешаванд ва ин хиштҳо бояд дуруст гузошта шаванд. Дуруст гузошта шудани онҳо ба нуронӣ гардидани имрӯзу фардои мо мусоидат хоҳад кард...  
 
Суҳбаторо А. СУБҲОНОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: