ЯРМАРКАҲОИ ИДОНА

Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ярмаркаҳои солинавӣ ташкил карда шуданд.

Домани ин ярмаркаҳо рӯз аз рӯз фарохтар ва маводи бештар ба меҳнаткашон арғумон карда мешаванд.
Дар нуқтаҳои савдо, кӯчаву хиёбонҳо одамон маводи зарурии солинавиашонро бо нархҳои арзон харидорӣ мекунанд.
Ҳокими вилоят Шӯҳрат Абдураҳмонов зимни иштирок дар маросими ифтитоҳи ярмаркаҳои солинавӣ ба мардуми вилоят фарорасии соли навро муборакбод намуд. 
Ӯ аз соҳибкорон даъват кард, ки ба сокинони вилоят ва меҳмонони он маводи аълосифат пешкаш кунанд ва барои беҳтар шудани сифати онҳо мусоидат намоянд.
– Нархи наво хеле кисабоб шудааст. Хусусан нархи маҳсулоти кишоварзӣ моро қаноатманд месозад. Ин аз файзу баракат ва фаровонӣ шаҳодат медиҳад, – мегӯяд сокини шаҳри Андиҷон Гулсанам Маҳмудова.
Ярмаркаҳои идонаи маҳсулоти кишоварзӣ дар саросари вилоят то 3 январи соли нав давом мекунад.

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Вилояти АНДИҶОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: