ОМӮЗИШИ МАЛАКАИ ЧАНДРАСОНАӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

Дар шаҳри Душанбе боздиди шиносоӣ ва давраи омӯзишию амалӣ таҳти унвони «Ҳамкории чандрасонаии журналистони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон» анҷом ёфт.

Ба ин дарсҳои омӯзишӣ дар баробари хабарнигорони расонаҳои Тоҷикистон як гурӯҳ журналистони расонаҳои давлативу мустақили Ӯзбекистон низ даъват шудаанд. Ин боздиди шиносоӣ ва давраи омӯзишию амалиро Мактаби мустақили рӯзноманигории «Тоҷикистон – асри ХХI» роҳандозӣ кардааст. 
То шурӯи дарсҳои маҳорату малака журналистони ӯзбекистонӣ аз ҷойҳои таърихиву мадании шаҳри Душанбе, Осорхонаи миллӣ, Китобхонаи миллӣ, фурӯшгоҳҳои зиёд, ҳамчунин Корхонаи алюмини Тоҷикистон воқеъ дар шаҳри Турсунзода, Қалъаи Ҳисор, хоҷагии деҳқонию токпарварии «Ҳоҷӣ Неъмат»-и ноҳияи Турсунзода, маҷмӯаи кӯҳию лижаронии «Сафеддара»-и ноҳияи Варзоб ва амсоли он боздид намуданд.
Сарвари Мактаби мустақили рӯзноманигории «Тоҷикистон – асри ХХI» Сафо Сафаров изҳор дошт, ки мақсади асосии мо аз роҳандозии боздиди расонаӣ ва давраи омӯзишию амалӣ, қабл аз ҳама, беҳбуд бахшидан ба муносибатҳои дӯстона ва шарикии стратегии байни Тоҷикистону Ӯзбекистон, мустаҳкам кардани дӯстиву рафоқати байни ду халқи бародар, таҳияи гузоришҳо ва матолиби чандрасонаӣ дар бораи беш аз пеш инкишоф ёфтани ҳамкориҳои дуҷонибаи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ мебошад.
Зимни ин давраи омӯзишию амалӣ тренерҳои соҳибмалакаи тоҷикистонӣ дар мавзӯъҳои гуногун дарсҳои маҳорату малака доир карданд. 
Ҳамчунин, мутахассисони тоҷикистонӣ ба журналистони Ӯзбекистон оид ба фаъолият ва теъдоди матбуоти даврӣ, садову симои давлативу хусусии Тоҷикистон ва роҳҳои беҳбуд бахшидани фаъолияти ин воситаҳои ахбори умум бо истифода аз имконоти чандрасонаӣ маълумоти муфассал доданд.
– Мо бояд ба мардуми ду кишвар дар бораи пешрафтҳои ҷабҳаҳои гуногуни ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Ӯзбекистон, тараннуми дӯстиву рафоқати байни мардуми ду кишвар, тавсеаи ҳамкориҳо дар бахшҳои сайёҳӣ, табодули мутахассисони баландмалакаи илмиву маърифатӣ дар байни донишгоҳҳои ду самти марз, афзоиши теъдоди қабули ҷавонон ба донишгоҳҳо, баррасии паҳлӯҳои мухталифи тарзи ҳаёти мардум ва амсоли он маълумотҳои дақиқу доманфарох тақдим намоем, – иброз дошт иштирокдори ҳамоиш, устоди Донишгоҳи давлатии забонҳои ҷаҳони Ӯзбекистон Наргис Қосимова.
– Иштирок дар ин дарсҳои шиносоӣ ва давраи омӯзишию амалӣ мусоидат намуданд, ки ба мавзӯъҳои чандрасонаӣ бештар сарфаҳм равам ва мустақилона доир ба мавзӯъҳои гуногун гузоришҳои чандрасонаӣ мураттаб созам. Дар ин маврид тренерҳои варзида дарси маҳорату малака доир карданд. Дарвоқеъ, дар айни ҳол донистани имкониятҳои чандрасонаӣ барои ҳар як хабарнигор хеле муҳим мебошад, – тазаккур дод муҳаррири калони ширкати садо ва симои вилояти Сурхондарё Сурайё Норманова. 
Интизор меравад, ки ташкил кардани чунин давраҳои омӯзишиву амалӣ ва баланд бардоштани  маҳорату малакаи хабарнигорӣ барои журналистони Ӯзбекистону Тоҷикистон дар шаҳрҳои Душанбе ва Тошканд ва минтақаҳои гуногуни ду кишвар ҳукми анъанаро касб хоҳад кард. 

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори   
«Овози тоҷик».

Шаҳри ДУШАНБЕ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: