ПОКЗАБОН БОШЕМУ ПОКДИЛ

Муҳаббат ба фарҳанг, ба расму оинҳои миллӣ ва ба забони модарӣ аз хислатҳои беҳтарини инсон мебошанд.

Шахсе, ки фарҳангдӯсту хештаншинос аст, фарҳангу маданият ва забони  халқҳои дигарро низ гиромӣ медорад. Оне, ки аз ин гуна муҳаббати гиромидошт бенасиб аст, ҳеҷ гоҳ соҳибмаърифату соҳибмаънавият буда наметавонад. 
Чанде пеш дар хона машғули мутолиа будам. Рафиқе вориди хона шуд. Чун маро машғули мутолиа дарёфт, гуфт:
– Ӯзбакбой Раҳмонов, шумо ба нафақа баромада боз китоб мехонед? Он акнун чӣ фоида дорад? Кӯча бароед, пул кор кунед, мошин гиред!                                                                                         – Ана, ин насибаи имрӯзаи ман, – як қабза пулро нишон дода гуфт ӯ. Чизе нагуфтам.   
«Марзи хуршед» ном маҷмӯаи ашъори Абдулло Субҳон рӯйи мизам буд. Аз он байти зерро барояш қироат намудам:
Рӯзии мо каломи пур аз маънӣ низ ҳаст,  
Не ҳамчу дигарон ба шикам зиндаем мо.
Вале ҳоло мо на аз хусуси фарҳанг ва расму оинҳои ниёкон, балки дар боби забони модарӣ баҳсе дорем. Албатта, ин масъалаи нав нест. Гузаштагони мо дар ҳар давру замон аз ин хусус баҳс оростаанд, барои рушду такомул ва гиромидошти забони модарӣ саъю ҳаракат кардаанд. Соҳибзабононро ба нигаҳдошти покиву беолоишии забон талқин намудаанд. 
Забони модарии моро Малик уш-шуаро Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ равнақи тоза дод. Ба таъбире:
Каломи дарӣ з-ӯ ба анҷум расид,
Ба гӯшу дилу ҷони мардум расид.

Рӯдакӣ бо назми дарӣ дасторхон густурд, ки пур аз анвои маънавӣ буд. Сино он ҷо «Донишнома»-  ро пешниҳоди мардум кард. Фирдавсӣ гирди он дасторхони паҳну пурнеъмат аз назм қасре бунёд ниҳод, ки аз ҳодисоти табиӣ ҳеҷ гоҳ осеб набинад. 
Пай афкандам аз назм кохе баланд,
Ки аз боду борон наёбад газанд. 

Ва минбаъд маърифатпарварони мо он дасторхони паҳнову кохи баландро чунон аз анвои маънавӣ пур карданд, ки чун хуршед нур афканда, дилҳои торикро мунаввар намуд, онҳоро ба зиндагии пурғановат ва осудаву осоишта ҳидоят кард.
Пас сабаб чист, чаро ин забон бо маънавияти оламгираш баъдан ба як забони харобу вайрон  табдил  ёфт? Имрӯз вазъи забони тоҷикӣ дар ҳавзаи форсизабонони кишвари мо чӣ гуна аст?  Ошкоро бояд гуфт, дилгиркунанда! Забони гуфтугӯии мардум хеле хароб ва моломоли олоиш ва ё  омезиши зиёд бо забонҳои дигар аст. Ин ҷараён ибтидои асри XX оғоз ёфта буд. Таҳсили  ҷавонон дар Туркия, паҳншавии матбуоти туркӣ (тоторӣ) дар минтақа ва баъдтар «содакунии  забон» ҷараёни хароб ва вайроншавии забони тоҷикиро тезонид.
Камина таҷрибаи зиёда аз чилсолаи омӯзгорӣ дорам. Ҳамеша бо кӯдакону наврасон ва мардум сарукор кардаам. Мушоҳида намудаам ва баҳри ислоҳи онҳо дар ҳар дарс ба хонанда ва вақтҳои фориғ аз дарс бо омӯзгорон, ба хусус, бо омӯзгорони ҷавон баҳсу мунозира намудаам. Дар шакли вайрон талаффуз кардани калимаҳои тоҷикӣ касро нороҳат мекунад. Забони аксар омӯзгорон низ  дуруштиҳо дорад. 
Устод  Садриддин Айнӣ 25 августи соли 1924 дар «Овози тоҷик» навиштааст: «Ҳастии ҳар қавм ва миллат забони эшон аст. Ҳар қавме, ки рӯзнома надорад, гӯё ки забон надорад». Ҳақ аст устод. Аксар мардуми тоҷик ва тоҷикзабон, ҳатто, намедонанд, ки дар Ӯзбекистон рӯзномаҳои тоҷикӣ  табъу нашр мешаванд. Ин андешаро вазъи обуна ба рӯзномаҳо тасдиқ мекунад. Мактаб тоҷикист, сӣ-сию панҷ нафар коркун дорад. Қариб ҳамаи онҳо маълумоти олӣ доранд. Деҳа дорои беш аз  сад хонавода аст. Аз ин ҳама фақат се-чор нафар ба «Овози тоҷик» ва як ё ду нафар ба рӯзномаи «Ховар» обунаанд! Акнун худатон қазоват кунед! Дар ҳақиқат мо кам китоб мехонем ва ё умуман  намехонем. Мисоли дар боло зикршуда далели ин гуфтаҳост. Китоб чароғест дилҳоро мунаввар  мекунад, худшиносӣ ва ҳусни ифтихорро ташаккул медиҳад. Дар аксар ҷавонони мо эҳсоси ифтихор аз дирӯз ва имрӯзи халқи хеш намерасад. 
Чанде пас мавсими обуна анҷом меёбад. Соли равон чун солҳои пешин обуна «маҷбурӣ» нест. Бо вуҷуди ин, вазъи обуна ба рӯзномаҳои тоҷикии кишвар хушнудкунанда намебошад. Тааҷҷубовар аст, ки аз ин маъракаи муҳим ҳатто, омӯзгорони забон ва адабиёти тоҷик ҳам дурӣ меҷӯянд. Мо-соҳибзабонҳоро лозим аст, ки аз хоби гарони ғафлат бедор шуда, ба рӯзномаҳое, ки ба забони модарии мо нашр гардида, далели мавҷудияти тоҷикон дар кишваранд, дастҷамъона обуна  шавем. Зеро ба қавли устод Айнӣ «газетаҳо фикри халқро кушода, ӯро ба маданияту маориф ҳидоят мекунад», барилова худшиносиро ташаккул медиҳанд ва ба ёфтани роҳи ояндаи муштарӣ дар зиндагӣ кӯмак  мекунанд. Ба таъбири шоир Абдулло Субҳон:
Оқибат хурсандӣ ояд ғолибу пирӯзманд!

Ӯзбакбойи РАҲМОН,  
омӯзгори собиқадор.
Деҳаи Сойихурди ноҳияи Нурато.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: