ХАТИ НАВИ ОБИ ОШОМИДАНӢ

Мувофиқи маълумоти мавҷуда ҳоло ҳафтяки аҳолии кураи замин аз танқисии оби тоза азоб мекашанд.

 Боз дар якчанд кишварҳои олам норасоии об эҳсос мегардад. Дар мамлакати мо, хусусан дар вилояти Ҷиззах, аҳолӣ аз норасоии об мушкилӣ накашанд ҳам, ба сабаби куҳнагии қубуру дастгоҳҳои обгузор масъалаи оби тозаи ошомиданӣ ба миён омадааст.
Бинобар ин, Сарвари давлат Шавкат Мирзиёев зимни ташриф ба вилояти Ҷиззах, ки моҳи марти соли ҷорӣ ба амал омада буд, ба мутахассисон дастур дод, ки лоиҳаи аз ҳавзаи оби дарёи Зарафшон кашида гирифтан ва ба ҳудудҳои дурдасти аҳолинишини вилоят бурда расондани оби тозаи ошимиданиро тасдиқ намоянд ва дар ин бора қарор ҳам ба имзо расонд.
Мувофиқи ин лоиҳа ва баҳри иҷрои қарори Президент кашидани хати об аз дарёи Зарафшон оғоз ёфт. Аҳолии ноҳияҳои Ғаллаарал, Бахмал, Шароф Рашидов, Пахтакор, Дӯстлик ва Мирзочӯл минбаъд аз ин оби тоза истифода мебаранд. Масофаи умумии хати об 198 километрро ташкил медиҳад. Иншооти обтозакунӣ 16 ҳазор метр дарозӣ дошта, қодир аст, ки дар як шабонарӯз сад ҳазор литри куб обро тоза намояд. Дар ин хати об қубурҳои мустаҳкам мехобонанд. Сохтмони лоиҳаи номбурдаро бунёдкорони Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Когон нефтгаз энерго сервис» ба сомон мерасонанд. Дар ихтиёри онҳо зиёда аз шаст техникаи гуногуни замонавӣ қарор дорад ва ҳамеша дар ҳаракатанд. Ба коргарон манзили зист ва се маҳал таоми гарм муҳайё карда шудааст. Қимати умумии лоиҳа 468 миллиард сӯмро дар бар мегирад. Дар назар аст, ки соли ҷорӣ 48 миллиард сӯм маблағ аз худ мегардад. Инак, мутахассисон дар роҳи пиёда сохтани лоиҳае кор мебаранд, ки дар рӯзҳои наздик мардуми вилоят аз оби тозаи ошомиданӣ баҳраманд мешаванд.

Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Вилояти ҶИЗЗАХ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: