НАТИҶАИ НАЗАРРАСИ ГУФТУШУНИДҲО

онҳо ба некӯаҳволӣ хидмат хоҳанд кард

Тибқи иттилои дафтари матбуоти ҳокимияти вилоят таҳти сарпарастии узви Сенати Олий Маҷлис, ҳокими вилоят Шӯҳрат Ғаниев як гурӯҳ соҳибкорони фарғонагӣ аз Федератсияи Русия баргаштанд. Гуфта мешавад, ҳадаф аз ин сафар ба роҳ андохтани гуфтушунид ва имзои санадҳои ҳамкорӣ бо як қатор корхонаҳо ва соҳибкорони алоҳидаи минтақаи Русия мебошад. 
Ҳамчунин дар ҷараёни боздиду мулоқотҳо роҳандозии ҳамкориҳои манфиатбахши миёни соҳибкорони вилояти Фарғона ва соҳибкорону тоҷирони бархе аз минтақаҳои Русия, аз ҷумла Ҷумҳурии Бошқирдистон, шаҳри Оренбург беш аз пеш тавсеа додани ҳамкориҳо низ муҳокима гардиданд.
Бино ба ин манбаъ рӯзи аввали сафар  Шӯҳрат Ғаниев бо ноиби нахуствазир ва роҳбари дастгоҳи Ҳукумати Бошқирдистон Илшод Тоҷиддинов дидору гуфтугӯ кард. Ҷонибҳо баъди гуфтушунид ба тавофуқ расиданд, ки ба роҳ мондани ҳамкориҳои иқтисодӣ барои соҳибкорони ҳар ду самт хеле манфиатбахш мебошад.
Сафари ҳайати Фарғона бо диду боздидҳо ва мулоқотҳои пурсамари худ аз сафарҳои хеле хотирмону пурсамар арзёбӣ гардид. Маркази бисёрсоҳаи хидматҳои шаҳри Оренбург аз зумраи объектҳо шумурда мешудааст, ки мардуми зиёд аз хидмати он баҳра мебурдаанд. Бино ба гуфтаи директори он Александр Денисов  маркази онҳо ба аҳолии шаҳр ва атрофи он дусаду шасту ду намуди хидматҳоро мерасонад.
– Дар маркази тиббии микроҷарроҳии ба номи Фёдоров, хонаи Ҳукумати Оренбург ва маҷмӯи савдои «Локомотив» низ вохӯриҳои судманд ба анҷом расиданд. Губернатори вилояти Оренбург Юрий Берг   ҳокими вилояти мо Шӯҳрат Ғаниевро ба Форуми 8-байналмилалии «Оренбург–қалби Авруосиё» даъват кард. Баъд вайро ба маркази илмиву тадқиқотии асалпарварии Оренбург роҳбаладӣ кард. Тасмим гирифта шуд, ки дар масъалаи пажӯҳишҳои илмӣ ва ривоҷ додани асалпарварӣ олимон ва асалпарварони вилояти Оренбург бо ҳамтоёни фарғонагии худ аз наздик робитаҳои ҳамкориро ба роҳ хоҳад монд, – гуфт ба  ба мухбири «Овози тоҷик» узви ҳайат, сармуҳаррири рӯзномаи «Ферганская правда» Гулбаҳор Саидғаниева.
Дафтари матбуоти ҳокимияти вилоят мегӯяд, ки аъзои ин ҳайат бо таассуроти хуб ва натиҷаҳои пурсамар ба Фарғона баргаштанд. Гуфта мешавад, ки чунин сафар ва боздиду мулоқотҳои ҳокими вилоят ва соҳибкорони он дар минтақаҳои дигари Русия низ барномарезӣ шудаанд ва дар соли нав амалӣ хоҳанд шуд.

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: